Пайвандҳои дастрасӣ

Равшанфикрони Бадахшон: Ба осиёби бадхоҳон об нарезед


Даромадгоҳи осорхонаи табиати Бадахшон

Даромадгоҳи осорхонаи табиати Бадахшон

Бисёриҳо, аз ҷумла зодагони Бадахшон доман задани масъалаи мухторияти ин вилоятро дар ин шабу рӯз ба фоидаи бадхоҳони Тоҷикистон меноманд.

Дар пешорӯи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон, ки рӯзи 22 май дар як назарпурсии саросарӣ пешниҳод мешавад, истифода нашудани вожаи «мухтор» дар номи вилояти Бадахшон дар шабакаҳои давлатӣ бархе рӯшанфикрони ин минтақаро ба андешае овардааст, ки шояд ин паёме барои аз байн бурдани мухторияти вилояти Бадахшон бошад.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар як нома ба раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода хостааст, ки иштибоҳ дар мавриди истифодаи номи «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», ки аз забони ровиён танҳо ҳамчун “вилояти Бадахшон” ном бурда мешавад, ислоҳ шавад.

Аммо кормандони шабакаҳои давлатӣ ин иддаоро бе асос хонда ва мегӯянд, танҳо ба хотири кӯтоҳ кардани матни гузоришҳо «вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон» дар шакли кӯтоҳ ҳамчун «вилояти Бадахшон» истифода мешавад.

Ато Мирхоҷа рӯзи 19-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шеваи муаррифии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар расонаҳои давлатӣ маънои "об рехтан дар осиёби душманҳои ваҳдати тоҷикон”-ро дорад.

Чаро мавзӯъи мухторият ҳассос шуд?

Номаи Ато Мирхоҷа дар Фейсбук

Номаи Ато Мирхоҷа дар Фейсбук

Ато Мирхоҷа мегӯяд, мухторият чизе нест, ки бо он бозӣ кунанд: «Аз соли 1929 то кунун чандин бор Конститутсияҳо иваз шуданд, вале ҳеҷ гоҳ ин масъала баррасӣ нашудааст ва ҳоло ҳам ин масъала дар миён нест. Рӯзе агар ба иттиҳод расидему мардум худаш эҳсос кард, ки мухторият лозим нест, он гаҳ ин мавзуъ аз тариқи райъпурсӣ дар худи вилояти мухтори Бадахшон бояд бардошта шавад. Ин вилоят бояд худаш тақдири худашро ҳал кунад. Ҳоло касе ҳақ надорад, Конститусияро вайрон кунад ва номи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нодуруст талафуз кунад.»

Мавзӯъи мухторияти Бадахшон баъзан дар матбуот ва сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ баҳс мешавад. Ҳассосияти ин мавзӯъ аз он сарчашма мегирад, ки гоҳо бархе аз зодагони Бадахшон мавзӯъи пайвастани ин вилояти мухтор ба Русияро ҳам доман мезананд. Ин минтақа охири асри 19 як муддат таҳти тасарруфи Русияи подшоҳӣ қарор дошт. Ин замоне буд, ки Русия барои тақсими Осиёи Миёна бо Британияи Кабир вориди рақобат шуда буд. Соли 2012 замоне ки дар Бадахшон нооромиҳо рух дод, баҳси пайвастан ба Русияро бархе дубора сари забонҳо карданд. Дар матбуоти мустақили маҳалӣ низ силсилаи матлабҳое нашр шуд, ки аз ҳукумат лағви мақоми мухторияти ин вилоятро тақозо мекарданд.

Ризо Назарзода: «Мухтор будан ё набудан аҳмият надорад»

Ризо Назарзода

Ризо Назарзода

Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, ки ҳоло масъули таблиғу ташвиқи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонун дар Бадахшон аст, мегӯяд, доман задани ин мавзӯъ кори дасти бадхоҳон аст, ки мехоҳанд ҳостаҳои худро аз тариқи ҷавонони зодаи Бадахшон анҷом медиҳанд. Назарзода, ки худ зодаи Бадахшон аст, мегӯяд, «ҳоло мо ба шарҳи бандҳои лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститусия машғул ҳастем ва он ҷо ҳарфи аз Бадахшон нест. Ин гапҳо дар миёни мардуми Бадахшон ҳам нест. Ин гап аз миёни онҳое, ки обу нони Бадахшонро хӯрда, дар хориҷ рафта, носипосӣ мекунанд, пайдо шудааст. Аз ҳама зиёд шаҳди истиқлолиятро мо, бадахшониҳо, чашидаем. Аз инзивоъ берун шудем. Касе инро намебинад, ё одам нест ё аз ин олам нест. Мо ҳоло мебинем, ки ҳамсояҳои мо дар Афғонистон чӣ ҳол доранду мо то куҷо расидаем. Ба автономия будан ё набудан зиндагии мардум беҳтар намешавад.»

Тарси мардум барои аз даст додани забону фарҳанг

Набот Додхудоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон мегӯяд, ҳассосияти мардум ба ҳазфи калимаи мухторият аз он сарчашма мегирад, ки онҳо фикр мекунанд, бо лағви ин мақом забон ва фарҳангу анъанаҳои хоси худро аз даст медиҳанд: «Дар замони Шӯравӣ соҳибмухтор будан имтиёзҳо дошт. Мардум ба ин одат кардаанд, ки вилояти онҳоро мухтор ном мебаранд. Аз тарафи дигар мардум фикр мекунанд, ки бо барҳам додани мухторият забону анъанаи хоси онҳо зери хатар қарор мегирад. Ҳассосият нишон додан дар ин мавзӯъ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.»

Аммо як мақоми давлатӣ бидуни бурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар долонҳои ҳукумат ҳеҷ андешаи аз байн бурдани мухторияти Бадахшон вуҷуд надорад. Ӯ мегӯяд: «Ҳеҷ зарурате пеш наомадааст, ки мухторияти Бадахшон барҳам дода шавад. Хафве ҳам вуҷуд надорад.»

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 2 январи соли 1925 бо қарори Кумитаи марказии иҷроия (ЦИК)-и СССР таъсис ёфтааст. Ин вилоят дар майдони 64 100 километри мураббаъ, ки 44,9 дарсад аз 142 000 километри мураббаъ қаламрави умумии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, доман густурдааст. Дар Бадахшон 214 ҳазор нафар ба сар мебаранд, ки тақрибан 70 дарсадаш пайравони равияи исмоилияи мазҳаби шиъаи дини Ислом мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG