Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия ба истифода аз силоҳи кимиёӣ муттаҳам шуд


Созмони манъи истифода аз силоҳи кимиёӣ мегӯяд, таҳқиқоташ нишон медиҳад, ки нерӯҳои давлатии Сурия барои севумин бор дар ҷанги дохилии ин кишвар аз гази заҳролудкунанда истифода кардаанд. Ин созмон нерӯҳои давлатии Сурияро муттаҳам карда, ки зимистони гузашта дар минтақаи Идлиб низ аз газҳои заҳролудкунанда истифода намудаанд. Давлати Сурия ва мухолифони ҳукумати ин кишвар пеш аз ин ба истифода аз ҷангафзорҳои кимиёӣ муттаҳам шуда буданд, аммо тарафҳо ҳар бор ин иттиҳомро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG