Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти донишманди маъруф Мансур Бобохонов


Дар синни 81-солагӣ дар Душанбе донишманди маъруфи улуми таърих Мансур Бобохонов бар асари маризӣ даргузашт.

Дар лаҳзаҳои ахир дар назди бистари марги ӯ фарзандону наберагон ҳузур доштанд. Оқои Бобохонов раҳбарии маркази илмиву таҳқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро дар назди донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ӯҳда дошта, чанд таҳқиқоти ахири худро ба мавзӯи ҳаёт ва фаъолияти тоҷикони бурунмарзӣ бахшидааст.

М. Бобохонов 28 августи соли 1931 таваллуд шуда, соли 1953 факултаи таърихи ДДТ-ро хатм кардааст. Солҳои 1965 то 1982 декани факултаи таърих ва филологияи ДДТ будааст. Дар муддати як сол – аз соли 1998 то 1999 профессори кафедраи таърихи Донишгоҳи тоҷикиву русии Славянии Тоҷикистон будааст. То соли 2001 дар ҳамин донишгоҳ раҳбарии факултаи таъриху ҳуқуқ ва равобити байналмилалиро ба ӯҳда доштааст.


М.Бобохонов бо ҳамсараш
М.Бобохонов бо ҳамсараш
Аз соли 1954, ба навиштаи “Азия-Плюс”, наздики 400 китобу матолиби илмиро дар масоили таърихӣ нашр карда, солҳои охир бештар роҷеъ ба шахсиятҳои саршиноси миллати тоҷик дар хориҷи кишвар китоб навиштааст.
Мансур Бобохонов падари раҳбари ширкати матбуотии “Азия-Плюс” Умед Бобохонов аст.

Хешовандони марҳум мегӯянд, ҳафтаҳои охир Умед Бобохонов, ки солҳои охир дар ИМА ба сар мебарад, аз падари маризаш дар хона муроқибат мекард. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки ҷанозаи падарашро фардо, ҷумъа ба хок месупоранд.

Кормандони радиои “Озодӣ” дар робита бо даргузашти Мансур Бобохонов ба хешу наздикони ин донишманди маъруф тасаллият баён мекунад.
XS
SM
MD
LG