Пайвандҳои дастрасӣ

Ба болои дари чандин дӯкону фурӯшгоҳҳои як замон пуродами шаҳри Хуҷанд навиштаҷоти "Ба иҷора медиҳам" насб шудааст.

Бӯҳрони давомдори иқтисодӣ бозори як замон гарми моликони дӯкону фурӯшгоҳҳоро, ки барои тоҷирон ба иҷора дода мешуд, дар шаҳри Хуҷанд сард кардааст. Ҳоло дари даҳҳо дӯкону фурӯшгоҳҳо баста шуда, ба болояшон навиштаҷоти “Ба иҷора медиҳам”-ронасб кардаанд.

Хабарнигори Озодӣ рӯзи 26 феврал танҳо дар маҳаллаи 19-уми маркази вилояти Суғд ҳудуди 15 фурӯшгоҳи холиро баршумурд, ки соҳибонашон интизори иҷорагирҳо нишастаанд. Қаблан ин фурӯшгоҳҳо боз буда, ба сокинон маводи ғизоӣ, маводи техникии рӯзгор ва бозичаҳои бачагона пешниҳод мекарданд.

Шарифҷон, як фурӯшандаи молҳои техникии рӯзгор, тиҷораташро аз як дӯкони воқеъ дар маркази Хуҷанд ба бозори “Назари нек”, дар наздикии бозори маъруфи “Атуш” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯчонд. Ин бозор барои 3 моҳ дӯконҳояшро бепул дар ихтиёри мизоҷони наваш мегузорад. Шарифҷон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар дӯкони бепул мехоҳад миёни тиҷорати хамидаашро каме ҳам бошад, рост кунад.

Ба қавли мусоҳиби мо, ӯ соли гузашта барои 12 метри мураббаъ дӯконаш ҳар моҳ ҳазор сомонӣ иҷорапулӣ медод, аммо дар пайи болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ соҳиби дӯкон низ маблағи иҷораро боло бурдааст. “Аз як тараф харидорон пул надоранд ва фоидаи мо низ камтар аст. Аз тарафи дигар соҳибони дӯконҳо пули иҷораро бо таваҷҷуҳ ба болоравии қурби доллар ҳисоб мекунанд, ки миёншикан аст,” – гуфт ӯ.

Тоҷири як мағозаи дигари хӯрокворӣ дар Хуҷанд ҳам тиҷораташро баста ва дӯконашро ба иҷора гузоштааст. Ӯ мегӯяд, “харидор кам, рақобат байни мағозаҳову бозорҳо бисёр сахт. Моҳҳои охир маводи ғизоӣ аз хориҷаву корхонаҳои дохилӣ кам меовардем. Савдо, ки суст шуд, супоридани маблағи андозҳову гардиши пул мол ҳам бароямон гарон афтод. Барои ҳамин худатон дида бошед, бисёр мағозаҳоро баста истодаанд.”

Масъулони идораи андоз мегӯянд, ин вазъ саросарӣ нест. Парвиз Хошоков, аз масъулони бахши бақайдгирии соҳибкорон дар раёсати андози Хуҷанд, гуфт, агар дар моҳи феврал дар маркази вилояти Суғд 90 соҳбикори хурд фаъолияти худро расман қатъ намуда бошад, дар иваз наздики 140 нафар патенти соҳибкорӣ гирифтаанд.

Вай аммо баста шудани бархе мағозаву ба иҷора гузоштани ҷойи онҳоро тасдиқ кард ва гуфт, аз қабл соҳибкони дӯконҳо нархи иҷораро бо ҳисоби бо доллар таъин мекарданд ва дар пайи боло рафтани қурби доллар иҷорапулиро ба сомонӣ кам накарданд. Аз ин рӯ бархе тоҷироне, ки дӯкону мағозаҳои хурду бузургро барои тиҷоратҳои хурд ба иҷора гирифта буданд, тиҷорати худро ба бозорҳои бузург, назири “Сомонбозор”-у “Назари нек” кӯч доданд, ки арзонтар ва ё барои давраи аввал ройгон аст.

Мирзо, як миёнарави иҷораи хона дар Хуҷанд мегӯяд, ба иҷора гирифтани дӯкон охири кор нест, балки ба болои он тоҷир муваззаф аст пули барқу об ва инчунин хидмати коммуналиро пардох кунад. Ӯ гуфт, нархи иҷораи мағозаҳо яксон нест ва бо машварати байни иҷордиҳандаву иҷорагир гузошта мешавад. Аз рӯи дӯконе, ки 12 метри мураббаи он дар маркази шаҳри Хуҷанд ба 1 ҳазору 500 сомонӣ ба иҷора гузошта шудааст, метавон тахмин зад, ки нархи иҷора дархӯри кисаи ҳар фурӯшанда нест.

Рӯзи 26 феврал дар назди мағоҳзаҳои холии ба иҷорагузошта ду ҷавонеро вохӯрдем, ки барои мағозаи нави худ ҷой меҷустанд. Онҳо гуфтанд, ки мағозаи хурди хӯрокворӣ доранд ва акнун мехоҳанд фурӯшгоҳи нави бузурге таъсис диҳанд: “Ҷойҳои иҷора бисёр. Мо ҳозир фақат дида истодаем. Баъд ягон ҷоро интихоб ва нархашро гапзанон мекунем.”

Қурби 1 доллари амрикоӣ аз 5 сомониву 30 дирам дар оғози соли гузашта то 8 сомонӣ боло рафт. ​Абулатиф Раҳимов, коршиноси масоили иқтисодӣ дар Суғд, мегӯяд, аз бӯҳрони иқтисодиву поинравии қурби сомонӣ асосан тоҷирони хурд, ки бо сармояи кам ва дар дӯконҳои иҷора савдо мекнанд, зиён мебинанд. Ӯ афзуд, "фурӯшандагони хурд имконияти зиёд надоранд ва дар сурати касод шудани молашон, ки намуду номгӯяш чандон зиёд нест, дар муқобили буҳронҳо бештар осебпазир мешаванд."

Дар ҳамин ҳол бархе аз мусоҳибони мо, ки мағозаи худро баста ва ба иҷора гузоштаанд, мегӯянд, бо ин ки аз эълони ба иҷора гузоштанашон чанд ҳафта мегузарад, вале ҳанӯз иҷорагири нав пайдо накардаанд. Ҳамаи онҳо мегӯянд, мунтазири он нишастаанд, ки бӯҳрони иқтисодӣ ҳарчӣ зудтар ба поён бирасаду оҳи сабук бикашанд.

XS
SM
MD
LG