Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе идораҳои ақди никоҳ дар Тоҷикистон рӯзҳои чоршанберо “Рӯзи никоҳи зиндониён” эълон кардаанд. Имсол танҳо дар ду зиндони Душанбе 62 ҷуфт ақди никоҳ бастаанд.

Масъулони идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) мегӯянд, ҳар рӯзи чоршанбе дар маҳбасхонаҳо даҳҳо ҷуфтро ақди никоҳ мебанданд. Бисёрии маҳбусон, тавре бармеояд, арӯсони худро аз тариқи телефон ё Интернет пайдо кардаанд.

Зарнигори 31-сола, як сокини шаҳри Душанбе низ дар яке аз рӯзҳои чоршанбеи моҳи ноябр бо шавҳараш, ки дар зиндони рақами 1-и Душанбе адои ҳукм мекунад, ақди никоҳ бастанд. Маросими ақди никоҳи Зарнигор бо шавҳараш ба фарқ аз дигарон бидуни иштироки волидайну дӯстон ва пӯшидани пироҳани арӯсӣ баргузор шуд. Агар ҳангоми ақди никоҳ маъмулан дӯстони домоду арӯс шоҳид гузаранд, дар тӯи Зарнигору шавҳараш муовини раиси зиндони 1-и Душанбе шоҳид шудааст.

Зарнигор рӯзи 25-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯву шавҳарашро шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ба ҳам пайваст. Онҳо як соли пеш бо ҳам ошно шуда ва ҳамдигарро дӯст доштаанд. Шавҳари Зарнигор, ки 33 сол дорад, панҷ сол инҷониб дар маҳбас буда, қарор аст, соли оянда ба озодӣ барояд. Ба нақли Зарнигор, шавҳараш панҷ соли пеш бо ҷурми қаллобӣ зиндонӣ шудааст.

Зарнигор мегӯяд, ӯ қаблан ду маротиба - дар синни 21 ва 26-солагӣ фотиҳа шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун хонадорияш ба ҳам зад ва то имрӯз дигар касе хостгораш нашуд. Бо ин далел ҳарчанд шавҳараш маҳбус ҳам бошад, барои ин ақди никоҳ розӣ шуд ва умед дорад, ки баъди як соли дигар канори ҳам умр ба сар мебаранд. Ин ҷавонзан мегӯяд, баъди никоҳ ҳамагӣ ду маротиба бо шавҳари зиндониаш мулоқот доштааст.

Меъёри ақди никоҳ дар чаҳорчӯби қонунгузориҳои Тоҷикистон миёни шаҳрвандони мулкӣ ва маҳбусон фарқ мегузорад. Ҳангоми ақди никоҳи сокинони мулкӣ розигии волидон пурсида намешавад, аммо дар маҳбасҳо барои зиндониён пурсидани назари падару модари домоду арӯс ҳатмӣ мебошад.

Зарнигор мегӯяд, пеш аз он ки бо шавҳараш ҳам никоҳи мусалмонӣ ва ҳам расмиро дар зиндон анҷом диҳанд, ӯву шавҳараш сараввал ба номи сардори муассисаи ислоҳӣ ва раиси идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза навиштаанд. Баъди гирифтани ризоияти хаттии волидони ҳарду ҷониб Сарраёсати муассисаҳои ислоҳӣ иҷозаи ақди никоҳро ба онҳо додааст.

Як масъули Сарраёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон бидуни зикри номаш ба Озодӣ дар шарҳи зарурати розигии волидони арӯсу домод гуфт, на ҳамеша волидон розианд, ки духтарашон бо як зиндонӣ никоҳ кунад. Ё гоҳо пас аз ақди никоҳ вақте зан ба хонаи мард меравад, волидони маҳбус даъво мекунад, ки ин занро мо намешиносему намедонем, чаро бидуни ризоияти онҳо писарашон хонадор шудааст?

Як зиндонии дигари 40-сола аз маҳбаси бо номи “Кирпичный”-и шаҳри Ваҳдат, ки номашро шартан Алӣ гуфт, дар сӯҳбати телефонӣ ба Озодӣ гуфт, аз бастани ақди никоҳаш ҳудуди се моҳ мешавад. Алӣ барои як умр бояд дар зиндон бимонад, зеро бо ду ҷурм - куштор ва хариду фурӯши маводи мухаддир - ба миқдори зиёд маҳкум ба ҳабси абад шудааст. Ӯ ҳамсари қаблиашро барои он ки гӯё бо дигар кас хиёнат карда бошад, қатл кардааст. Ҳамсари нави Алӣ 37 сол дошта, ӯ низ маротибаи дуюм оиладор шудааст.

Алӣ мегӯяд, қабл аз он ки онҳо ақди никоҳ бубанданд, ду сол бо ҳам ҳам тариқи телефон ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ сӯҳбат мекарданд: “Аксашро дар интернет дида, ошиқаш шудам. Вақте барояш пешниҳоди издивоҷ кардам, розӣ шуд. Масъули хонаи ақди никоҳ омад ва дар толори зиндон ҳам никоҳи мусалмонӣ кардем ва ҳам ЗАГС. Баъди никоҳ арӯс ду рӯз наздам истод ва баъд рафт.”

Агарчи зиндониён ақди худро асосан бидуни либосҳои арӯсӣ анҷом медиҳанд, аммо ҳамсари Алӣ барояш шиму костюм овардааст ва онҳо бо либосҳои ба истилоҳ тӯёна никоҳ кардаанд.

Латофат Шерова

Латофат Шерова

Латофат Шерова, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе, ки ҳар рӯзи чоршанбе зиндониёнро расман никоҳ мекунад, мегӯяд, онҳо қариб ҳар ҳафта як ё ду ҷуфтро хонадор мекунанд. Ба қавли хонум Шерова, дар соли ҷорӣ онҳо 36 ҷуфтро дар зиндони яки Душанбе расман зану шавҳар эълон кардаанд. Ӯ мегӯяд, дар миёни онҳое, ки дар зиндон маросими хонадоршавияшонро баргузор мекунанд, хонумҳои ҷавони синни 18 то 20-сола камтар ба назар мерасад. Маъмулан занҳое дар зиндон ақди никоҳ мебанданд, ки синнашон аз 27 болост: “Баъзеҳо бо телефону интернет ошно мешаванд. Баъзеи дигар қаблан никоҳи мусалмони дошта, барои бидуни мушкил назди шавҳарашон даромадан никоҳи давлатӣ низ мекунанд.”

Ба қавли ин масъули идораи ақди никоҳ, онҳое, ки дар зиндон бори аввал оиладор мешаванд, ақди никоҳашон бо тантана баргузор карда мешавад ва аксар вақт раҳбари зиндон худ ба ҳайси шоҳид мегузарад.

Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2015 танҳо дар ду маҳбаси шаҳри Душанбе 62 ҷуфт ақди никоҳ бастаанд. Тавре гуфта мешавад, шумораи никоҳҳо дар зиндон дар қиёс ба соли гузашта се маврид бештар шуда, бисёре аз домоду арӯсҳо тариқи интернету телефон бо ҳам ошно шудаанд. Дар баъзе мавридҳои дигар ҷавононе, ки баъди фотиҳа, вале қабл аз арӯсӣ зиндонӣ шудаанд, никоҳи худро инҷо расмӣ кардаанд.

Аммо тавре аз ҳукумати шаҳри Норак ба Озодӣ гуфтанд, дар ду соли охир дар зиндони занонаи Норак ягон ақди никоҳ сабт нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG