Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бисёриҳо мегӯянд, порлумонии кунунии Тоҷикистон дар ёди онҳо бештар ҳамчун як маҷлиси орому беҳаракат ва беташаббус боқӣ мемонад.

Бисёре аз интихобкунандагон дар Тоҷикистон мехоҳанд бидонанд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон дар муддати панҷ соли фаъолият ба ҳайси қонунгузор чӣ кори шоёнеро барои интихобкунандаи худ анҷом додаанд.

Интихобкунандаҳо ин масъаларо дар ҳоле бо хабарнигорони Озодӣ матраҳ карданд, ки то рӯзи интихоботи навбатии парлумонӣ камтар аз бист рӯзи дигар боқӣ монда, фаъолияти панҷсолаи вакилони кунунӣ ба поён мерасад.

Бисёре аз ҳамсӯҳбатҳои Озодӣ мегӯянд, ки порлумони феълӣ дар хотири онҳо ҳамчун як порлумони ором, бидуни энержӣ ва ибтикор боқӣ мемонад.

Таҳлилгарон низ аз ин вакилон, ки бархе дар чанд давр депутат буданд ва шояд боз ҳам дар панҷ соли оянда курсиҳои худро аз даст надиҳанд, вакилони “гаправ”-у “хомӯш” арзёбӣ шуда ва аз парлумони феълӣ ҳам “оромтарин”маҷлис ном мебаранд.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ба ҷуз аз чанд нафари ангуштшумор порлумони Тоҷикистон дигар вакиле надорад, ки миёни мардум маъруф бошад. Сабаб ҳам, ба қавли ҷаноби Мирзо, дар шеваи интихоби вакилон аст: “Муҳиддин Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов, худораҳматӣ Сӯҳроб Шарифов, Исмоил Талбаков ва гоҳ-гоҳе Маҳмадалӣ Ватанов аз вакилони фоъолтари ин давр буданд. Дигар ягон вакиле набуд, ки барои мардум коре карда бошад. Баръакс мо дидем, ҳангоми ҳодисаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як гурӯҳ интихобкунандаҳо аз вакили ба ном интихобкардаашон изҳори норозигӣ карданд, ки онҳоро боре суроғ накард. Ин вобаста аст аз он ки чӣ тавр интихобот сурат гирифтааст ва ин вакилоне, ки тайи 5 сол дар порлумон буданд, мандатро аз кӣ гирифтаанд?”

Аксари қонунҳо аз сӯи порлумони Тоҷикистон якдилона қабул мешаванд

Аксари қонунҳо аз сӯи порлумони Тоҷикистон якдилона қабул мешаванд

Дар зимн порлумони Русия, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо он ҳамкорӣ мекунад, ҳар сол исми “фаъолтарин намояндаи мадуми” ва “пурибтикортарин депутат”-ро эълон ва онҳоро барои фаъолиятҳои бештар дар заминаи пешниҳоди тарҳи қонунҳо ҳавасманд мекунад. Аммо дар тӯли панҷ соли фаъолият порлумони Тоҷикистон боре ҳам рейтинги қонунгузоронро эълон накардаст.

Онҳое, ки дар ҷаласаҳои ба сурати умум сокиту дилгиркунанда ва бебаҳси порлумони Тоҷикистон ширкат мекунанд, медонанд, ки агар ҳам дар мавриди тарҳи қарору қонун ягон суол ё пешниҳоде садо диҳад, ҳатман, аз ҷониби ё Шабдолов, ё Кабирӣ ва чанд вакили дигари аллакай зикршуда садо медиҳад.

Вакилони дигар дар ин маҷлиси иборат аз 63 курсӣ ё нақши тамошобинро доранд ваё нақши пахшкунандаи тугмаи ризоиятро. Барои намуна гумон намеравад, ки нафаре дар ҷомеъа дар бораи 5 соли фаъолияти намояндагони мардумие, чун Баракатулло Атохоҷа, Дилшод Исматуллоев ё Ашӯрбек Расулов чизе гуфта тавонад. Онҳо на дар муаррифии тарҳи қонунҳо, на дар баҳсҳо ва на дар расонаҳо дар ин 5 сол боре ҳам аз худ дарак надодаанд. Ин исмҳо ҳатто барои аксар хабарнигорони парлумонӣ, ки ҳамеша дар ҷаласаҳо ширкат мекунанд, ношиносанд.

Ин ҳам дар ҳоле ки ба ҳисоби миёна, дар 5 сол барои як вакил, бо дарназардошти хароҷоти корӣ ва зиндагиаш, аз буҷаи давлат ва аз молиёти мардум 1 миллиону 320 ҳазор сомонӣ, баробар ба ҳудуди 240 ҳазор доллар маблағ ҷудо мешавад. Ва онҳо аз имтиёзҳои фаровони дигар низ бархӯрдоранд.

Ҳафиз Бобоёров

Ҳафиз Бобоёров

Бо ин ҳама, қонуну қарорҳое, ки аз сӯи вакилон дар ин 5 соли ахир қабул шуд, ба андешаи Ҳафиз Бобоёров, ҷомеашиноси тоҷик аз Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарӣ, аксаран ба андозаи табдили ин ё он калимаҳо, мисли табдили истилоҳи “яроқ” ба “силоҳ” будааст, на аз рӯи зарурат ва бо дарназардошти ҳалли мушкили мардум.

Ӯ афзуд: “Бо мардум ҳамкорӣ кардану мушкилоти мардумро ҳал кардан гӯё, ки дар салоҳияти парлумон нест ва ин, ки то чӣ андоза ҳамин мушкилот дар қонунҳо инъикос меёбанд, суоли беҷавоб аст. Дар порлумон бештар ислоҳоти матнӣ анҷом мешавад ва масъалаҳои муҳиму баҳсбарангез баррасӣ намешаванд. Вакилон фикр мекунанд, ҳокимияти иҷроия нестанд, вале фикр намекунанд, ки бо қабули қонунҳои муайян метавонанд ба ҳокимияти иҷроия тавсияҳои қонунӣ пешниҳод кунанд.”

Аммо бархе аз вакилон мегӯянд, порлумони кунунӣ назар ба қаблиаш пешрафтҳое дошт. Аз ҷумла барои нахустин бор чанд вазир ба ҷаласа даъват шуданд ва таҳти танқид ҳам қарор гирифтанд.

Азизмад Имомов, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Кумиссиюни назорати дастур ва ташкили кор дар порлумон , мегӯяд, ба сурати умум, ба фарқ аз даъватҳои қаблӣ кори вакилони порлумони феълӣ пурсамар буд: Беш аз 200 санади меъёриву ҳуқуқӣ қабул шуд. Барои инкишофи соҳаи иқтисод заминаҳои ҳуқуқӣ гузоштем. Президент ҳам дар паёмаш фаъолияти порлумонро хеле самаранок баҳо дод. Шумори шартномаҳои тасвибшуда ҳам хеле зиёд буд. Бо интихобкунандаҳо ҳам зиёд мулоқотҳо доштем.”

Бархе аз вакилон як омили чашмрас набудани кори онҳо барои ҷомеа ва ноошно будани исмашонро дар инъикос нашудани дастоварду баҳсҳои онҳо аз тариқи расонаҳо ба хусус телевизионҳои давлатӣ медонанд.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков, аз вакилони нисбатан фаъолтари порлумон, намоянда аз ҳизби комунистии Тоҷикистон, мегӯяд, агар шабакаҳои давлатӣ ҳафтае ду маротиба мисли телевизионҳои Русия чанд соатро ба кори онҳо мебахшиданд, мардум ҳам дар бораи онҳо маълумоти бештар медошт.

Ба ақидаи Исмоил Талбаков, “агар аз фаъолияти худам гап занам, чанд қонунро таҳия намудам ва қабул ҳам шуд. Масалан қонун дар бораи фаъолияти бонкҳо, бонки исломӣ, қонун дар бораи нафту газ, роҳҳои автомобилгард. Албатта, ин қонунҳо дар як моҳ ду моҳ қабул намешаванд. Ҳозир бубинед, дар кишвар 140 ташкилоти хурди қарздиҳӣ аст ва ба маблағи 6 миллиард доллар ба мардум қарз пешниҳод кардаанд.”

Аммо дар робита ба набудани гуногунандешӣ ва баҳсҳои тезутунд дар порлумон ҷаноби Талбаков гуфт: “Вақте ҳизби коммунист дар порлумон ҳамагӣ ду ҷой дорад, дар муқобили 54 --56 нафар, албатта, садои 2 нафар аслан шунида намешавад. Агар таносуб бошаду фраксияҳои ҳизбӣ дар порлумон бошанд, албатта, як майдони баҳс пайдо мешавад.”

Муҳиддин Кабирӣ, аз ҷумлаи ангуштшумор вакилони фаъоли порлумон ва раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳадди имкон талош кардааст, дар қабули қонунҳои муҳим дар ин даъват саҳм гузорад. Вале ӯ мегӯяд, бисёре аз пешниҳодҳои онҳо аз сӯи порлумон қабул нашуд: “Ғайр аз 2-3 пешниҳоде, ки ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот доштем, 3-4 лоиҳае, ки бо Саидумар Ҳусайнӣ пешниҳод кардам, онҳо мавриди дастгирӣ қарор нагирифтанд. Аз ҷумла чанд тағйирот ба қонуни дин ва ба қонуни масъулияти падару модар, то масҷидравии наврасонро манъ накунанд. Бештарашон бо далелҳои сиёсӣ гашт, зеро агар ин пешниҳодҳо аз ҷониби вакилони дигар аҳзоб пешниҳод мешуд, ҳадди аққал дар сатҳи порлумон баҳсу баррасӣ мешуданд.”

Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, аксари вакилони маҷлиси намояндагон фаъолияти худ дар порлумонро идомаи карйераи сиёсии худ медонанд, яъне пештар раиси ноҳия ё прокурор буда, чунин меҳисобанд, ки онҳоро барои муддате ба порлумон “бадарға” кардаанд ва инҷо танҳо мунтазиранд, ки оё кай мӯҳлати “бадарға”-аш тамом мешаваду барояш мақоми дигаре медиҳанд.

Яъне ба қавли ӯ, вакил, на бо роҳи талошу муборизаисиёсӣ ба ин курсӣ соҳиб мешавад ва бино бар ин барои ҳимояи манфиатҳои интихобкунандагонаш чандон талош намекунад: “Ҳамин фазо боис шуд, ки порлумони Тоҷикистонро порлумони хомӯш ва бетаъсиру ғайрикасбӣ ном мебаранд. Ба сари худ ҳар як вакил шахсияти бофарҳанг ва мутахассисанд, вале фазо онҳоро чунин кардааст.”

Бо вуҷуди ин ки солҳо боз аксари вакилони порлумони Тоҷикистон барои камфаъолиятӣ танқид мешаванд, то ҳанӯз як феҳрист ё рӯйхати вакилони камкору пуркори ин маҷлис тартиб дода нашудааст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳар сол ба таври умумӣ фақат аз кори кумитаҳояш натиҷагирӣ мекунад, ки аксаран бо тавсифу таъриф анҷом мешавад. Дар ғайри ин, ба гуфтаи интихобкунандаҳо, фаъолияти аслии аксар вакилон фақат аз пахш кардани як тугма ва он ҳам тугмаи “ҳа” иборат шудааст.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки аксари он намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ мебошанд. Аммо ҳизбҳои коммунист, наҳзати исломӣ, ислоҳзоти иқтисодӣ ва аграрӣ ё кишоварзӣ дар порлумон ҳаркадом дувакилӣ доранд.

Нозирони умур як сабаби чунин хомӯшии порлумони Тоҷикистонро маҳз дар кам будани теъдоди намояндагон аз ҳизбҳои дигар, ба хусус аҳзоби мухолиф медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG