Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати САҲА аз ҷонибҳои даргири Қирғизистон


Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз ҳамаи ҷонибҳои мухолиф дар Қирғизистон даъват ба амал овардааст, то аз идомаи хушунатҳо худдорӣ кунанд. Ҷамъияти узбакҳои Ҷалолобод аз эҳтимоли даргириҳои қавмӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Қанот Савдобоев, раиси даврии САҲА ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, гуфтааст, САҲА аз ҳодисаҳои фоҷиабори Ҷалолобод шадидан нигарон аст. Дар изҳороти САҲА омадааст:

"Ман аз ҳамаи ҷонибҳо даъват мекнуам, то аз хушунат даст бардоранд ва ҳамаи талошашонро бар он равона созанд, ки мушкилро бо таҳаммул ва мусолиҳа ҳал бикунанд. Бавижа, низоъ бар мабнои миллат қабулнопазир аст.»

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо аз ду рӯзи пеш ба ин сӯ авзоъ дар ҷануби Қирғизистон дубора ташаннуҷ пайдо кардааст.

Низоъи қирғизу узбак?

Ҷамъияти узбакҳои Ҷалолободи Қирғизистон бо нашри як баёния аз эҳтимоли сар задании бархурдҳои қавмӣ ҳудор дода ва изҳори нигаронӣ кардааст. Ҷамъияти узбакҳои Ҷалолобод ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистонро ва бархе ба гуфтаи ин ҷамъият «унсурҳои миллатгаро»-ро дар сар задани ваъияти буӯронӣ муттаҳам донистааст.

Ҷамъияти узбакҳои Ҷалолобод дар забту ғорат ва оташ задани бинои Донишгоҳи дӯстии халқҳо дар ин шаҳр, дар рӯзи 19 –уми май ҷонибдорони Боқиевро муттаҳам донистааст. Ин донишгоҳ муассисаи таълимии мутааллиқ ба Қодирҷон Ботуров, раиси ҳизби «Родина» ва аз узбактаборони Ҷалолобод аст.

Ҷамъияти узбакҳои Ҷалолобод дар оташ задании хонаи Қурмонбек Боқиев низ шаҳрвандони Узбакистонро муттаҳам карда ва гуфтааст, ки узбакҳои Қирғизистон дар ин амал даст надоштаанд.

Ҷамъияти узбакҳои Ҷалолобод аз сокинони узбак ва қирғиз даъват кардааст, ки таҳаммулпазир бошанд.

Эълони вазъияти фавқуллода дар Ҷалолобод

Пас аз мавҷи нави эътирозҳо ва бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Ҷалолободи Қирғизистон, ки ду кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт, ҳукумати муваққат дар ин шаҳр вазъи фавқулода ва қуюди шабгардӣ эълон кард.

Ҳукумати муваққатӣ эъломияе мунташир ва дар он гуфт, ки вазъи фавқулода аз имрӯз то 1-уми июн давом хоҳад кард. Дар чаҳорчӯбаи вазъи фавқулода аз соати 8-и шом то соати 6-и субҳ қуюди шабгардӣ ҷорӣ мешавад. Фармонро дар бораи ҷорӣ кардани вазъи фавқулода Роза Отунбоева-раиси ҳукумати муваққатӣ имзо кардааст.

Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон рӯзи чоршанбе дубора садои тирпарронӣ шунида шуд. Тибқи хабарҳои расида, бар асари ин даргириҳо ду нафар куштаву 45 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Гуфта мешавад, як гурӯҳ эътирозгарон дар назди Донишгоҳи дӯстии халқҳои Ҷалолобод ҷамъ омадаанд. Ин донишгоҳро Қодирҷон Ботиров, раиси Ҳизби «Родина» ва яке аз тоҷирони узбектабор, ки дар шаҳри Ҷалолобод ба сар мебарад, бунёд кардааст.

Эътирозгарон вайро дар барангехтани низоъи байниқавмӣ муттаҳам мекунанд. Ин дар ҳолест, ки атрофии донишгоҳро аз субҳи имрӯз кормандони милиса иҳота гирифтаанд. Шумораи эътирозгарон дар ҳудуди якуним-ду ҳазор нафар тахмин мешавад.

Ба гуфтаи Бектур Асанов, раиси ҳукумати вилояти Ҷалолобод, эътирозгарон аввал дар ипподром гирдиҳам омада, баъд ба тарафи шаҳри Ҷалолобод раҳпамоӣ кардаанд.

Кӣ низоъи қирғизу узбакро бар меангезад?

Вай мегӯяд, эътирозгарон талаб карданд, ки Қодирҷон Ботировро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд. Ба таъкиди Бектур Асанов бояд дақиқ кард, ки кӣ дар барангехтани низоъҳои баниқавмии қирғиз ва ӯзбек даст дорад.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳол эътирозгарон тасмим гирифтаанд, ки ба ҳавлии Қодирҷон Ботиров раванд. Гуфта мешавад, иштирокчиёни ин аксуламал Қодирҷон Ботировро ҳамчунин дар оташ додани ҳавлиҳои наздикони Боқиев дар деҳаи Тейит низ муттаҳам кардаанд.

Ҳатто шиорҳои «Маҷмӯаи Ботировро нест бояд кард!»низ дар ҷараёни намоиши эътирозӣ садо додааст. Оинаҳои як тарафи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Ҷалолобод дар натиҷаи сангандозиҳои эътирозгарон резе-реза шудааст.

Кормандони умури интизомӣ чун одати дерина худ, раванди ҳодисаҳоро назорат мекунанд.

Баёнияи Роза Отунбоева

Дар ҳоле ки вазорати тандурустии қирғиз аз кушта шудани як нафар ва ҷароҳат бардоштани 17 шаҳрванди ин кишвар иттилоъ пахш намуд, Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфт, ки вазъият зери назорати ҳукумат дорад.

Дар изҳороте, ки Роза Отунбоева дар робита ба ҳаводиси Ҷалолобод пахш кард, гуфта мешавад, аз зиддиятҳои байниқавмӣ бояд ҷилавгирӣ кард.

Раиси ҳукумати муваққат дар пай аз мардуми кишвараш даъват намуд, ки дар рӯзҳои барои Қирғизистон басо вазнин суботу оромиро ҳифз кунанд. «Дар минтақаи ҷануб намояндагони ҳукумати муваққатӣ ва фаъолони вилоят ҳузур доранд. Вазъият зери назорати намояндаи хоси ҳукумати муваққатӣ Исмоил Исоқов аст. Мо нерӯҳое дорем, ки дар вилояти Ҷалолобод аз таъсиси ҳар навъ беназмиҳо ҷилавгирӣ карда метавонанд».

Тибқи хабарҳо аз назди Донишгоҳи дӯстии халқҳои Ҷалолобод муҳофизони ин донишгоҳ ба манзури боздоштани ҳамлаи эътирозгарон ба тарафи онҳо тир кушодаанд.
XS
SM
MD
LG