Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко мехоҳад Гурҷистон ба оғӯши СНГ баргардад


Александр Лукашенко хостори ба ҳайати Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд баргаштани Гурҷистон шуд

Раисиҷумҳури Белорус баъд аз анҷоми нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ (СНГ) дар шаҳри Минск изҳор намуд, ки "мо мехоҳем, ки Гурҷистон ба ҳайати Ҷомеъа баргардад". Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС бо такя ба Александр Лукашенко навиштааст, "дар Гурҷистон бисёриҳо, аз ҷумла, раҳбарон мехоҳанд майдоне барои баррасии масоили иқтисодӣ ва дигар мавзӯъҳоро дошта бошанд".

Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович, ки кишвараш соли 2014 раёсати даврии Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсудро бар ӯҳда хоҳад дошт, аз пешниҳоди Александр Лукашенко барои ба ҳайати Ҷомеъа баргаштани Гурҷистон пуштибонӣ кард ва гуфт, "ман мехоҳам ба дӯстонамон дар Гурҷистон бигӯям, ки дарҳои СНГ ба рӯи онҳо бозанд".

Гурҷистон соли 2008 баъд аз ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ эълом дошт, ки аз ҳайати СНГ берун мешавад. Расо баъд аз 12 моҳ хурӯҷи кишвар аз ин иттиҳод қонунӣ шуд.

Тифлис ба пешниҳоди бозгашт ба Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд ҳанӯз вокуниш накардааст.

Нишасти сарони Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд рӯзи ҷумъа бо мулоқоти сарони кишварҳои узв, ба ҷуз Туркманистон ва Қирғизистон, ки аз онҳо муовинони нахуствазирҳо намояндагӣ мекунанд, шурӯъ шуд. Баъдан ҷонибҳо дар ҳайатҳои густурда ва бо ширкати намоядагони идораву вазоратхонаҳо сари мизи музокирот нишастанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ Сергей Лебедев ба хабаргузориҳо гуфт, ки дар нишасти сарони кишварҳо 14 мавзӯи марбут ба бахшҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва башарӣ баррасӣ гардид. Аз ҷумла Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, пешниҳод кард, ки соли 2014 - Соли ҷаҳонгардӣ дар Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд эълон шавад. Ҳамчунин интизор меравад, ки соли 2015-ро ба шарафи 70-солагии Рӯзи Ғалаба Соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон кунанд.

Дар нишаст шаҳрҳои Алмаатои Қазоқистон ва Ӯши Қирғизистон ба ҳайси марказҳои фарҳангии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд пазируфта шаванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Минск ширкат дошт ва суханронӣ кард.


XS
SM
MD
LG