Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони парлумони Тоҷикистон гузоштани номҳои “бегона” ва никоҳи хешутабориро манъ карда, интихоби тахаллусҳое мисли "тӯра"-ву "мулло"-ро яке аз сабабҳои тафриқаандозӣ дар кишвар донистанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – рӯзи 13 январ бо ислоҳи қонун "Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" гузоштани номҳои "бегона" ва изофа кардани тахаллусҳое монандаи "мулло", "тӯра", "шайх", "сӯфӣ" ва "халифа"-ро ба номи сокинон манъ карданд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳи ин ислоҳот гуфт, ки чунин тахаллусҳо бештар боис ба тафриқаандозӣ дар ҷомеаи кишвар мешаванд.

Дар ҳамин замина ҳангоми ворид кардани ислоҳот ба қонун "Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” гузоштани номҳои бегона ба фарзандон манъ гардид. Қаблан, Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон эълон кард, ки феҳристи 4 ҳазор номи миллиро таҳия ва барои чоп пешниҳод кардааст, ки кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва волидон метавонанд аз он барои фарзандон ном интихоб кунанд.

Вале Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон, 13 январ гуфт, ки аммо одамон метавонанд бо ин феҳрист маҳдуд нашуда, барои фарзандонашон номҳои дигареро, ки ба фарҳанги миллии тоҷикон муввофиқанд, интихоб кунанд.

НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ МАНЪ ШУД

Вакилони Маҷлиси намояндагон бо ворид намудани тағйирот дар моддаи 15 Кодекси оила, муоинаи ҳатмии тиббӣ пеш аз бастани акди никоҳро ҳатмӣ донист ва бар асоси моддаи 14, никоҳ байни хешу табор мамнӯъ гардид. Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода дар иҷлосияи рӯзи 13 январи парлумон, тарҳи тағйиру иловаҳоро муаррифӣ кард.

Ба ин тартиб, шурӯъ аз моҳи июли соли равон агар тарафҳо қабл аз никоҳ аз ташхиси тиббии пешакӣ нагузаранд, бастани ақди никоҳ иҷозат дода намешавад

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло тибқи омори расмӣ 25 ҳазору 328 нафар кӯдакони маъюби то 18-сола дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва 30-35 дарсади онҳо дар пайи никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд.

АЗ ПЕШНИҲОДИ АМИРШОЕВА ТО...

Пешниҳоди манъи никоҳҳои хешу таборӣ нахуст аз аз сӯи собиқ вакили порлумон Саодат Амиршоева садо дода буд. Аммо он замон мақомот ба ин пешниҳод чандон вокуниш нишон надоданд. Вале баъд аз он ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузаштааш ба парлумон аз саҳнаҳои дидааш дар мактаб-интернати кӯдакони маъюби Чаҳорбоғ қисса кард ва гуфт, ки аксарияти ин атфол аз никоҳҳои хешу таборӣ ба дунё омдаанд, мақомот масъаларо ҷиддӣ гирифтанд.

Пас аз ин паёми раиси ҷумҳур ва интиқодаш аз никоҳҳои хешутаборӣ мақомот ва телевизиони давлатӣ як маъракаи иттилоотии зидди никоҳи хешутабориро пиёда карданд. Ба дунболи он як комиссияи вижаи ҳукуматӣ таъсис ёфт, ки ӯҳдадор шуд, масъалаи қонунан манъ кардани никоҳи хешутабориро омӯзад.

​Никоҳҳои хешу таборӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон таърихи дерина доранд ва дар ҳоле ки дар миёни қавмҳои ҳамсоя, мисли қирғизҳову қазоқҳо, ки пеш аз издивоҷ пайвандҳои хешигарии арӯсу домодро то ҳафт пушти онҳо меомӯзанд ва агар чунин пайванд вуҷуд дошт, никоҳро манъ мекунанд, дар миёни тоҷикону узбакҳо густариши зиёд дорад. Бо вуҷуди он, ки ҳанӯз дар давраи шӯравӣ талқин мешуд, ки издивоҷи наздикон натиҷаи бад медиҳад, аксари аҳолӣ онро як суннати қадимии мардумӣ медонанд ва пайравӣ мекарданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG