Пайвандҳои дастрасӣ

Як тоқифурӯши бозори "Корвон"-и Душанбе дар оғоз нахост, ки мо растаи тоқиҳои ӯро аксбардорӣ кунем.

Саломат Ҳоҷиева далел овард, ки аз чунин аксбардориҳо хотирае хуб надорад. Ҳудудан ду сол қабл, ба гуфтаи вай мисли ман чанд аксбардори чиноӣ ҳам омада, тоқиҳои дастдӯзи ӯро акс гирифта будаанд. Бо гузашти муддате бозорҳоро тоқиҳои ба маротиб арзони сохти Чин ғасб кард ва тоқиҳои дастидӯхти Саломат-хола камхаридор шуданд: «Тоқиҳои дастидӯхти мо аз 70 сомонӣ то сад ва бештар аз он нарх доранд. Ҳастанд боз тоқиҳои тоҷикие, ки панҷоҳ сомонӣ нарх доранд. Аммо тоқиҳои чиноӣ нархашон аз 5 то 10 сомонӣ аст».




Хонум Ҳоҷиева мегӯяд, ҳарчанд афроде ҳастанд, ки то ҳол тоқиҳои дастидӯхти тоҷикиро аз чиноӣ авло медонанд, вале дар бозор тоқиҳои чиноӣ бинобар ниҳоят арзон буданашон серхариданд.




Иноят Собиров, як тоҷири дигари ҷавон дар бозори «Корвон» гуфт, ду сол мешавад, ки ба бозори Тоҷикистон тоқиҳои дӯхти Чин ворид шудаанд ва ӯ ва оилааш, ки ба дӯхтани тоқиҳо машғул буданд, ҳамакнун ба фурӯшандаи тоқиҳои чиноӣ табдил ёфтаанд: «Ҳоло мардум тоқии чиниро бештар мехарад. Ҳарчанд ки ин тоқиро 3 ё 4 моҳ мешавад дар сар гузошт. Лекин чун тоқии чинӣ аз тоҷикии дастидӯхт қариб 100 сомонӣ арзонтар аст, мардум, албатта, инро мехаранд.»

Як нигоҳи оддӣ ба бозорҳои Тоҷикистон метавонад собит кунад, ки аксари кулли моли ин бозорҳо дар Чин тавлид шудаанд. Аз досу болға то ба тасбеҳу дастор ва мурвату хурдтарин ашёҳои рӯзгор ҳамагӣ дар Чин истеҳсол шудаанд.

Ҳини гаштугузори мо дар бозорҳои Душанбе як тоҷири асбоби сохтмонӣ иқрор кард, ки чун мардум чандон ба сифати молҳои Чин эътимод надоранд, онҳо ашёи чиноиро чун моли Туркияву Русия муаррифӣ карда, ба фурӯш мегузоранд, "вале дар асл ҳамааш молҳои Чинанд."

Бо вуҷуди ин ки экспансия ва ё нуфузи молҳои тавлиди Чин танҳо хоси Тоҷикистон нест, коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон бо ин кишвар ҳаммарз аст ва иқтисоди заъиф дорад ва ба ин далел хатари экспансияи густардаи молҳои Чин дар кишвари мо хеле баланд аст.

Собир Вазиров, номзади илмҳои иқтисод ва корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, воқеан молҳои Чин бозорҳои Тоҷикистонро ғасб кардаанд ва доираи он ҳамарӯза густардатар мешавад: «Экспансияи молҳои чиноӣ дар бозори Тоҷикистон то ба ҷое расидааст, ки ҳатто молҳои дастидӯхти миллии моро аз бозор танг карда истодааст. Бояд давлат бозори дохилиро ҳимоя кунад. Таҳқиқотҳои мо нишон дод, ки аксарияти молҳои Чин бидуни декларатсия ва пардохтани боҷҳои гумуркӣ вориди Тоҷикистон мешаванд. Бинобар ин нархи онҳо хеле арзон шуда, дар бозори дохила рақобатпазириашон боло меравад. Ҳамон ҳаҷми боҷҳои гумрукие, ки мо дорем, метавонад бозори моро каме ҳимоя кунад. Аммо мо бояд назоратро дар сарҳад пурзӯр кунем, то инки молҳои хориҷӣ бо ҳар роҳу восита вориди кишвар нашаванд.»


"Тоқии кӯлобӣ", вале аз Чин

"Тоқии кӯлобӣ", вале аз Чин

Ҷаноби Вазиров афзуд, табодули моли Тоҷикистон бо Чин бояд хеле бештар аз он чӣ бошад ки омори расмии Душанбе нишон медиҳад. Дар ҳоли ҳозир, фарқ байни омори расмии Чин ва Тоҷикистон дар бораи ин табодул хеле зиёд аст.
Тибқи омори тозаи Ожонси омори Тоҷикистон, ҳаҷми воридоти маҳсулот аз Чин дар панҷ моҳи соли равон танҳо 11,1 фисади кулли маҳсулоти воридшуда ба Тоҷикистонро ташкил мекунад. Аммо коршиносон мегӯянд, ин рақам аслан ба воқеият наздик нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG