Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издивоҷи "Мулло Собир" бо ноболиғ боиси барканории раис шуд


Раҳматулло Юсуфов, раиси ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ аз мақомаш барканор ва нисбати вай парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Рӯзи душанбеи 8 июл дар ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Восеъ эълон шуд, ки раиси ҷамоати Тугараки ин ноҳия аз мақомаш сабукдӯш мешавад.


Масъулони ҳукумати ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид карда ва гуфтанд, ки "ҷаноби Юсуфов барои ҷой доштани қонуншиканӣ дар фаъолияти ҷамоати Тугарак ба чунин ҷазое сазовор дониста шудааст".

Ин масъулон мавориди сурат гирифтани никоҳҳо бо нобилиғонро, ки қонун манъ кардааст, далели ин амр нисбати Раҳматулло Юсуфов унвон кардаанд.

Раиси ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ дар ҳоле аз мақомаш барканор ва нисбаташ парвандаи маъмурӣ боз шудааст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти рӯзи панҷшанбе бо рӯҳониёни кишвар, аз мизони ҷинояткорӣ миёни рӯҳониён дар маҳаллҳо ба шиддат ибрози нигаронӣ кард ва аз аъмоли Собир Гиёеви 34-сола сокини ноҳияи Восеъ, ки ӯро мардум бо лақаби “Мулло Собир” мешиносанд, ёддовар шуд.

Ба таъкиди раиси ҷумҳур, "Мулло Собир" бо як зан издивоҷ мекунад ва пас аз чанд муддат духтари хурдсоли ин занро, ки аз ӯ 22 сол хурд, яъне ноболиғи 12-сола мебошад, ба никоҳи худ дароварда, ба ҳамин роҳ ҷиноят содир кардааст ва аз рӯи парвандаи ӯ ҳоло тафтишот идома дорад."

Ин ҳам дар ҳоле, ки Раҳматулло Юсуфов қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки " масъулони ҷамоат аз ин амали "Мулло Собир" огоҳ набуданд ва мебоист мақомот онҳоро дар ҷараён мегузошт".
XS
SM
MD
LG