Пайвандҳои дастрасӣ

Сояи хатари гулдастаҳои Маргвелашвилӣ рӯйи Саакашвилӣ


Георгий Маргвелашвилӣ

Георгий Маргвелашвилӣ

Куммиссиюни марказии интихоботи Гурҷистон мегӯяд, бино бар натиҷаҳои пешакӣ, Георгий Маргвелашвилӣ, номзади эътилофи ҳоким дар интихоботи президентӣ пирӯзии чашмгир ба даст овардааст.

Куммиссиюни марказии интихоботи Гурҷистон мегӯяд, пас аз шумурда шудани 91 дарсади баргаҳои раъй рӯшан гаштааст, ки номзади эътилофи сиёсии “Орзуи гурҷӣ” Георги Маргвелашвилӣ наздик ба 62 дарсад раъй гирифтааст.

Номзади Ҷунбиши муттаҳидаи миллии президенти раванда Михаил Саакашвилӣ -- Давид Бакрадзе наздик ба 22 дарсад раъй гирифта, бохти худро эътироф намудааст.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки аз Нино Бурҷанадзе, раиси пешини парлумон ва аз чеҳраҳои маъруфи “инқилоби садбаргҳо”-и соли 2003 ҳамагӣ 10 дарсади интихобкунандагон ҳимоят кардаанд.



Ба иттилои Куммиссиюни марказии интихоботи Гурҷистон,дар интихоботи рӯзи 27 октябр 46,6 дарсади соҳибони ҳаққи райъ ширкат кардаанд. Аз қонуншиканиҳои калон дар ҷараёни интихобот хабаре нарасидааст.

Бидзина Иванишвилӣ

Бидзина Иванишвилӣ

Сарвазир Бидзина Иванишвилӣ, ки ҷунбиши “Орзуи гурҷӣ”-и ӯ наздик ба як сол пеш дар интихоботи парлумонӣ дастболо гашта, ҳизби Саакашвилиро аз қудрат дур кард, ваъда додааст, ки дар ҳафтаҳое пас аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва маълум шудани сарвазири нав аз мақомаш канор хоҳад рафт.
Иванишвилӣ, ки сарватмандтарин шахси Гурҷистон ба шумор рафта, дороии ӯ 5,3 миллиард доллар баровард шудааст, гуфтааст, бо барканории Саакашвилӣ вай вазифаи худро “иҷрошуда” мешуморад. Аммо ӯ ишорае накардааст, ки нуфузи сиёсии худро баъд аз истеъфояш чӣ гуна нигоҳ хоҳад дошт?

Ҷунбише, ки Иванишвилӣ таъсис дод, акнун соҳиби ҳокимияти комил мешавад. Нахустин бор пас аз 10 соли ҳокимияти баҳсбарангези Саакашвилӣ, ки дар соли 2003 баъд аз як инқилоб сари қудрат омад, ҳукумат, парлумон ва раёсатҷумҳурӣ дар дасти як танзими сиёсӣ ҷамъ хоҳад омад.

Дар ду даври раёсатҷумҳурияш Саакашвилӣ тавонист, Гурҷистонро ба тарафи Ғарб гардонад ва фасоди идориро дар кишвар шикаст диҳад. Вале дар даври ниҳоии ҳокимияташ вай зимни яккаҳокимиятӣ ва худкомагияш ва ҳамчунин нокомии ислоҳоти низоми адлияи кишвар мавриди танқид қарор гирифт. Вай инчунин барои шикасти харобиовари Гурҷистон дар ҷанги кӯтоҳ зидди Русия дар соли 2008 шадидан интиқод мешуд.

Номзади пирӯз Георгий Маргвелашвилии 44-сола, академики начандон шинохташуда, дар умури идорӣ таҷрибаи ночиз дошта, муддати кӯтоҳе, пас аз пирӯзии Иванишвилӣ дар интихоботи соли гузашта, вазир таъйин гаштааст. Вай ба хабарнигорон гуфт, хостори ваҳдати нерӯи сиёсӣ зери чатри “Орзуи гуҷист”: "Имрӯз як рӯзи ниҳоят муҳим аст, зеро раъйдиҳӣ хеле ором ва бино бар меъёрҳои аврупоӣ ҷараён гирифт. Ин интихобот ба маънои таҳкими демократия ва рӯшании роҳи сиёсии кишвари мо ва миллати мо ба сӯи як давлати воқеан аврупоист.”

Михаил Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ

Саакашвилӣ гуфт, аз натиҷаҳои интихобот дилсард шудааст ва онҳоро “монеаи ҷиддие барои Гурҷистон ва дурнамои он” мешуморад. Аммо ӯ афзуд, бояд иродаи мардум эътироф шавад. Вай гуфт: "Интихоботи президентӣ баргузор гашт. Гурҷистон президенти нав интихоб кард. Ман аз ҳар ширкаткунандаи ин маърака ташаккур мекунам, зеро ҳар интихобот ба рушди мардумсолорӣ дар кишвари мо кӯмак мекунад ва демократия рукни асосии низоми сиёсии мо ва мояи ифтихори мост.”

Дар фазои шубҳаву гумони он ки акнун Саакашвилӣ бо суолу ҷавоби додситонҳо рӯбарӯ хоҳад шуд, вай гуфтааст, қасд надорад, дар фурсатҳои наздик Гурҷистонро тарк кунад.

Баъд аз ба қудрат расидани эътилофи “Орзуи гурҷӣ” чандин чеҳрае, ки ба Саакашвилӣ пайвандҳое доштанд, бо иттиҳомоти ҷиноӣ боздошт шудаанд. Маълум нест, худи ӯ ҳам пас аз тарки Кохи раёсатҷумҳурӣ ҳадафи чунин иттиҳомот қарор хоҳад гирифт ё на?
XS
SM
MD
LG