Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими ба хоксупории маршал Муҳаммадқасими Фаҳим, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи сешанбе таҳти тадобири шадиди амниятӣ ва бо ҳузури даҳҳо тан аз шахсиятҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар Кобул баргузор шуд.

Пас аз намози ҷанозаи маршал Фаҳим, ки бо имомати Абдураб Расули Сайёф дар Кобул баргузор шуд, раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай оқои Фаҳимро як шахсияти бузурги ватандӯст номид. Дар маросими дафни муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ҳазорон тан аз мардум, ба шумули шуморе аз аъзои кобина, шахсиятҳои ҷиҳодӣ ва мақомҳои баландпояи дипломатии хориҷӣ иштирок доштанд. Ҷасади Муҳаммадқасими Фаҳим дар теппаи Бодомбоғи шаҳри Кобул ба хок супурда шуд.

Адиб Фаҳим, яке аз писарони маршал Фаҳим аз ҳукумати Афғонистон ва мардум ба хотири арҷгузорӣ ба шахсияти падараш сипосгузорӣ кардааст. Вай гуфт, ки маршал Фаҳим наҷоти ватанашро вобаста ба баргузории як интихоботи шаффоф дар кишвар медонист.

Бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, дар сурати марги муовинони раиси ҷумҳур, фарди дигаре бояд аз сӯи президент барои гирифтани раъйи эътимод ба порлумон муаррифӣ шавад. То ҳоло мушаххас нест, ки оқои Карзай киро ба унвони номзад муовинати аввали раёсати ҷумҳур барои гирифтани раъйи эътимод ба ин маҷлис муаррифӣ мекунад. Аммо шуморе аз наздикони Маршал Фаҳим ибрози умедворӣ кардаанд, ки бояд як шахси муносиб ва ҳамфикри вай ба унвони муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон баргузида шавад.

Ҳукумати Афғонистон се рӯзи маросими хоксупории Маршал Фаҳимро мотами умумӣ дар саросари Афғонистон эълом кардааст. Комиссияи олии баргузории ин маросим аз ҳамаи расонаҳо хоста то давоми се рӯзи мотами миллӣ пахши оҳангҳо ва барномаҳои мухолиф бо рӯҳияи мотам ва азодорӣ, худдорӣ кунанд.



Дар Тоҷикистон даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳимро талафоти сангине барои майдони сиёсати Афғонистони кунунӣ ва бахусус барои тоҷикони ин кишвари ҳамсоя ва ҳамзабон мешуморанд.

Фаҳим ва Раҳмон. Душанбе. 26 октябри соли 2011

Фаҳим ва Раҳмон. Душанбе. 26 октябри соли 2011

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як барқияи таслият ба ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай дар робита ба даргузашти ноиби аввали ӯ Муҳаммадқасими Фаҳим изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дар ин номаи таслият аз ҷумла омадааст:

«Ҷалолатмаоби мӯҳтарам,

Ба камоли ғуссаву ғам ва андӯҳи фаровон хабари даргузашти давлатмарди бузурги Афғонистони муосир, муовини аввали Раисҷумҳури кишвар, маршал Муҳаммадқасим Фаҳимро дарёфт намудам.

Шодравон Фаҳимхон аз шахсиятҳои бузурги таърихи навини Афғонистони мубориз буд ва дар сафҳои аввали ҷиҳод ва муқовимати мардуми қаҳрамони кишвар қарор дошт. Ширкати марҳум дар раванди эҳёи муҷаддади ҳамсоякишвари мо аз саҳми боризи ӯ дар пайкори озодӣ камтар набуд. Дар зеҳни тоҷикистониён ӯ ҳамеша чун дӯсти ҷонӣ, саҳмгузори тақвияти риштаҳои ногусастании дӯстии мардумони ду кишвар нақш бастааст. Ин аст, ки ёди поки ин марди некниҳоду нексиришт аз дилу дидаҳои ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанду аз наздик медонистанд, зудуда нахоҳад шуд…

Дар ин лаҳзаҳои сангин, ки мардуми Афғонистон талафоти ҷуброннопазире дидааст, хоҳишмандам таъзия ва тасаллияти амиқу самимии инҷониб ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро қабул фармоед. Ба хонаводаи шарифи шодравон, ёрону ҳамсангаронаш, тамоми аҳли ҷиҳоду муқовимат ва ҳамаи мардуми бародари Афғонистон расонидани ҳамдардии мо лутфи Шумо хоҳад буд.

Парвардигор марҳумро ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад. Маъвои охираташ пурнур бод!

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».


Қосимшоҳ Искандаров, афғонистоншиноси маъруф ва раҳбари Маркази низоъшиносии Тоҷикистон рӯзи 9 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ даргузашти маршал Муҳаммадқасими Фаҳимро талафоти сангине барои Афғонистон ва бавижа барои тоҷикони он кишвар унвон кард.

Генерал Саидамир Зуҳуров, вазири собиқи амнияти Тоҷикистон дар як тамоси кӯтоҳ ба Озодӣ аз даргузашти маршал Фаҳим изҳори андӯҳи амиқ кард: "Сад афсӯс. Сад афсӯс, ки боз як тоҷики дигар дар Афғонистон аз олам гузашт."

Муҳаммадқасими Фаҳим, ноиби раисиҷумҳури Афғонистон ва аз фармондеҳони собиқи муҷоҳидини афғон рӯзи 9 март аз олам чашм пӯшид. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ноиби раиси ин ҷумҳурӣ маршал Муҳаммадқасими Фаҳим рӯзи якшанбе, 9 март бо марги табиӣ аз дунё даргузашт. Муҳаммадқасими Фаҳим 56 сол дошт.

Ин фармондеҳи собиқи Эътилофи шимол аз соли 2009 ба ҳайси ноиби раисиҷумҳур дар давлати Ҳомиди Карзай кор мекард. Сухангӯи дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон Аймал Файзӣ гуфт, Фаҳим субҳи 9 март даргузашт. Файзӣ ҳамчунин хабар дод, ки ба ёди Муҳаммадқасими Фаҳим дар кишвар 3 рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

​Қосимшоҳ Искандаров дар мусоҳиба бо Озодӣ гуфт, "маршал Фаҳим як шахсияти хеле матраҳ ва муҳим дар майдони Афғонистон буд. Ӯ дар тамоми солҳои муборизаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар канори ӯ буд ва баъди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд аз ворисони асосии ӯву Бурҳонуддин Раббонӣ ба шумор меомад. Аз ин рӯ, марги маршал Фаҳим барои ҷонибдорони Аҳмадшоҳи Масъуд ва барои онҳое ки бо терроризми байналмилалӣ мубориза мекарданд, ин як фоҷиаи бисёр мудҳиш аст, зеро Фаҳим як шахсияти бисёр матраҳ буд дар ҷомиаи Афғонистон."

Қосимшоҳ Искандаров афзуд, "Фаҳим яке аз раҳбарони тоҷикони Афғонистон буд. Тоҷикҳо ба сухани ӯ гӯш медоданд ва агар мушкиле байни онҳову қавмҳои дигар ё бо ҳукумати марказии Афғонистон пеш меомад, аз ҷумла ҳамин Фаҳим буд, ки ин масъалаҳои пешомадаро ҳал мекард. Марги ӯ ҷуброннопазир аст, албатта, вале фикр мекунам, онгуна ки тоҷикони Афғонитсон баъди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳонуддини Раббонӣ тавонистанд муттаҳидтар шаванд, баъди марги маршал Фаҳим ҳамин гуна як бори дигар аз як гиребон сар хоҳанд баровард."


Ишораи ҳамсӯҳбати мо аз ҷумла ба интихоботи рӯзи 5 апрели раёсатҷумҳурии Афғонистон аст, ки дар он ба намояндагӣ аз Эътилофи собиқи шимол ва тоҷикони Афғонистон доктор Абдуллоҳ, аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд ва Муҳаммадқасими Фаҳим, худро номзад кардааст.

Муҳаммадқасими Фаҳим аз ёрони наздики фармондеҳи машҳури афғон Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Баъди кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд дар як сӯъиқасд дар таърихи 9 сентябри соли 2001 раҳбарии Эътилофи шимол, ки нирӯҳои зидди режими Толибон дар шимоли Афғонистонро муттаҳид мекард, маҳз ба дасти Фаҳим гузашт.

Mohammad Qasim Fahim

Mohammad Qasim Fahim

Фаҳим, Муҳаммадюнуси Қонунӣ ва доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ - се раҳбари аршади Эътилофи шимол - дар музокироти поёни соли 2001 дар Бонни Олмон дар амри ба қудрат овардани Ҳомиди Карзай баъди суқути режими Толибон нақши калидӣ бозӣ карданд. Дар ҳукумати аввали Карзай доктор Абдуллоҳ вазири хориҷа, Қонунӣ - вазири умури дохила ва Фаҳим - вазири дифоъ шуданд. Фаҳим аз сӯи Карзай ҳатто унвони маршал - баландтарин унвони низомӣ дар артишро ба даст оввард. Вале баъдан муносиботи онҳо каме ба сардӣ гароид ва ҳарсе намояндаи Эътилофи шимол паиҳам аз ҳукумати Карзай рафтанд.

Дар ин миён дар Афғонистон интиқодҳое аз ҷангсолорони собиқ, бо шумули маршал Фаҳим баланд шуд ва ӯро аз ҷумла ба фасоди идорӣ, забти заминҳои зиёд дар пойтахт, шаҳри Кобул, ва хилофкориҳои дигар ҳам айбдор карданд. Муҳаммадқасими Фаҳим ин иттиҳомотро ҳамеша рад мекард.

Дар соли 2009 Ҳомиди Карзай ба хотири ҷалби пуштибонии бештар дар миёни тоҷикҳои Афғонистон дар интихобот Муҳаммадқасими Фаҳимро ноиби худ гирифт. Карзай дар он райъгирӣ, ки ба бовари мунтақидон, пур аз тахаллуф ва дасткорӣ буд, бар доктор Абдуллоҳ, яке аз ёрони пешини Фаҳим, ғолиб омад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG