Пайвандҳои дастрасӣ

Омори расмӣ нишон медиҳад, бисёре аз ҷуфтҳои ҷавон ҳатто як сол бо ҳам зиндагӣ намекунанд ва аз ҳам ҷудо мешаванд.

Дар Тоҷикистон баръакси кишварҳои дигар хонаводаҳо на баъд аз чандин соли зиндагӣ ва "сер шудан аз ҳамдигар", балки дар соли аввал аз ҳам мепошанд.

Асила (ном иваз шудааст), духтари 19-сола аз ноҳияи Қумсангир, бо шавҳари ҷавонаш як сол зиндагӣ накард, зеро ба хусуру хушдоман маъқул нашуд ва онҳо аз писарашон хостанд, ӯро талоқ диҳад. Шавҳараш ҳам гапи волидонашро рад накард.

Ин зани ҷавон дар хонаи волидон рӯзи хуш надид ва ба Душанбе барои кор омад, то аз роҳи танфурӯшӣ рисқашро пайдо кунад. Аз як шаҳрванди Афғонистон тифле ба дунё овард, вале ӯ низ Асиларо бо фарзандаш гузошта рафт ва Асила кӯдаки 8-моҳаашро танҳо гузошта, танфурӯшӣ мекард. Дар иваз мизоҷонаш ба ӯ гоҳе "Малютка" ваё шири кӯдак мехариданд.

Асила моҳи августи соли 2012 Фотимаи 8-моҳа ва беморро танҳо гузошта ба танфурӯшӣ рафт ва ҷасади Фотимаро, ки чанд ҷойи баданашро зоҳиран саг канда буд, ҳамсояҳо ёфтанд. Асиларо баъди ду рӯзи марги фарзанди навзодаш маъмурони милиса дастгир карданд. Ташхиси тиббӣ нишон дод, Фотима аз гуруснагӣ ва илтиҳоби шуш фавтидааст.

Асила барои ин рафтор ба 2 соли зиндон маҳкум шуд. Ин фоҷиа, ба гуфтаи ҷомеашиносони тоҷик, яке аз паёмадҳои издивоҷи зуд ва хонавайронии зуд дар ин айёми хуши зиндагӣ дар байни ҷавонони Тоҷикистон аст.

Омори расмӣ нишон медиҳад, бисёре аз ҷуфтҳои ҷавон ҳатто як сол бо ҳам зиндагӣ намекунанд ва аз ҳам ҷудо мешаванд. Масалан, танҳо дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бештар аз нисфи ҷуфтҳое, ки соли гузашта аз ҳам ҷудо шудаанд, ҳадди аксар то 3 сол бо ҳам зиндагӣ кардаанд. Дар муддати соли 2014, дар Ёвон 151 хонаводаи аксаран ҷавон бо ҳукми додгоҳҳо аз ҳам ҷудо шудаанд ва аз ин ҳисоб 42 хонавода, яъне тақрибан 30 дарсади онҳо ҳатто як соли расо бо ҳам набудаанд. Аксарияти ин ҷуфтҳои ҷудошуда 20-сола ҳам набудаанд.

Шодмон Ализода, раиси додгоҳи Ёвон баъди омӯзиши тамоюли ҷудошавӣ дар ин ноҳия, навиштааст, сабабҳои дар айёми беҳтарини зиндагӣ аз ҳам пошидани хонаводаҳо омода набудани онҳо ба оиладорӣ, таъсири манфии калонсолон, бахусус падару модар ва хусуру хушдоман ва ҳам надонистани ҳуқуқашон аст. Дар ҷараёни муҳокимаҳои додгоҳӣ дар Ёвон маълум шудааст, ҳарчанд бисёре аз ин ҷуфтҳо ба ҳам меҳру муҳаббат дошта ва ошиқи якдигар будаанд, вале 52 дарсадашон бинобар дахолати зиёди волидон ночор аз ҳам ҷудо шудаанд.

Ба навиштаи Шодмон Ализода дар торнамои расмии додгоҳи ноҳияи Ёвон, бинобар сабаби таъсири манфии калонсолон, "махсусан падару модар ва хусуру хушдоман" додгоҳҳои Ёвон 78 никоҳро бекор кардаанд. Ингуна омори умумӣ аз тамоми кишвар дастрас нест, вале ба гуфтаи ҷомеашиносон айни вазъро дар ҳама гӯшаҳои кишвар мушоҳида мекунед.

Ба гуфтаи Шодмон Ализода, калонсолон бисёр вақт ба ҷойи омӯхтан ва ҳидоят кардан ба зиндагии мустақилона, "зиндагиашонро талху ноором ва оилавайрон мекунанд". Марҳабо Зунунова, раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Оила ва никоҳ” мегӯяд, ин гуфтаҳо воқеият доранд, вале дигар ҷанбаҳоро низ бояд ба инобат гирифт:

"Баъзан вақт, калонсолон беш аз ҳад дахолат мекунанд, вале баъзан онҳо дуруст эрод мегиранд. Дар насли мо волидон насиҳат мекарданд, ки бо калонсолон, ё бо хушдоман бояд ҷанҷол накунед, ислоҳ шавед, ё ҳадди ақалл тоқат кунед, вале ҳоло ба ҷавонон инро тамоман намегуянд. Ба онҳо насиҳат намекунанд, ки тоқат кунед, ислоҳ шавед. Ба фикри ман волидон бепарво шудаанд,"-гуфт ӯ.

Раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон ҳамчунин дар таҳлили тамоюли аз ҳам пошидани хонаводаҳо дар ин ноҳияи тақрибан 200 ҳазорнафарӣ навиштааст, муҳоҷирати корӣ яке дигар аз сабабҳои ҷудо шудани ҷуфтҳои ҷавон аст. Ба навиштаи Шодмон Ализода, "дар баъзе мавридҳо падару модарон писарони навхонадори худро ба ҷои шароит фароҳам овардану ба ҳаёти мустақилона водор сохтан ба манбаи даромади тамоми хонавода табдил дода, ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон мекунанд, ки ин гуна ҷавонон мӯҳлатҳои тӯлонӣ дур аз ҳаёти зану шавҳарӣ ва оиладорӣ меҳру муҳаббаташон нисбат ба зан ва оила кам шуда масъулияташон нисбат ба оила аз байн меравад ва дар натиҷа бо таъсири манфии боз ҳамон падару модар оилавайрон мешаванд."

Бино ба гузоришҳо, дар Тоҷикистон мумкин аст, аз 50 то 80 ҳазор зане зиндагӣ мекунанд, ки шавҳаронашон онҳоро танҳо гузошта ва дар Русия оила барпо кардаанд ва ҳеҷ майли баргаштан ҳам надоранд. Башиддат зиёд шудани талоқ дар Тоҷикистон ҳукуматро маҷбур кард, соли 2015-ро соли оила эълон кунад.

Соли 2014 дар кишвар 95 ҳазору 500 ақди никоҳи сабт кардаанд ва аз ин миён 9 ҳазор ҷуфт аз ҳамдигар ҷудо шудаанд, ки нисбат ба соли 2013 9,5 дар сад зиёд аст ва ҳамингуна ҳазорон кудаки дигари тоҷик нимаятим мондаанд. Ҳоло дар саросари кишвар маъракаҳои тарғиботие барои ҳифзи оилаву оиладорӣ ба роҳ мондаанд, ҳарчанд таваҷҷӯҳи зиёд ба издивоҷҳои хешутаборӣ равона шудааст, ки онро Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон як зуҳуроти манфӣ номид ва аз мақомот хост, пеши роҳашро бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG