Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Убайдуллоев ба суоли "чаро дӯконҳои Шоҳмансур баста шуданд?"


Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, 28 апрел бо гурӯҳи тоҷирони бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт мулоқот карда, далели баста шудани чанде аз дӯконҳои ин бозорро шарҳ додааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев -- шаҳрдори Душанбе баъд аз се рӯзи эътирози бархе аз соҳибкорони "Шоҳмансур" бо онҳо мулоқот карда, далели баста шудани чанде аз дӯконҳо дар ин бозорро шарҳ додааст. Убайдуллоев гуфтааст, бозори "Шоҳмансур", ки миёни сокинон бо номи "Зелённый" маъруф аст, аз аввал ҷои фурӯши маводи ғизоӣ ва сабзиҷот буд ва аз ин хотир дӯконҳое, ки дар он ҷо солҳои охир фурӯши либосу асбоби рӯзгорро ба роҳ монда буданд, баста шудаанд.

Бахтиёр Лақаев, раиси бозори Шоҳмансур, 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯҳбати Убайдуллоев бо соҳибкорон озод сурат гирифтааст. Ба қавли вай, Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфтааст, дӯконҳо тахриб намешаванд ва моликонашон метавонанд дар он фурӯши маводи ғизоиро ба роҳ монда ба корашон идома диҳанд.

"Агар не, онҳо бояд фаъолияташонро дар бозорҳои дигари пойтахт идома диҳанд,"--гуфт ӯ.

То кунун 90 фурӯшанди меваи хушк, донагиҳо ва асал аз бозори "Шоҳмансур" ба маркази савдои "Пойтахт 90" омадаанд, ки дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе воқеъ буда, ҳамагӣ соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт. Сайфулло Амонов -- сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои Душанбе мегӯяд, ин гуруҳи тоҷирон агар дар Шоҳмансур ҳар моҳ 240 сомонӣ пардохт мекарданд, ҳоло дар "Пойтахт 90" 60 сомонӣ пардохт мекунанду бас.

Даромадгоҳи бозори Шоҳмансур

Даромадгоҳи бозори Шоҳмансур

Дар сӯҳбат бо Маҳмадсаид Убайдуллоев соҳибкорон аз қарзрдор буданашон аз бонкҳо низ шикоят кардаанд. Вале, ба гуфтаи мусоҳибони мо, шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ки ин мушкили бузург набуда, ҳаллаш имконпазир аст.

Дар пайи як дастури раиси шаҳри Душанбе барои ба танзим даровардани бозори "Шоҳмансур" ва ҷилавгирӣ аз тамбашавии мошинҳо чанде аз дӯкони атрофи он баста шуданд. Ин тасмим рӯзи шанбеи 25 апрел норозигии даҳҳо тоҷири канори бозорро ба бор овард ва онҳо аз мақомот талаб карданд, ки ба ҳарфашон гӯш дода шавад. Ин гурӯҳи тоҷирон то ба идораи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон рафтанд, то ҳарфи дилашонро тариқи оинаи нилгун изҳор доранд.

Зӯҳро, яке аз тоҷироне, ки ин издиҳомро ҳамроҳӣ мекард, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "дӯконамро ду бор ба маблағи 6 ҳазордолларӣ харидам. Шартномаи мо то соли 2018 аст, аммо субҳ маҷлис шуд ва гуфтанд, зуд дӯконҳоро холӣ кунед. Мо намедонем чӣ кор кунем?!"

Мӯҳри дари баъзе аз дӯконҳо дар бозори Шоҳмансур

Мӯҳри дари баъзе аз дӯконҳо дар бозори Шоҳмансур

Ҳамин тавр, бархе дигар аз тоҷирон мегӯянд, аз бонкҳо аз 3 то 20 ҳазор доллар қарздоранд ва баста шудани дӯконҳояшон ба зиндагии онҳо зарбаи камаршикан мезанад.

Ин дӯконҳо баъд аз як дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе баста шуданд, ки гуфт, аз 1 майи соли ҷорӣ фурӯши баъзе аз навъҳои молу маҳсулот дар ин бозор маҳдуд хоҳад шуд. Мақомоти Душанбе мегӯянд, ин тасмим на бо ҳадафи зарба задан ба тоҷирон, балки "бо мақсади аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию бе тамбашавӣ ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингузари назди бозори Шоҳмансур" гирифта шудааст.

Дар ҷаласаи рӯзи 21 апрели шаҳрдорӣ низ таъкид шудааст, барои тоҷироне, ки аз ҷойҳои худ дар бозори "Шоҳмансур" маҳрум мешаванд, дар "Маҷмааи савдои Пойтахт-90" нуқтаҳои савдо пешбинӣ шавад. Вале тоҷирони норозӣ мегӯянд, шартномаи бозори "Пойтахт 90", ки ба қиммати 40 миллион доллар бунёд шуда, соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт, хеле гарон буда, ба онҳо гуфтаанд, дар ин

Соҳибкорони норозӣ

Соҳибкорони норозӣ

бозор фақат маҳсулоти "фирмавӣ" хоҳанд фурӯхт. Яке аз ин тоҷирон гуфт: "мо аз куҷо ин қадар маблағ дорем, ки молу маҳсулоти фирмавӣ меорем? Онҳо хеле гаронанд? Харидорон дар ин бозор низ хеле каманд. Аз куҷо қарзҳоямонро бармегардонем?"

Бозори Шоҳмансур аз бозорҳои маъруфи пойтахти Тоҷикистон аст, ки дар он ҷо бештар маҳсулоти ғизоӣ, сабзавоту меваҷот ва либосу матоъ мефурӯшанд. Вале тоҷирон танҳо дар дохили бозор набуда, гурӯҳе аз онҳо дар ду тарафи роҳи паҳлӯи бозор ҳам саф мекашанд, ки гоҳо ба роҳгузарии сокинон халал ворид мешавад. Бархе аз нозирони умур мегӯянд, солҳои сол аст, ки ин вазъ дар бозори Шоҳмансур мушоҳида мешавад ва ҳоло тасмими бастани баъзе дӯконҳо барои тамбанашавӣ дар назди бозор шояд баҳонаи хубе барои кӯч додани тоҷирон ба маркази савдои "Пойтахт 90" бошад.

Дар ҳоле ки моҳи январи соли ҷорӣ масъулони шаҳрдорӣ дар нишасти хабарӣ иқрор карда буданд, "ними муассисаи давлатии “Маркази савдои Пойтахт 90” холист". "Маркази савдои Пойтахт-90", ки бо 194 миллион сомонӣ аз буҷаи шаҳри Душанбе дар кӯчаи "Меҳнат" бунёд шудааст, моҳи сентябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG