Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз 1 июл писару духтари амак, фарзанди тағо, амма, хола, хулоса онҳое, ки хешу табори наздик ҳисоб мешаванд, дигар наметавонанд бо якдигар издивоҷ кунанд. Қонуни нави оила баъди ду рӯз ҳукми иҷро мегирад ва дар баробари манъи издивоҷи хешони наздик ҳамчунин гузаштан аз муоинаи тиббиро барои арӯсу домод ҳатмӣ мекунад.

Бахше аз шаҳрвандон аз қонунӣ шудани манъи издивоҷи хешутабор истиқбол карданд, аммо бахши дигар онро дархолат ба умури хонаводаҳо мешуморанд. Онҳое, ки ба издивоҷ бо писари тағо ва ё духтари хола бартарӣ медоданд, осемасар ақди никоҳ бастанд, то баъди ду рӯзи дигар таҳти таъқиби қонун қарор нагиранд.

Манзура, як сокини Душанбе тоза шоҳиди чунин як арӯсӣ дар ноҳияи Ашт шудааст. Вай аз тӯи хоҳарзодааш аз Ашт баргашт ва мегӯяд, бори аввал аст, ки ӯ дар моҳи Рамазон дар маросими арусӣ ширкат мекунад. Далели саросемагӣ дар баргузории ин тӯйро Манзура қонуни манъи никоҳи хешутаборӣ унвон мекунад. Дар Тоҷикистон маъмулан баргузории ҷашни арӯсӣ дар моҳи Рамазон, ки фурсати рӯзаву намоз мегӯянд, манъ аст.

Манзура мегӯяд хоҳарзодааш бо писари амааш ду сол дар фотеҳа буданд ва агар ками дигар дер мекарданд издивоҷашон бар асоси тағйироти нав дар Кодекси оила номумкин мешуд. Ҳамин тавр онҳое ҳам, ки барои баргузории тӯю маросими издивоҷ дар моҳи Рамазон имкон наёфтанд, талош карданд ҳадди аққал то замони ба иҷро даромадани қонун никоҳи расмӣ кунанд. Ин гурӯҳ бо хатти никоҳ метавонанд ҳар вақти дигар маросими издивоҷи худро барпо кунанд.

Як манбаъ аз Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ниҳод дар як моҳи охир аризаи чор нафарро, ки мехостанд издивоҷ кунанд, ба таъхир андохт. Як мақоми идораи сабти никоҳҳо шарҳ дод, ки он ҷуфтҳои ҷавон бо ҳам пайванди хешутаборӣ доштанд ва талош мекарданд то ба ҳукми иҷро даромадани қонун оила барпо кунанд.

Талошҳо барои баргузории тӯю никоҳҳо то якуми июл ва ҳатмӣ шудани манъи никоҳи хешутаборӣ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон соли гузашта никоҳҳои хешутабориро барои генофонди миллӣ як хатар хонда, маъракаи густурдаеро бар зидди он шурӯъ карданд. Дар ин муддат тариқи расонаҳо гузоришҳо дар мавриди паёмадҳои бади никоҳҳои хешутаборӣ ва қиссаҳои атфоли маъюб нашр шуд.

Аммо бо ин ҳам бар асоси маъмулоти Оҷонсии омори Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ идораи сабти никоҳҳо дар кишвар 60 ҳолати никоҳи хешутабории ҷавононро сабт карданд. Аз ин 51 издивоҷ ба минтақаи шимоли Тоҷикистон рост меояд. Аз хонаи ақди никоҳи вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, хешутабории онҳо бар пояи санҷиши санадҳои домоду арӯс муайян шудааст. Ҷомеашиносон мегӯянд, кӯшишҳои мақомот дар ин росто то ҷое натиҷаи мусбат додааст.

Абдумудассир Аҳмадзода, рӯзноманигоре, ки бештар дар масоили хонаводагӣ матлаб менависад, чанд рӯз қабл шоҳиди чунин як ҳодиса буд, ки мақомот никоҳи хешутабории байни як ҷуфти ҷавонро пешгирӣ карданд. Вай бо нақл аз ин ҳодиса, ки дар шаҳри Панҷакент руй додааст гуфт, “ин ду ҷавон ки духтари тағо ва писари амма буданд, мехостанд туи худро то 1 июл баргузор кунанд, аммо мақомот ба онҳо иҷозат надоданд”.

Баҳси манъи никоҳҳои хешутаборӣ ҳудудан ду сол боз дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷараён дорад. Сокинони Тоҷикистон ба сурати умум хатари никоҳҳои хешутабориро дарк мекунанд, аммо ба назар мерасад, осону ихтиёрӣ аз он даст кашиданӣ нестанд. Бо назардошти ин далел, ки беш аз 30 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар фақр ба сар мебарад ва имкони додани маҳру харидани ҷиҳозу барпо кардани тӯйро надоранд, талош мекунанд, фарзандонро бо фарзандони хоҳару додари худ хонадор кунанд.

Аз сӯи дигар, ин ақида ҳам дар зеҳнҳо ҷо дорад, ки издивоҷ бо хешутабор суботи оилаҳои ҷавонро таъмин мекунад. Сабаби дигар - бегона нашудани пулу дороист ва баъзе хонаводаҳо ба ин хотир ба издивоҷҳои хешутаборӣ тарҷеҳ медиҳанд.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 28 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як банди дигари Кодекси нави оила, ки аз 1 июл ҳукми иҷро мегирад, мамнӯъ будани никоҳ “байни шахсонест, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд". Вай гуфт, ки қоидаҳои муоинаи тиббӣ ҳанӯз тасдиқ нашудааст, вале дар идораи сабти ақди никоҳ аз ҷавонон санади ташхиси тиббиро талаб мекунанд, ки бемории сироятӣ надоранд ва ё хунашон бо хуни ҳамсар ва ё завҷаи оянда ҳамсон нест.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Раҳматуллоев, муайян кардани издивоҷи ҷавононе, ки равобити хешутаборӣ доранд, ҳанӯз ҳам як мушкил боқӣ мондааст: “Барои мисол, бубинед вақте аз Бадахшон ба шаҳри Ваҳдат арӯс меоранд, онҳо хешутабор ҳастанд, вале кӣ онҳоро муайян мекунад, ки хешутабор ҳастанд? Ин, албатта, мушкил аст. Ман худ дар танҳоӣ ба 60 ҷавон оқибатҳои никоҳҳои хешутабориро фаҳмондам, ки онҳо аз тасмимашон даст кашиданд”, - мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи ин масъули вазорати тандурустӣ, барои пурра аз байн бурдани ин мушкил бояд дар мактабҳо миёни толибилмон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, танҳо нафаре метавонад ин мушкилро ҳал кунад, ки дар фикри оилаи солим ва фарзандон солим аст. Дар Тоҷикистон шумори кӯдакони маъюб, ки ба гуфтаи мақомот бинобар никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд, зиёд мушоҳида мешавад.

Мизони аз ҳама баланди кӯдакони маъюб, ки аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд, дар вилояти Суғд нисбат ба манотиқи дигар бештар буда аз ҳудудан панҷ ҳазор кӯдаки маъюб дар ин минтақа, 60 дар сад аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииТоҷикистон теъдоди кӯдакони маъюб дар кишвар марзи 26 ҳазорро убур карда, 35 дар сади онҳо “маҳсул”-и издивоҷҳои холабачаву духтари амма будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG