Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе бо Мансур Бобохонов падруд гуфтанд


Маросими ҷанозаи Мансур Бобохонов дар масҷиди марказии Душанбе.20-уми июли соли 2012.

Маросими ҷанозаи Мансур Бобохонов дар масҷиди марказии Душанбе.20-уми июли соли 2012.

Зуҳри ҷумъаи 20 июл маросими видоъ бо Мансур Бобохонов, донишманд ва муаррихи маъруфи тоҷик баргузор шуд.

Дар маросими видоъ шумораи зиёди донишмандон, дӯстон ва шогирдони Мансур Бобохонов ширкат доштанд ва суханронӣ карданд. Ин маросим дар маркази Душанбе, дар назди манзили марҳум баргузор шуд.

Баъдан ҷанозаи Мансур Бобохонов ба масҷиди марказии Душанбе интиқол шуд ва дар он ҷо пас аз адои намози ҷумъа намози ҷаноза гузошта шуд. Ҳамин тавр ҷасади Мансур Бобохонов дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда шуд.

Мансур Бобохонов рузи 19 июли соли 2012 дар синни 81 солагӣ аз олам даргузашт. Дар лаҳзаҳои ахир дар назди бистари марги ӯ фарзандону наберагон ҳузур доштанд. Оқои Бобохонов раҳбарии маркази илмиву таҳқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро дар назди донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ӯҳда дошта, чанд таҳқиқоти ахири худро ба мавзӯи ҳаёт ва фаъолияти тоҷикони бурунмарзӣ бахшидааст.

М. Бобохонов 28 августи соли 1931 таваллуд шуда, соли 1953 факултаи таърихи ДДТ-ро хатм кардааст. Солҳои 1965 то 1982 декани факултаи таърих ва филологияи ДДТ будааст. Дар муддати як сол – аз соли 1998 то 1999 профессори кафедраи таърихи Донишгоҳи тоҷикиву русии Славянии Тоҷикистон будааст. То соли 2001 дар ҳамин донишгоҳ раҳбарии факултаи таъриху ҳуқуқ ва равобити байналмилалиро ба ӯҳда доштааст.

Мансур Бобохонов сар аз соли 1954, наздики 400 китобу матолиби илмиро дар масоили таърихӣ нашр карда, солҳои охир бештар роҷеъ ба шахсиятҳои саршиноси миллати тоҷик дар хориҷи кишвар китоб навиштааст.

Дар як соли охир ин донишманд машғули омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти тоҷикони ҷаҳон машқул буд ва бо ин ҳадаф сафарҳои кориро ба ИМА, Ҳиндустон ва Фаронсаву Олмон анҷом дод. Ӯ ният дошт, ки таълифоти худ оид ба тоҷикони бурунмарзиро бо маводи тозатарин такмил ва омодаи чоп кунад.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG