Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

314 сомонӣ нафақаи бобои Салим баъди 64 соли кор


Бино ба таҳқиқи созмони HelpAge International, ки таҳти унвони «Индекси глобалии кӯҳансолон дар соли 2013» нашр шудааст, Тоҷикистон дар миёни 91 кишвар мақоми 52-умро гирифтааст.

Муаллифон менависанд, ба сурати умум, Тоҷикистон дар ин ришта дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин ба беҳтарин натиҷаҳо даст ёфтааст.

Рӯзи 1 октябр дар як ҳамоиш дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмиллалии пиронсолон раиси намояндагии HelpAge International дар Тоҷикистон Ҳилолиддин Собитов гуфт, ин таҳқиқот ба хотири муайян кардани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии солмандон анҷом шуда, дастрасии онҳо ба хадамоти тиббӣ, шуғл ва маълумот, муҳити мусоиди иҷтимоӣ ва амнияти даромади онҳоро таҳқиқ кардааст. Тавре ҷаноби Собитов афзуд, Тоҷикистон миёни 91 кишвар аз рӯйи чор самти муайяншуда - амнияти даромад мақоми 50-ум, тандурустӣ 79-ум, шуғл ва маълумот 28-ум ва аз нигоҳи муҳити мусоид ҷои 50-умро гирифтааст.



Ба қавли раҳбари HelpAge International, ин натиҷаҳо дар асоси пурсиши худи кӯҳансолон ба даст омадаанд. Аммо ин дар ҳолест, ки бархе аз солмандони тоҷик мегӯянд, вазъи онҳо чандон хуб нест.

Салим Раҳимов, як кӯҳансоли тоҷик, ки рӯзи 1-уми октябр дар Душанбе дар расми муаррифии гузориши «Индекси глобалии кӯҳансолон дар соли 2013»-и Help Age International, як созмони байналмилалии хайрия сӯҳбат мекард, гуфт, субҳи имрӯз дар расонаҳои Русия таҷлили рӯзи пиронсолонро дида, ашк рехтааст ва хулоса кардааст, ки дар Тоҷикистон на мақомот ва на ягон созмону расона ба ин қишри мардум таваҷҷӯҳе надоранд.

Салим Раҳимов мегӯяд, 64 сол дар «Тоҷиктекcтилмаш» кор карда, собиқадори меҳнат аст ва ҳамагӣ 314 сомонӣ нафақа мегирад, ки барои гузарони худашу ҳамсари дардмандаш намерасад. Ӯ мегӯяд, бахусус нафароне, ки ҳанӯз дар солҳои Шӯравӣ кор кардаанд, нафақапулии ночиз мегиранд: «Аз соли 1950 то ҳол кор карда истодаам. Бо назардошти нафақапулии персоналӣ, беш аз 30 сола ветерани меҳнат буданам ҳамаги 314 сомон нафақа мегирам. Худам бемории қалб дорам, ҳамсарам бемори қанд аст ва ин 314 сомонӣ ҳатто барои дорувориҳоямон намерасад.» Бобои Салим пешниҳод дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон нафақаи нафаронеро, ки дар аҳди Шӯравӣ бознишаста шудаанд, боло барад.

Бақия кӯҳансолоне, ки дар ин ҷамъомад ширкат доштанд, аз маош ва имтиёзҳои худ шикоят карда, хизматрасонии тиббӣ ва эътибору манзалати худ дар даврони Шӯравиро ба ёд меоранд. Онҳо мегӯянд, ҳоло аз 250 то 300 сомонӣ нафақа мегиранд, ки ҳатто барои пардохтҳои коммуналӣ намерасад.

Сафаралӣ Назаров, як собиқадори рафъи фалокати ҳастаии Чернобил гуфт, он ки ӯро вазорати меҳнат барои табобати ройгон ба хориҷа мефиристад, хуб аст, аммо мушкилон аст, ки дар он беморхонаҳо касеро барои табобати ройгон қабул намекунанд: «Ба беморхонаҳои Русия рафтам, гуфтанд, вазорати тандурустии шумо бо мо ягон хел шартнома надорад. Бо гапи кӯчаву коғаз мо ин масъаларо ба ӯҳда намегирем.»

Собиқадори ҷанги дувуми ҷаҳон Виктор Зеленцов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳарчанд шумори ширкатдорони ҷанг хеле кам мондааст, аммо хидматрасонии тиббӣ барои онҳо хуб нест ва афроде мисли ӯ барои табобати худ маблағи зиёде сарф мекунанд: «Ман худам ветерани ҷангу меҳнат ва узви шӯрои ветеранҳои ҷанг аз ноҳияи Синои Душанбеям. Даҳ рӯз мешавад ҳатто телефонии кори Шӯрои моро хадамоти алоқа хомӯш кардааст.»

1 октябрро СММ соли 1990 рӯзи байналмилалии пиронсолон эълон кардааст. Ҳамчунин Эъломияи ҳуқуқи калонсолони СММ қабул шудааст, ки то ба ҳол аз сӯи Тоҷикистон ба тасвиб нарасидааст.

Тибқи иттилои расмӣ, афроди аз синни 60 боло дар Тоҷикистон 5,2 дарсади аҳолиро ташкил мекунанд. Ҷамъи онҳое, ки ба далели синну сол ё вазъи саломатӣ нафақа мегиранд, дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ва нафақаи миёна ҳудуди 200 сомонӣ гуфта мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG