Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмуд Абдуллоев ба доварии Бозиҳои V соҳилии Осиё рафт. ВИДЕО


Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев дар Бозиҳои V соҳилии Осиё сардовари мусобиқаи самбо таъин шудааст. Пеш аз сафар ба ин мусобиқа, ки 30-юми сентябр дар шаҳри Дананги Ветнам шуруъ мешавад, ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Самбо барои дувумин бор аст, ки ба барномаи Бозиҳои соҳилии Осиё дохил шудааст. Аввалин бор мусобиқа аз рӯи ин намуд дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё соли 2014-ум дар шаҳри Фукети Тайланд барпо гардида буд. Ман сардовари ин мусобиқа будам. Шӯрои олимпии Осиё ин дафъа низ маро ба ин вазифаи масъул таъин намуд. Довар бояд одилу боинсоф бошад. Ман ҳамчун сардовар ҳамеша аз ҳамкасбонам ин чизро талаб мекунам ва ба онҳо мегӯям, ки дар мавриди баҳодиҳӣ ба сабқати гуштигирон ҳукми одилона бароранд”.

Навори видео инҷост:

​Маҳмуд Абдуллоев на танҳо дар Осиё, балки дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф аст. Ӯро муовини аввали раиси Шӯрои самбои Осиё, раиси комиссиюни доварони қора, раиси Федератсиони самбои Осиёи Марказӣ ва узви кумитаи иҷроияи Федератсиони байналмилалии самбо интихоб кардаанд.

Маҳмуд Абдуллоев мегӯяд бо вуҷуди рушди самбо дар Тоҷикистон дар тӯли беш аз 40 сол касе аз паҳлавонони тоҷик ба мисли Саидмуъмин Раҳимов ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф нашудааст. Ӯ афзуд, “самбо дар Тоҷикистон аз солҳои 60-уми қарни XX роҳандозӣ шудааст. Поягузори ин намуди варзиш дар кишвари мо мураббии варзидаи гуштӣ Исмат Абдуллоев мебошад. Гуштигирони тоҷик дар тӯли солҳои зиёд дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ҷоизаҳо ба даст овардаанд. Вале, мутаассифона, баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов соли 1975 дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Мински Беларус, то ҳоло ягон гуштигири дигар аз Тоҷикистон медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст наовардааст.

Албатта, қаҳрамони ҷаҳон шудан аз варзишгар заҳмати зиёдро талаб мекунад. Инчунин барои он ки варзишгар дар намуди интихобкардааш ба қуллаи баландтарин бирасад, ӯ бояд аз ҳама ҷиҳат (машқгоҳи замонавӣ, мураббии пуртаҷриба, равоншинос, ғизо, маводи витаминдор) таъмин бошад ва дар як сол камаш дар 10-15 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзад”.

Маҳмуд Абдуллоев, сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, талош дорад ки самбо ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил шавад. Вай мегӯяд, “ барои ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил шудани самбо Федератсиони байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба субут расондааст ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ пешниҳод гардидааст. Самборо Шӯрои олимпии Осиё эътироф карда, ба барномаи Бозиҳои осиёӣ шомил намудааст. Фикр мекунам, ки дар оянда самбо, инчунин аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта мешавад”.

Маҳмуд аз сулолаи паҳлавонон Абдуллоевҳо мебошад. Гуштиро аз амакаш Исмат Абдуллоев омӯхтааст. Ин мураббии маъруф, ки шогирдоне ба мисли ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов тарбия кардааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Маҳмуд аз солҳои 80-уми асри гузашта ба гуштии самбо машғул шуда, дар ин ришта ҳамчун варзишгар муваффақ гаштааст ва то ба дараҷаи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ расидааст. Баъдан ба унвони “Мураббии шоистаи Тоҷикистон” мушарраф шудааст. Ва аммо Маҳмуд Абдуллоевро бештар ҳамчун довари варзида эътироф мекунанд. Вай ягона мутахассиси тоҷик аст, ки дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ ба ҳайси сардовар ифои вазифа менамояд ва боиси ифтихори мост”.

Маҳмуд Абдуллоев ҳамчун падар ва бобо ба тарбияи фарзандону наберагонаш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Вай се писару ду духтар ва панҷ набера дорад. Фарзанди бузургаш Азиз Абдуллоев, ки ба мисли падараш хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад, мегӯяд, “падарам барои мо, фарзандон, намунаи ибрат аст. Ӯ моро ҳамеша ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Мо низ кӯшиш мекунем, ки ба мисли ӯ ба халқу ватан хидмати арзанда кунем ва номбардори Тоҷикистони азиз бошем”.

Маҳмуд Абдуллоев, ки серкору пурташвиш аст, мегӯяд хастагиашро дар ҳалқаи пайвандонаш рафъ мекунад.

XS
SM
MD
LG