Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷират"-и гӯсфандҳои Марко Поло аз Мурғоб


Камбуди ғизо дар кӯҳистони минтақаи Мурғоби Бадахшони Тоҷикистон гӯсфандҳои нодири Марко Полоро маҷбур ба "муҳоҷират" ба Чину Афғонистон кардааст.

Гӯсфандҳои нодири Марко Поло, ки дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ба сар мебаранд ва муҷассамаи он ҳатто дарвозаи ин ноҳияи кӯҳистониро зиннат медиҳад, бино бар коҳиши ғизо ба ҳудуди Чин ва Афғонистон ҳиҷрат мекунанд. Муҳоҷирати ин ҳайвонҳои нодир ба самти ду кишвари ҳамсоя дар ҳоле оғоз шуд, ки сокинони ноҳияи Мурғоб гиёҳи терескен, ғизои аслии гӯсфанди Марко Полоро, ҳамчун сӯзишворӣ истифода карданд ва ин гиёҳро ба нестӣ бурданд.

Ҳоло ҳукумати вилояти Бадахшон ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳиҷрати гӯсфандони Марко Поло тасмим гирифтааст, сокинони Мурғобро бо ангишт ва гази моеъ таъмин ва ба ин васила аз решакан шудани гиёҳи терескен ҷилавгирӣ кунад.

Абдулқодир Маскаев, сардори шӯъбаи ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти Кумитаи бозрасии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло сокинони ноҳияи Мурғоб мунтазам бо ангишту гази моеъ таъминанд ва миёни онҳо ташвиқу тарғиб ба роҳ монда шудааст, то аз решакан кардани терескен худдорӣ варзанд.

Ӯ мегӯяд: “Дар давраи Шӯравӣ ангишту ҳезум таъмин буд ва мардум тересканро намесӯзонданд. Чанд сол бурдани ангишт каме мушкил шуд ва мардум маҷбур шуданд, ин гиёҳро истифода баранд. Мардум камбағал аст ва наметавонанд, ба ҷои дур рафта ҳезум биоранд. Ҳоло кушиш аст, ки бо ангишут газ сокинон таъмин шаванд ва ин гиёҳро насӯзонанд, зеро ин на танҳо ба Марко Поло, бкли ғизои қутосҳои худи мардум низ ҳаст.” Аммо Маскаев мутмаин аст, ҳиҷрати Марко Поло ба Чину Афғонистон муваққатӣ буда, онҳо дубора ба Бадахшон бармегарданд.

Дар ҳамин ҳол, Абдулназар Абдулназаров, мудири собиқи Боғи миллии Бадахшон, ки дар мавриди гӯсфанди Марко Поло пажӯҳиш мебарад, мегӯяд, дар сурати нобуд шудани ғизо эҳтимол ин навъи гӯсфанди нодир Чинро макони ҳамешагии зист интихоб кунад.

Ӯ мегӯяд: “Дар Чин ҳам аз ҳисоби ғизо ва ҳам амният Марко Поло роҳаттар аст. Дар минтақае, ки Марко Поло ба Чин меравад, аҳолиаш кам аст ва шикор ҳам мамнуъ аст. Дар мо ҳоло ҳам терескен ро месӯзонанд ва ҳам бинобар боронгариҳои кам дар чанд соли ахир хушкшавии майдонҳояш мушоҳида мешавад. Агар ҳамин вазъ идома кунад, эҳтимол дорад, шумораи зиёди Марко Поло Чинро макони хуб барои зиндагиаш интихоб кунад.”

Терескен гиёҳест, ки ним метр баландӣ дорад ва ба гуфтаи ин пажӯҳишгар, аз рӯзи ба замин шинонидан 15 сол лозим аст, то он ҳамчун хӯроки ин ҳайвони нодир истифода бурда шавад. Ин гиёҳ ҳам ба мисли гӯсфандони Марко Поло нодир буда, танҳо дар Мурғоб ва баландкӯҳҳои Чину Афғонистон мерӯяд.

Аммо ба назар мерасад, сокинони минтақаи Мурғоб, ки иқлимаш бисёр сарду беҳрам аст, бештар дар фикри рӯзгузаронии худанд, аз онки дар бораи ғизои Марко Поло фикр кунанд. Онҳо мегӯянд, гиёҳи терескен дар Помир ягона буттаест, ки хонаву оташдони онҳоро гарм нигоҳ медорад. Онҳо гази моеъ ва ангиштеро, ки ҳукумати вилоят интиқол медиҳад, барои пухтани хӯрок ва гармшавӣ нокифоя ва нархашро низ хеле гарон медонанд.

Робия, як сокини ноҳияи Мурғоб мегӯяд, дигар ҳоло дар наздикии деҳот ин навъи гиёҳро пайдо кардан мушкил аст ва бинобар ин сокинон барои пухтани хӯрок онро харидорӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло як дарзаи калонҳаҷми терескен , ки як ҳафта барои хӯрок пухтан басанда ҳаст, 20 сомонӣ арзиш дорад, ки назар ба гази моеъ ва ангишт арзонтар аст.

Ӯ гуфт: “Агар ангишт харем ҳам, то терескенро аз тагаш намонем, он оташ намегирад. Мо ангиштро барои гармшавӣ истифода мебарем, аммо бо он хӯрок пухта намешавад. Барои хӯрок пухтан ҳатман аз терескен истифода мебарем. Терескенро ҳам мо мехарем, вале нархи он арзонтар аст.”

Ҳоло бар асоси иттилои расмӣ, дар ноҳияи Мурғоб беш аз 6 ҳазор гӯсфанди нодири Марко Поло ба сар мебарад. Соли гузашта Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон барои шикори 80 сар Марко Поло иҷозатнома додааст. Шикори як гӯсфанди Марко Поло 45 ҳазор сомонӣ, наздики 9 ҳазор долари амрикоӣ арзиш доштааст. Шикорчиёни хориҷӣ 67 сари онро дар соли 2014 шикор кардаанд, ки ба буҷа аз ин ҳисоб беш аз 3 миллион сомонӣ ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG