Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Модар - ба Русия, фарзандон - ба ... ятимхона. ВИДЕО


Рухсора Фаттоева дар сари гаҳвораи писараш

Рухсора Фаттоева дар сари гаҳвораи писараш

Муҳаммадалии 7-моҳа ҳанӯз хабар надорад, ки ӯву хоҳари 6-солааш аз моҳи апрел барои муддати номаълум аз модараш ҷудо хоҳанд шуд.

Муҳаммадалии 7-моҳа, ки дар гаҳвора барои шири модар даст мезанад, ҳанӯз хабар надорад, ки сар аз моҳи апрел барои муддати номаълум ҳамроҳ бо хоҳари 6-солааш аз модар ҷудо хоҳанд буд. Модари ин ду кӯдак тасмим гирифтааст, ки тарбияи ду бачаашро бар дӯши давлат гузошта барои муҳоҷирати корӣ ба Русия равад.

Рухсора Фаттоева, сокини 39-солаи шаҳри Душанбе барои ба ятимхона додани писари ҳафтмоҳа ва духтари шашсолааш ҳуҷҷат омода кардааст. Ин зан, ки дар як деҳаи канори Душанбе, дар як хонаи нимаобод иҷоранишин аст, мегӯяд, ҳоло дар дасташ танҳо пули чиптаи самти Русия боқӣ мондааст, дар ҳоле, ки ин ду кӯдак либосу ғизо мехоҳанд.

Ду фарзанди бузурги Рухсора Фаттоева баъди талоқ дар хонаи падар монданд. Рухсора барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт. Ӯ дар онҷо бо як муҳоҷири тоҷик дубора издивоҷ кард ва ҳомиладор шуд. Шавҳари наваш дар ҳоле якбора нопадид гардид, ки фарзанди дар батн будаи Рухсора 5-моҳа буд ва исқоти ҳамл имкон надошт. Ӯ тобистони соли гузашта ба ватан баргашт ва кӯдаки чаҳорумашро таваллуд кард.

Ин зани ҷавон медонад, ки бо таваллудҳои беназм зиндагиии худаш ва бачаҳояшро мушкил кардааст, вале ҳоло ягона илоҷи корро дар муҳоҷирати корӣ ва барои муваққат ба ятимхона додани бачаҳояш мебинад. “Ҳар вақте фикр мекунам, ки писарамро дар ятимхона мегузорам, дилу ҷигарам мерезад. Дилам сиёҳ мешавад, аммо шароитам хеле вазнин аст, на хона дораму на кор, дигар роҳе надорам”, - мегӯяд Рухсора. Вай мегӯяд, бо беҳтар шудани шароити зиндагиаш бачаҳоро бармегардонад.

Падару модари Рухсора солҳост, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва дар хонаи бародару хоҳар низ дигар барои ӯ бо ин ду кӯдакаш ҷой нест. Аммо ин зан дар Тоҷикистон ягона зане нест, ки мехоҳад, муввақатан фарзандашро ба тарбияи давлат бидиҳад.

Ҳусейн Махмедов, сармутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳоло дар се “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Душанбе наздики 400 кӯдаки аз 1 то 6-сола нигоҳубин мешаванд, ки бархе комилан бепадару модар буда, бархе танҳо модар доранд. Ӯ мегӯяд, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ва тасмими камиссиюни вежа, давлат масъулияти кӯдакони занҳои танҳоро, ки тавони нигоҳубини бачаҳои худро надоранд, ба дӯш мегирад. Ҳусейн Маҳмедов мегӯяд, “ду-се сол баъд, вақте зан бармегардад ва мехоҳад кӯдакро баргардонад, боз комиссия вазъи зиндагии ин занро месанҷад ва агар зиндагиаш тағийр ёфта бошад, кӯдакро дубора ба тарбияааш медиҳад”.

Рухсора Фаттоева, қаҳрамони матлаби мо низ таъкид мекунад, ки танҳо муваққатан мехоҳад, фарзандонашро дар "Хонаи кӯдакон" бимонад ва пас аз бозгашт ҳатман дубора онҳоро бо худ хоҳад гирифт.

Умарҷон Саидамиров, узви Комиссияҳои санҷишии вазъи модароне, ки мехоҳанд фарзандонашонро ба “Хонаи кӯдакон” гузоранд, мегӯяд, воқеан, ҳоло дар қиёс ба чанд соли пеш теъдоди модароне, ки аз ӯҳдаи нигоҳубини фарзандонашон намебароянд, афзоиш ёфтааст.

Ӯ мегӯяд: “Инҳо занҳое ҳастанд, ки шавҳаронашон онҳоро танҳо гузоштаанд. Бархе баъди марги шавҳар бева мондаанд ва бо кӯдакон дигар дар хонаи волидайн ҷои зист пайдо намекунанд. Бо занҳои бародар ҷангу ҷанҷол мекунанд ва созиш намекунанд. Гиряву нола мекунанд, ки ҳамин кӯдакамонро бигиред, мо худамон ҷои зистамонро пайдо мекунем. Баъзеаш мегӯянд, ки Русия меравем ва баъзе мегӯянд, дар ҳамин Тоҷикистон ҷои зистамонро меёбем, зеро дигар бо фарзанд дар хонаи волидайн бароямон ҷой нест”.

Тоҷикистон барои кӯдакони ятим ва нимаятим 87 муассисаи таълимӣ дуруст кардааст, ки дар он ҳудуди 10 ҳазор кӯдак тарбия мегирад.

Бар пояи омори расмӣ, Тоҷикистон дар Русия беш аз 800 ҳазор муҳоҷири мавсимӣ дорад, ки наздики 200 ҳазори онҳо занон мебошанд. Аксари занҳои тоҷик ҳангоми муҳоҷират фарзандони хурдсоли худро назди бибиву бобо мегузоранд, аммо бархе дигар, ки аз чунин имкон бархӯрдор нестанд, онҳоро муваққатан дар "Хонаи кӯдакон" мегузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG