Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши таваллуд. Аз маърифати баланд ё тангии рӯзгор?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид, зоиш миёни занон дар Тоҷикистон то соли 2050 аз 3,5 то 2,7 тифл коҳиш меёбад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони Бунёди нуфуси СММ мегӯянд, дар қиёс ба даврони шӯравии пешин тавлаллуди тифл дар хонаводаҳо ду баробар камтар шудааст. Алишер Ашӯров, як масъули Бунёди нуфусшумории Созмони Миллали Муттаҳид дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «агар аз солҳои 1989 ба ин тараф муқойиса кунем, он замон ҳар хонавода маъмулан то 6 -7 кӯдак доштанд, аммо ҳоло аз ҳама зиёд 4 кӯдак ба дунё меоранд. Ин албатта ба омилҳои зиёд бастагӣ дорад. Аз як сӯ ба мушкили иқтисодӣ рабт дорад ва мардони хонавода тавони таъмини фарзандони зиёдро надоранд. Аз тарафи дигар дониш ва маърифати занон низ боло рафтааст. Онҳо акнун аз маводҳои пешгирикунандаи ҳамл истифода мебаранд.»

Ҷаноби Ашӯров ҳамчунин, гуфт, агарчӣ се ва ё чор даҳсола пеш Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз ҳисоби қаҳрмонмодарон, ки то 10 ва 12 фарзанд ба дунё меоварданд, мақоми аввалро соҳиб буд, ҳоло кам хонаводаҳое ба чашм мерасанд, ки ҷонибдори серфарзандӣ бошанд.

Чинигул Давлатова, як сокини пойтахт, ки 6 фарзанд дорад, мегӯяд, агар аз қабл медонист, ки дар тарбия ва таъмини фарзандон бо мушкил рӯ ба рӯ мешавад, камтар фарзанд таваллуд мекард. Ин сокини Душанбе гуфт, «вақте ман кӯдаконамро ба дунё овардам, он вақт замона дигар буд, ҳатто барои серфарзандӣ пул ҳам медоданд, мушкили духтуру дигар ташвишҳо набуд. Аммо ҳоло бошад як писарам 4 фарзанд ва дигарӣ се фарзанд дорад. Ҳамаи мо дар як ҳавлии хурд ба сар мебарем. Писаронам бекор, як рӯзи бад дорем. Ҳоло духтарҳоям бошад мегӯянд, аз се фарзанд зиёд таваллуд намекунанд. Чун ҳамаи онҳоро хӯрондану пӯшондан, хонондан ва соҳиби хонаву дар кардан даркор, аммо дар шароити имрӯза аз куҷо ин қадар имконият аст.»

Зимнан агар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон аз ҳар 10 зани тоҷик як нафар аз маводи контрасептивӣ истифода мебурд, аммо ҳоло аз як чаҳор ҳиссаи занони шаҳру деҳот бо ин восита аз ҳомиладорӣ пешгирӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол Индира Раҳмиҷоноваи 33 сола, ва модари ду фарзанд мегӯяд, қабл аз издивоҷ мехост 3 фарзанд дошта бошад. Аммо ҳоло аз ин тасмимаш гаштааст.
Вай гуфт, «мо худ дар оила чаҳор фарзанд будем. Ҳамагӣ соҳибмаълумоту зиндагии хуб дорем. Аммо ҳоло зиндагӣ душвор аст ва ман як духтар ва як писар дорам ба фикрам ин басанда аст. Чунки агар ман тавонам ба ҳар ду шароти хуб фароҳам кунам, кофист. Ҳоло танҳо шаваҳар кор мекунад ва ман ба тарбияи фарзандон машғулам. Баъдан ман низ ният дорам ба кор бароям.»

Бо вуҷуди коҳиши таваллуд ва андаке суст шудани суръати афзоиши аҳолӣ тибқи омори расмӣ солона дар Тоҷикистон аз 200 то 230 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад, ки баёнгари мизони ҳамчунон баланди афзоиши аҳолӣ аст. Ҳамчунон бар асоси пажӯҳиши СММ, то соли 2050 Тоҷикистон дар миёни кишварҳои муштарак аз ҷиҳати афзоиши нуфус дар раддаи аввал ва аз ҳисоби синну сол, ҷавонтарин хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то он давра синни миёнаи сокинони Тоҷикистон аз 18 то ба 25 зиёд мешавад.

Зимнан тибқи пешгӯиҳои ин созмон нуфуси Тоҷикистон то соли 2050 11 миллион нафарро ташкил хоҳад дод. Ҳоло бар асоси омори расмӣ, ҷамъияти Тоҷикистон беш аз 8 миллион нафар аст.

Солҳои охир занони тоҷик кам таваллуд мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00
XS
SM
MD
LG