Пайвандҳои дастрасӣ

​Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, як сокини 38-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар пайи муноқишаи оилавӣ гӯё ҳамсари худро дар пеши чашми ду фарзанди ноболиғаш бо зарби корд ба ҳалокат расондааст.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 38-солаи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд, ки барои қатли ҳамсараш айбдор мешавад. Ба иттилои маъмурони пулиси Суғд, ин мард ҳамсари 29-солаашро дар пайи як муноқишаи хонаводагӣ, ки он ҳам ба масъалаи пул иртибот доштааст, дар пеши чашми ду фарзанди ноболиғаш бо зарбаи корд ба ҳалокат расондааст.

Масъулони шӯъбаи тафтишотии умури дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯянд, ки ба дунболи ин ҳодиса нафари гумонбарро боздошт карда ва аз ҷойи ҳодиса далелҳои шайъӣ, аз ҷумла кордро гирифтаанд. Худи гумонбаршаванда гуфтааст, ки ҳамсараш аз ҳамёнаш гум шудани пулро баҳона карда, моҷароро оғоз бахшид ва ҳатто бо корд ба ҷониби ӯ таҳдид намуд.

Дар як навори видео, ки шабакаи Симои мустақили якуми шаҳри Хуҷанд низ намоиш дод, ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар посух аб пурсишҳои маъмурони пулис гуфт, "занам даъво кард, ки аз ҳамёнаш 4 ҳазор сомонӣ гум шудааст ва гуфт, ки гӯё ман дуздидаам. Вай таҳдид кард, ки ҳаминро баҳона карда ба ман туҳмат меазанад ва зиндонӣ мекунад. Дар ҳамин вақт яке корд тоб хӯрда, ба баданаш даромад."

Ҳоло бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар робита ба ин куштор парванда боз шуда, нафари гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG