Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо фармони Каримов. Манъи издивоҷи духтарон то синни 20


Президенти Узбакистон амр кардааст, ки духтаронро то синни 20 ба шавҳар надиҳанд. Ҳоло дар ин кишвар маъракаи зидди никоҳҳои барвақтӣ авҷ мегирад.

Дар пайи як суханронии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар ин кишвари Осиёи Марказӣ маъракаи густардае алайҳи никоҳҳои барвақтӣ дар ҳоли авҷ гирифтан аст. Каримов ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафараш ба вилояти Намангон даъват кард, то духтаронро то синни 20 ба шавҳар надиҳанд.

Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, дар пайи ин кобинаи вазирон ба таври оҷил бастаи чорабиниҳо ба манзури иҷрои амри Каримов ҷиҳати пешгирӣ аз никоҳҳои барвақтиро таҳия карда истодаанд. Аз ҷумла дар вилояти Намангон ҳар рӯз ба ин манзур чорабиниҳои вижа доир мешаванд.

Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, «алакай як рӯз баъд аз боздиди президент Кумитаи занон, маркази «Оила», ҳаракати ҷавонон «Камолот» ва чанд созмони дигар мулоқотҳо бо духтарони толибилмро ташкил карданд. Ин мулоқотҳо дар ҳар ноҳияву маҳаллӣ доир мешаванд. Духтаронро дар ин мулоқотҳо аз паёмадҳои манфии никоҳҳои барвақтӣ огоҳ мекунанд.»

Гуфта мешавад, чунин чорабиниҳо дар вилоятҳои дигари Узбакистон низ шурӯъ шудаанд.

Дар солҳои охир масъалаи никоҳҳои барвақтии духтарони узбак ба яке аз мавзӯъҳои вирди забони Ислом Каримов табдил ёфтааст. Вале ӯ зимни сафараш ба Намангон масъаларо ба таври шадид дар миён гузошт ва аз додситонӣ хост, то мавзӯъҳои никоҳҳои барвақтиро зери назорат бигирад: «Додситонҳои ноҳияҳо бояд ба ин таваҷҷӯҳ кунанд. Ин дар қонунҳои мо низ гуфта шудааст. Агар мардум нафаҳманду боз ҳам дар шавҳар додани духтаронашон шитоб кунанд, бояд ба онҳо фаҳмонем.»

Аммо Ислом Каримов дар ҳоле аз ғайриқонунӣ будани издивоҷи духтарон то синни 20 ҳарф мезанад, ки дар моддаи 15-уми Кодекси оилаи Узбакистон синни издивоҷ барои мардон аз 18 ва барои занону духтарон аз 17-солагӣ нишон дода шудааст. Ин банди қонун ҳамчунин дар шароити хос аз синни 16 ба шавҳар додани духтаронро низ иҷозат медиҳад.

Бо ин вуҷуд ба кумитаҳои маҳаллаҳо – як ниҳоди худидораи маҳаллӣ дар Узбакистон дастур додаанд, ки аз ин ба баъд ба арӯсии духтарони 18-у 19-сола роҳ надиҳанд. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, ҳоло аз ҳар кумитаи маҳалла тақозо мешавад, то барои намоиши чӣ андоза пурзӯр шудани муборизаашон бо никоҳҳои барвақтӣ дар бораи шумораи тӯйҳои арӯсие, ки онҳо пешгирӣ кардаанд, ҳисобот диҳанд.

Ҳамин тавр ҳукумати вилояти Намангон ба мақомоти маҳаллӣ амр додааст, то рӯйхати хонаводаҳоеро, ки мехоҳанд духтаронашонро ҳанӯз то синни 20 ба шавҳар бидиҳанд, таҳия кунанд. Ба ин хонаводаҳо «машварат» медиҳанд, ки арӯсии фарзанди худро ягон сол ақиб партоянд. Манбаи Озодӣ мегӯяд: «То ҳол ба донишҷӯёни солҳои аввалу дуюм шавҳар кардан манъ шуда буд. Ҳоло донишҷӯёни соли сеюмро низ аз издивоҷ манъ кардаанд.»

Фармон аз боло ҷиҳати пешгирӣ аз издивоҷи духтарони то синни 20-ро дар Марғелон, яке аз шаҳрҳои аҳолиаш муҳофизакор дар вилояти Фарғона низ тасдиқ мекунанд. Узви як кумитаи маҳалла дар Марғелон гуфт, дар ин шаҳр дар чанд моҳи охир тӯйи арӯсии 25 духтари синнашон 18-18-соларо пешгирӣ кардаанд: «Акнун фармон омад, ки духтаронро то синни 20 ба шавҳар надиҳанд. Президент гуфтааст, «духтаронро барвақт шавҳар надиҳед ва агар хоҳиши маро бипазиред, як умр аз шумо миннатдор мешавам. Мо ин корро мекунем, то сухани президентамонро дар замин намонем.»

Умеда Аҳмадова - коршиноси узбак дар Тошканд мегӯяд, масъалаҳои арӯсиҳои барвақтиро аз ин роҳ ҳал намекунанд: “Дар водии Фарғона, ба хусус дар Намангону Қуқанд ва Марғелон ҳанӯз дар давраҳои Шӯравӣ аз расму оинҳои оиладории қадим истифода мекарданд. Онҳо бештар ба шариат пойбанданд. Ин сарнавишти одамон аст. Писару духтар мехоҳанд оиладор шаванд ва ё оилаҳо тасмим гирифтаанд, ки фарзандони худро хонадор кунанд. Вале духтар ба синни 20 надаромадасаст. Пас чӣ кор кунанд? Маросими арӯсиро бекор кунанд?”

Кумитаи занони Узбакистон дар соли 2012 пешниҳод карда буд, ки синрни ҳадди ақали издивоҷро барои духтарон то 18 боло баранд, вале ин пешниҳод он вақт пазируфта нашуд. Ҳоло издивоҷи духтаронро дар Узбакистон амалан то синни 20 манъ кардаанд. Аммо маълум нест, ки оё ин ҳамчун муқаррарот ба Кодекси оила шомил карда хоҳад шуд ё на?

XS
SM
MD
LG