Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлинда ва нахустин тиллои Олимпии Косово. ВИДЕО


Баъди бурдани нишони тилло ашк аз чашмони Маҷлинда Келмендӣ ҷорӣ шуд

Баъди бурдани нишони тилло ашк аз чашмони Маҷлинда Келмендӣ ҷорӣ шуд

Маҷлинда Келмендии 25-сола нахустин варзишгари Косово барандаи медали тиллои Олимпиада дар Рио-де-Жанейро дар бахши ҷудо шуд. Кишвари Косово, ки соли 2008 истиқлолияташро аз Сербистон эълон кард, барои нахустин бор аст, ки дар бозиҳои мӯътабари варзишӣ иштирок мекунад. Пирӯзии Маҷлинда ба шарофати мағлуб кардани рақиби итолиёиаш Одетта Ҷуффрида имконпазир шуд. Ин кишвари хурди Балкан соли 2014 ба узвияти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ пазируфта шуд, то он замон варзишгарон, аз ҷумла Маҷлинда Келмендӣ зери парчами кишварҳои дигар ҳунарнамоӣ мекарданд.

Одетта Ҷуффрида ва Маҷлинда Келмендӣ

Одетта Ҷуффрида ва Маҷлинда Келмендӣ

Маҷлинда рӯзи ҷумъа дар маросими кушоиши бозиҳои олимпӣ парчамбардори тимаш буд, ӯ қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон дар сабқати ҷудо мебошад. Дар бозиҳои олимпии Лондон чор сол пеш Маҷлинда зери парчами Албанистон баромад кард, вале медал бурда натавонист. Вай мегӯяд, ки бо вуҷуди пешниҳодҳои зиёд аз кишварҳои дигар, ҳамеша орзу дошт маҳз ба ҳайси намояндаи Косово дар Олимпиада ҳунарнамоӣ кунад:

«Ин хеле муҳим аст. Дар Косово мардуми зиёд, бахусус кӯдакон ба ман ҳамчун қаҳрамон нигоҳ мекунанд. Ман исбот кардам, ки ҳатто баъди ҷанги хонумонсӯзе, ки аз сари мо гузашт, онҳо метавонанд ба мақсади худ бирасанд. Агар онҳо ташнаи медали олимпӣ бошад, ҳатман ба он муваффақ мешаванд. Ҳатто агар мо аз як кишвари хурду камбағал омада бошем, замири мо қавӣ аст».

Олимпиадаи имсола рекордҳои нави дигарро ҳам ба намоиш гузошт. Аз ҷумла, рӯзи якшанбе Сара Сйостром аз Шветсия дар шиноварӣ бо методи баттерфляй нахустин тиллои олимпиро бурд. Сйостроми қаҳрамони секаратаи ҷаҳон дар фосилаи 55,48 сония масофаи 100-метраро тай ва рекорди нави олимпӣ гузошт.

Тими духтаронаи камонварони Русия натавонистанд дар сабқат бо Кореяи Ҷанубӣ ба тилло мушарраф шаванд. Мақоми аввал дар рақобатҳои рӯзи якшанбе насиби кореягиҳо шуд ва русҳо баъдан гуфтанд, ки дар пасманзари моҷароҳои марбут ба истеъмоли допинг андаке хаставу рӯҳафтода буданд.

Ришод Собиров

Ришод Собиров

Шаби якшанбе Майкл Фелпс дар шиноварии эстафетаи озод ҷои аввалро гирифт ва ин 19-умин медали тиллои варзишгари амрикоӣ шуд. Ин рекорди Фелпс дар ҷаҳон собиқа надорад.

Барои Ӯзбакистон ҳам рақобатҳои рӯзи якшанбе натиҷаҳои хубе овард. Дар риштаи ҷудо Ришод Собиров барандаи медали биринҷӣ шуд. Нахустин медали олимпии имсола ва он ҳам биринҷиро дар бахши ҷудо ба Ӯзбакистон варзишгари дигар Диёрбек Урозбоев таъмин кардааст.

XS
SM
MD
LG