Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳазорон муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди доштани диплом ва саводу малакаи кофӣ наметавонанд бо ихтисоси худ дар Русия ҷои кор пайдо кунанд ва маҷбур думболи ягон кори сиёҳ мераванд.

Иброҳим ҳанӯз соли 2002 риштаи гумруки Донишкадаи андозу гумруки Душанберо хатм кард, вале бо вуҷуди чанд соли талошҳо дар Тоҷикистон бо ихтисосаш ягон ҷои кор наёфт ва маҷбур шуд, ба Русия рӯ биорад: “Барои кор дар гумрук бояд пул дошта бошад одам. Ман надоштам.”

Иброҳим дастикам 6 соли охир дар Русия кор мекунад. Соли аввал дар сохтмоне дар канори Маскав кор кард ва соли дувум ба Санкт - Петербург омад ва дар канори бародаронаш дар як амбори меваву сабзавот ба тиҷорат часпид. Мо ҳам ӯро вақте пайдо кардем, ки гелос ҷудо мекард ва бо як харидор, ки 150 рубл нархи як кило гелосро гарон медонист, савдо дошт.

Аз Иброҳим пурсидем, ки дипломаш куҷост? Ӯ мегӯяд, имсол бо гузашти 13 сол аз хатми донишкада бори аввал дипломашро аз ҷомадон берун кашид: “Бо худам овардам дипломамро, чунки мегуфтанд, касе диплом дошта бошад, барояш супурдани имтиҳони забони русӣ шарт нест. Аммо ҳатто барои ҳамин ҳам даркор нашуд, чунки дипломҳои баъди соли 1990-и моро эътироф намекунанд. Маҷбур шудам, мисли дигарон имтиҳон супорам.”

Саидаҳмад Маҳмадов, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Волгоград мегӯяд, худи ӯ даҳҳо нафар аз Тоҷикистонро медонад, ки дипломҳои мактаби олӣ доранд, вале дар Русия машғули ягон кори сиёҳанд: “Духтуре ҳаст, ки дар сохтмон кор мекунад, муаллимон дар бозор шиштаанд, инженер - кӯча мерӯбад. Чунин мисолҳо хеле зиёданд.”

Аҳмад Усмонов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки низ бо маълумоти олӣ дар вилояти Перм полезкорӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “муҳоҷир ба як лингаи сарбаста мемонанд, ки касе намедонад, ки дар дохил чӣ доранд. Муҳаммадшариф ном нафареро медонам, ки дар Тоҷикистон журналист буд ва инҷо бо таҳияи асноди муҳоҷирони дигар рӯз мебарад. Духтуреро медонам, ки кори сиёҳ мекунад. Ё дар байни тӯдаи мардикорон мебинӣ, ки нафаре бо як чеҳраи фарқкунанда истодааст. Мепурсӣ, маълум мешавад, ки босавод аст, вале мегӯяд, чӣ кунем, бародар, ки рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад.”

Аммо ӯ мегӯяд, дар бархе маврид тақсири худи тоҷикони дипломдор ҳам ҳаст, чунки, ба ақидаи ӯ, “бархеаш ҳатто ду диплом дораду аммо савод - не. Агар кас дар баробари диплом саводи кофӣ ҳам дошта бошад, ҷояшро дар Русия меёбад билохира.”

Мардон Муҳаммадиев, табиби тоҷик.

Мардон Муҳаммадиев, табиби тоҷик.

Яке аз онҳое ки ба таъбири Аҳмад Усмонов, “ҷояшро ёфтааст”, Мардон Муҳаммадиев аст. Ин зодаи ноҳияи Ҳисор 41 сол ва дипломи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро дорад. Ӯ тақрибан 15 сол боз дар Русия кор мекунад. Дар ин муддат нисфи Русияро гашт ва чандин касбу корро таҷриба кард: Дар сохтмон ҳам кор кард ва дар як бонк ба ҳайси посбон ҳам. Аммо билохира дар вилояти Кемерово дар минтақаи Сибир бо ихтисоси худ кор ёфт ва имрӯз то ба мақоми сартабиби бемористони амрози сироятӣ расидааст.

“Мардикори дипломдор”

“Ведомости”, як нашрияи бонуфузи чопи Маскав, рӯзи 1 июл дар матлабе бо номи “Мардикори дипломдор: Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия чигуна карйера месозанд” (“Дипломированный гастарбайтер: Как трудовые мигранты из Средней Азии делают карьеру в России”) навиштааст, ки “корфармоёни рус то ҳол зарфияти кадрии мутахассисон ва менеҷерҳо аз Осиёи Марказиро кам мегиранд.”

“Ведомости” аз Ҷовид Гулҷонов, як корманди собиқи додситонӣ аз Бадахшони Тоҷикистон қисса кардааст, ки бо дипломи ҳуқуқшиносӣ, вале бидуни сабти номи доимӣ (прописка) дар Маскав бо ихтисосаш кор наёфт ва ба ҳайси посбон дар бахши инкассатории як бонк ба кор даромад. Баъди якуним сол ӯ ба зинаҳои раҳбарии “Юниаструм Банк” роҳ ёфт ва соле пеш ширкати рақибаш – “Бэст” ин мутахассиси тоҷикро ба ҳайси мудир дар умури рушди низоми пардохтҳо ба кор даъват кард.

Аммо муаллифи мақолаи “Мардикори дипломдор” Елена Горелова менависад, “достони Ҷовид Гулҷонов аз мавридҳои ангуштшуморест, ки як мутахассис аз Осиёи Марказӣ дар як бонки Русия барои худ карйера бисозад” ва аз қавли Рустам Барнохоҷаев, як коршиноси бозори кори Русия меафзояд, “корфармоён нисбат ба чунин кормандон пешқазоватҳои нодуруст доранд.”

Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи Барнохоҷаев, “зодагони Осиёи Марказӣ бо саъйу кӯшиш, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба калонсолону садоқат ба раҳбар фарқ мекунанд ва дар байни онҳо майхораҳо қариб нестанд.” Омили дигаре, ки ба ақидаи муаллиф, аз назари корфармоёни рус пинҳон мондааст, ин аст ки мутахассисон аз Осиёи Марказӣ барои соати бештари кор бо маоши камтар ҳам розианд.

Рустам Барнохоҷаев мегӯяд, муҳоҷирони корӣ дар маҷмӯъ ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд: “Гурӯҳи аввал онҳоест, ки аз ночорӣ худро ба Русия мезананд. Инҳо, одатан, тахассуси зиёд ва савод надоранд. Гурӯҳи дувум мутахассисони соҳиби маълумоти олианд, ки медонанд, чӣ мехоҳанд. Онҳо аксаран ба ҷустуҷӯи як зиндагии беҳтару кори беҳтар инҷо меоянд. Аз ҷумла ба дунболи як маоши муносиб.”

Аз ҳаммолӣ то мудири корхона

Александр Трифонов аз моликони хадамоти ҳуқуқии “48prav.ru” ба “Ведомости” гуфтааст, ҳуқуқшиносон аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ширкатҳои ҳуқуқӣ маъмулан аз як вазифаи хеле пасту ночиз корро сар мекунанд, вале “онҳо омодаанд 24 соат дар шабонарӯз кор кунанд ва онҳое, ки барояшон на миллият, балки тахассус ва кор аҳамият дорад, ба ин кормандони худ арҷ мегузоранд ва хеле зуд онҳоро мақомҳои баландтар медиҳанд.”

Олга Косетс, молики фабрикаи дӯзандагии “Софиано”, ки либоси мактабӣ ва шими мардона тавлид мекунад, гуфтааст, дар Русия пайдо кардани ҳаммоле ки арақ нахӯрад, ваё дӯзандаи бовиҷдон мушкили бузург аст. Ӯ аз як ҷавон аз Тоҷикистон қисса мекунад, ки дар 18-солагиаш ба фабрикаи “Софиано” ба ҳайси ҳаммол истихдом шуд, вале бо меҳнатдӯстиву чусту чолокӣ ва аз ҳама муҳим, бо дасту дили покаш чунон ҳамаро мафтун кард, ки ҳоло раҳбарии коргоҳи ин фабрика дар Краснодарро бар ӯҳда дорад.

Аммо Елена Горелова менависад, боз ҳам чунин мавридҳои комёбии мутахассисон аз Осиёи Марказӣ дар бозори кори Русия ангуштшуморанд ва даҳҳо ҳазор нафари соҳиби диплом аз ин қаламрав маҷбуранд дар Русия бо ягон кори сиёҳ қаноат биварзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG