Пайвандҳои дастрасӣ

Фирӯза Иброҳимоваи 30-сола, ки се фарзанд дорад, қабл аз издивоҷ 8 бор сақти ҷанин ё аборт карда, бори нӯҳум ҳам танҳо бо хотире зоид, ки марди дӯстдоштаашро ба издивоҷ водор кунад.

Фирӯза Иброҳимова ва шавҳари ояндааш ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар синфи ҳаштум бо ҳам муносибати маҳрамона доштаанд. Ӯ мегӯяд, ҳар боре ки обистан мешуд, модараш ӯро сарзаниш мекард ва амр медод, ки ӯ зери теғи ҷарроҳӣ бихобад: «Модарам ҷанг мекард, ки рав исқоти ҳамл кун. Исқоти ҳамл намекунӣ ва кӯдакатро ба дунё меорӣ дар ҳолати зан накардани вай бача, чӣ кор мекунӣ? Бо он кӯдакат кӣ дигар туро зан мекунад? Ба ягон ҷо роҳ намеёбӣ.»

Фирӯза мегӯяд, ҳарчанд ӯ ва модараш медонистанд, ки фигона ё сақти ҷанин қобилияти дар оянда боз модар шудани ӯро таҳдид мекунад, маҷбур буд, ба хотири пешгирӣ аз шармсорӣ дар назди атрофиён ва хешу наздикон ба аборт ризоият диҳад.

Пизишкон мегӯянд, шумораи бонувоне, ки ба хотири пинҳон доштани равобити маҳрамонаи худ ва ҳифзи имконияти издивоҷ дар оянда исқоти ҳамл мекунанд, кам нестанд. Аммо бархе аз бетаҷрибагӣ, ба истилоҳ, дер мемонанд ва маҷбур мешаванд, кӯдакони нохостаеро ба дунё биёранд.

Зулҳия Наврӯзова, як бонуи дигари тоҷик мегӯяд, бино бар мушкилоти иҷтимоии хонаводааш ду бор сақти ҷанин кард ва инро ягона роҳи пешгирӣ аз таваллуди зиёд донистааст: «Ҳар ду маврид ҳам тифли батнам думоҳа буд ва бидуни истифодаи дору онҳоро «аборт» карданд. Аз усуле, ки солҳои пештар истифода мекарданд. Ҳозир шаш фарзанд дорам, дигар шароити хӯрондану пӯшонданашонро надорем, барои ҳамин гуфтам бас аст. Гуноҳ ҳам шавад, гирифта партофтем.»

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аборт ё исқоти ҳамл дар кишвар рӯ ба афзоиш дорад ва ҳоло занҳо аксаран ин амалро бо истифода аз дору анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов, соли гузашта исқоти ҳамл дар кишвар 22 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мутахассисон бар инанд, ки сӯистифода аз исқоти ҳамл метавонад ба саломатии модарон таъсири манфӣ расонад ва занон бояд бештар аз чораҳои пешгирии ҳамли номатлуб истифода кунанд.

Шамсиддин Қурбонов, сардори Маркази «Насл» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, набояд аз фигона ба ҳайси василаи танзими оила истифода кард: «Ҳамагуна исқоти ҳамл хатар дорад. Новобаста аз он ки тариқи дорӯ анҷом дода мешава ва ё ба воситаи ҷарроҳӣ. Ҳамчун мутахассис сад дар сад кафолат медиҳам, ки мӯҳлати ҳомиладорӣ ҳар қадар зиёд шуд эҳтимолияти хатар ҳам бештар мешавад. Агар исқоти ҳамл дар муҳлати 4 ё 5-ҳафтаина будани ҷанин сурат гираду бар сари ҳазор фигона 10 ориза рост ояд, аммо дар муддати 22-ҳафтагӣ будани кӯдак аллакай ин ба 100 ё 200 ориза мерасад. Ҳар рӯза калон шудани кӯдак хатараш ба зиёдшавии ориза ва саломатии зан бамаротиб зиёд мешавад.»

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати ташкили хизматрасони ба модару кӯдаки Вазорати тандурустӣ.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати ташкили хизматрасони ба модару кӯдаки Вазорати тандурустӣ.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати ташкили хизматрасони ба модару кӯдаки вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон сабабҳои афзудани фигонаро чунин шарҳ дод: «Сабаби асосии бачапартоӣ паст будани сатҳи саломатии занҳост. Омили исқоти сунъӣ бошад бештар гурӯҳи занҳоеанд, ки шавҳарҳояшон дар маҳбасанд, ки таваллуд кардан намехоҳанд. Гурӯҳи дигар аз муҳоҷирати меҳнатӣ омада, шароити хуби зиндаги надоранд, ки сақти ҷанин мекунанд. Аммо агар чанд соли пеш бо даст исқот мекарданд, ҳоло бошад тариқи дору ин кор анҷом дода мешавад. Мо ҳоло аз аборт ё фигонаи дастӣ худдорӣ кардем.»

Фигона, сақти ҷанин ё аборт дар ҷомеаи суннатгарои тоҷик ҷурм шумурда мешавад, аммо аз рӯйи қонун мамнӯъ нест. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, як рӯҳонии тоҷик мегӯяд, Ислом танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ба чунин амал иҷоза додааст: «Масалан тавлиди тифл хатар ба ҳалокати модарашро дошта бошад, дар ин маврид исқоти ҳамро Ислом иҷоза додааст. Ё вақте табибон дақиқ мекунанд, ки инкишофи кӯдак дар батни зан ба саломатии ҷисмониву рӯҳии ӯ хатар дорад. Аммо дар дигар маворид аз байн бурдани насл иҷоза дода намешавад.»

Бино бар омори расмӣ, дар соли 2013 наздики 15 200 зан исқоти ҳамл кардааст, ки 48 дарсади онҳоро бачапартоӣ ва 52 дарсади боқимондаро аборт ё сақти ҷанин ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG