Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сипоси Мақсудҷон аз "Озодӣ" ва онҳое, ки кӯмакаш карданд


 Мақсудҷон Тӯраев.

Мақсудҷон Тӯраев.

Мақсудҷон Тӯраев -- ҷавоне, ки падараш бо тақдими як гурдааш ба ӯ ҷони дубора бахшид, мегӯяд, ҳоло дар хона аст ва худашро солиму роҳат эҳсос мекунад.

Мақсудҷони 22-сола баъди ҷаҳор соли дарду ранҷ аз бемористон мураххас шудаву ду ҳафтаи ахир дар хонаашон ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд то анҷоми бомуваффақи ҷарроҳӣ ва пайванди гурда дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон умеди каме дошт, аммо ҳоло дар паҳлӯи падару модар аст ва нафаси ором мегирад. Мақсудҷон пас аз чаҳор соли бемории гурда, ки ҳоло сиҳат ёфтааст, тасмим гирифтааст, ки нақшаҳои ояндаи худро тарҳрезӣ кунад.

Ӯ мехоҳад ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббӣ супорад ва мисли пизишконе, ки ӯро муолиҷа карданд, табиб шавад. Вай гуфт: «Баъди синфи ёздаҳ, ки бемориям шадид шуд, имкони дохил шудан ба донишгоҳро надоштам. Акнун мехоҳам мисли дигар ҳамсолонам дар донишгоҳ таҳсил кунам ва тавонам барои ин ватан хизмат кунам. Ман аз ҳамаи онҳое, ки ба ман кӯмак карданд раҳмат мегӯям.»

Исми Мақсудҷон барои аксар шунавандаҳову хонандаҳои «Озодӣ» ошно аст. Мақсудҷон ҳамон ҷавоне ҳаст, ки соли 2011номаи падараш Мирзохӯҷа Тӯраев дар пайи дарёфти донор, ки дар “Блогистон»-и Озодӣ нашр шуд, даҳҳо нафар аз афроди саховатпешаро бетараф нагузошт ва онҳо ба Максудҷон кӯмак карданд, ки то фароҳам шудани шароити табдили гурдааш бо ёрии «диалез» зинда монад.

Номаи падари Мақсудҷонро инҷо бихонед:

http://www.ozodi.org/content/blog/24406175.html

Се сол қабл Мирзохӯҷа Тӯраев дар номае ба Радиои Озодӣ аз ҷумла чунин навишта буд: «Бовар дорам, он рӯз дур нест, ки дар заминаи анҷоми ҷарроҳӣ ва пайванди гурда саломатии фарзанди ман хуб мешавад ва ӯ худаш ба якояки Шумо ташаккур мегӯяд.» Ҳамакнун ин фурсат фаро расид ва Мақсудҷон ва волидону наздиконаш барои ин аз Радиои Озодӣ ва онҳое, ки кӯмак карданд, изҳори сипос карданд.

Падари Мақсудҷон рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, донори писараш худи ӯст ва ба хотири саломатии фарзандаш гурдаи худро барояш дареғ надоштааст. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки ҷарроҳӣ рӯзи 11-уми март дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон муваффақ анҷом шудаву ҳоло сиҳаташ хуб аст: «Мо дар давоми чаҳор сол донор кофтем ва ёфтем. Аммо донорҳо дуруст нагирифт. Аз ҳамин сабаб ман худам тасмим гирифтам, ки донори фарзандам бошам. Чун табибон мегуфтанд, ки гурдаи хешу табори натиҷаи бад намедиҳад, аз ин рӯ ман ҳам гурдаамро додам. Инҷо кӯмаки бевоситаи президент Эмомалӣ Раҳмон, вазорати тандурустӣ ва ҳам Радиои Озодӣ буд, ки писараш дубора ба ҳаёти солим баргашту дар канори мо аст».

Падари Мақсудҷон, ки ҳоло бо як гурда зиндагӣ дорад, мегӯяд, амалиёти ҷарроҳӣ ба хубӣ анҷом шуда, саломатии ӯ ва писараш хуб аст. Аммо модари ин ҷавони 22 сола, Зиёда Тӯраева, ки худ ҳамшираи шафқат аст, мегӯяд, маҳз иродаи қавӣ ва дилгармии Мақсудҷон ба зиндагӣ тавонист ӯро аз марг наҷот диҳад. Ин модари хушбахт аз шабҳои бехобӣ дар пушти дари бемористонҳо ба «Озодӣ» ёдовар шуда мегӯяд, акнун ба муроди дилаш расид ва фарзанди калони хонаводаашро дубора ба по рост кард. Волидони ин ҷавон, ки ҳоло бо гурдаи падараш ба сар мебарад, аз он меболад, ки бо кӯмаки афроди хайрхоҳ тавонист, саломатии писарашонро дубора барқарор кунанд.
Табибоне, ки Мақсудҷонро ҷарроҳӣ кардаанд, мегӯянд, дар ҳоли ҳозир сиҳатии Мақсудҷон пурра барқарор ёфтаву ҳамеша зери назорати онҳо аст. Парвиз Назаров, яке аз табибоне, ки бевосита Мақсудҷонро табобат мекард, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт: «Вақте Мақсудҷонро ҳамчун бемор ба Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон оварданд, вай аллакай дар Русияву Эрон ташхис шуда буд. Баъдан чанд донорро пайдо карданд, аммо мувофиқ нашуд. Баъдан падараш гурдаашро дод.»

Назаров ҳамчунин мегӯяд, тафовути ҷарроҳии Мақсудҷон аз беморони дигар дар табдили гурда он буд, ки ин ҷарроҳӣ дар муддати 3 соат сурат гирифта, ҳатто 40 дақиқа барвақттар аз фурсати муайян шуда анҷом шуд».

Вақте бо Мақсудҷону волидонаш сӯҳбат доштем, онҳо барои муоина ба Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон омада буданд. Акнун хурсандии волидону наздикони Мақсудҷонро ҳаду канор набуд. Ва онҳо мегуфтанд, бо вуҷуди он ки чаҳор соли ахир ҳафтае ду бор ба Мақсудҷон гемодиализ мегузаронанд, ки ҳар як «диализ» ба ҳисоби миёна аз 40 доллар болотар арзиш дошт, тавонистанд ӯро ба орзуҳояш расонанд.

Зимнан, соли 2013 дар Тоҷикистон барои аввалин бор амалиёти пайвандсозии гурда дар се кӯдаки 13 ва 15-сола анҷом шуда буд. Тибқи иттилои Ашуралӣ Достиев, сардухтури Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон, давоми се соли фаъолият дар ин марказ 85 амали ҷарроҳӣ ва пайванди гурда сурат гирифтааст, ки танҳо се ҳолати он номуваффақ анҷом шудаву халос.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG