Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Маддоҳӣ” – пешае хеле пурдаромад


Бо таъсиси низоми Ҷумҳурии исломӣ дар Эрон дар соли 1979, тоифаи рӯҳонӣ бо номи “равзахон” комилан дигаргун ва номи онҳо ба “маддоҳони аҳли байт” тағйир ёфт.

Маддоҳӣ дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии исломӣ аз шуғлҳои пурдаромад ва бонуфуз аст. Ҳасани Фариштиён, пажӯҳишгари эронии муқими Фаронса дар бораи пайдоиши синфи маддоҳӣ ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ гуфт:

“Қабл аз инқилоб бахше аз рӯҳониён маъруф буданд ба “равзахонҳо” ва касоне, ки равза мехонданд, кори маддоҳиро инҳо бештар анҷом медоданд. Қишри маддоҳе, ки имрӯз рушд карда, ба сурати бисёр заифтаре вуҷуд дошт ва онҳо зермаҷмуае аз рӯҳониён буданд ё дар қолаби равзахонҳои рӯҳонӣ буданд, дақиқан "поманбағӣ" гуфта мешуданд. Аммо ин, ки инҳо трибун ё минбари мустақиле дошта бошанд, ин дар солиёни ахир ба вуҷуд омада ва нақши маддоҳӣ дар басиҷи нерӯҳои замони ҷанг ва эъзоми онҳо ба ҷабҳаҳо, ин нақш баъдан ба сурати ҷабҳаи сиёсӣ даромад. Яъне талош шуд аз ҳамон маддоҳоне, ки дар замони ҷанг дар тарғиби фаъолон ба ҷабҳаи ҷанг хеле фаъол буданд, истифода шавад, аз маддоҳони сиёсӣ ҳам чунин истифода шуд. Маддоҳон ба роҳатӣ метавонад ба сурати абзоре дар ихтиёри ҳокимият қарор бигиранд ва таҳлилгари сиёсӣ мешаванд ва дар интихобот дахолат мекунанд ва дар масоили сиёсӣ ба сурати як ҳизби сиёсӣ амал мекунанд.”

http://www.youtube.com/watch?v=7iDwOqPfj28

Даромади маддоҳон аз ҷумлаи мавзӯъҳоест, ки дар расонаҳо борҳо мавриди баҳсу эътирозҳо қарор гирифтааст. Ба гуфтаи мудири кулли ҳаҷ ва авқофи Бушаҳр, "маддоҳе, ки барои як даҳа 200 миллион туман пул дарёфт мекунад ва мегӯяд, наҳзати Имом Ҳусайн фақат ирфонист ва сиёсӣ нест, сухангӯи душман аст.”

Пулдорҳо ба навиштаи “Ruzonline”, дар баргузории маросими миллиардии Ошуро ва Тосуъо (маросими рӯзи нуҳум ва даҳуми моҳи муҳаррам) бо якдигар рақобат ва дастмузҳои сад то дусад миллион тумании маддоҳони маъруф барои як шаби маддоҳӣ ва равзахониро пардохт мекунанд.

Аломатҳои як миллиард тумани суфориши хӯрокҳои пурқимат, таблҳо ва дуҳулҳои даҳ миллион туманӣ, танҳо бахше аз васоилу аносири ин рақобастҳост. Ба гузориши “Иқтисод нюз”, қимати аламҳои (парчамҳо) ҳайатҳои азодории ин рӯзҳо ҳатто ба як миллиард туман ҳам мерасад, чун дар сохти ин аламҳо, филизҳои гаронбаҳо, монанди тилло истифода мешавад.

Равзахонҳо дар солҳои қабл аз инқилоб дар Эрон маъмулан аз 5 то 100 туман дастмузд мегирифтанд. Аз омори маддоҳон шумори дақиқе дар даст нест, аммо ба гуфтаи раиси Созмони таблиғоти исломии вилояти Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ, танҳо дар ин вилоят 350 маддоҳи мард ва 270 маддоҳи зан шиносоӣ шудаанд, ки дар давраҳои омӯзишӣ ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG