Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдони чархбол, ҳавзи ширмоҳӣ... Саёҳат ба бӯстонсарои як мансабдор


Бӯстонсарои пуршукӯҳи Володин
Бӯстонсарои пуршукӯҳи Володин

Як узви калидии ҳукумати Владимир Путин дар посух ба иттиҳоми фасодкорӣ бӯстонсарои пуршукӯҳаш дар канори Маскавро ба журналистон нишон додааст.

Вячеслав Володин, муовини раҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва аз афроди пурнуфуз дар Кремл дар посух ба иттиҳоми фасодкорӣ барои журналистон саёҳати вижаеро ба бӯстонсарои пуршукӯҳаш дар 80-километрии Маскав ташкил кардааст.

Як сол пеш, вақте фаъолони мухолифини Русия талош карданд, ба бӯстонсароҳои мақомоти баландпояи Кремл дар вилояти Маскав “саёҳати чирикӣ” ташкил кунанд, пулис ва як издиҳоми мардони пархошҷӯ монеи анҷоми ин барнома шуданд.

Вале зоҳиран бархе мансабдорон шеваи бархӯрд ба интиқодҳо дар бораи зиндагии беш аз ҳад пуршукӯҳи онҳоро имсол дигар кардаанд. Вячеслав Володин дар яке аз рӯзҳои истироҳати поёни ҳафтаи гузашта дарвозаҳои бӯстонсарояшро худ ба рӯи журналистон ва мардуми кунҷкобе, ки мехоҳанд бо маоши давлатӣ чигуна соҳиби бӯстонсарои муҷаллали соҳиби ҳатто майдони нишасти чархбол ва як ҳавзи ширмоҳӣ (форел) шудани ин мансабдори баландпояро бидонанд, боз кард.

Вячеслав Володин ва Владимир Путин
Вячеслав Володин ва Владимир Путин

Володин муовини раиси дастгоҳи раисиҷумҳур ва як нафари калидӣ дар таъини сиёсати дохилии Владимир Путин ба шумор меравад. Бино ба гузориши рӯзи 11 августи RBC Daily, Володин шахсан бӯстонсарояш дар 80-километрии шимолуғарби Маскавро ба журналистон тамошо додааст.

Зоҳиран ин иқдом дар посух ба яке аз раҳбарони мухолифини Русия Алексей Навалний аст, ки Володин ва ҳамсояҳои низ мансабдори ӯро ба харидории бӯстонсароҳои пуршукӯҳ аз ҳисоби даромадҳои ғайриқонунӣ ва нишон надодани ин амвол дар эъломияи андозашон айбдор кардааст.

Майдони чархбол ва ҳавзи ширмоҳӣ

Алексей Навалний ва ёронаш дар солҳои охир иттилооти зиёдеро дар бораи амволи марбут ба мансабдорони баландпояи Русия дар дохил ва хориҷи ин кишвар нашр карданд, то ба мардум нишон диҳанд, ки сарони кишвар нуфуз ва мақоми сиёсии худро барои ғундоштани сарвати хусусӣ истифода мебаранд. Гурӯҳи мубориза бо фасоди Алексей Навалний аз ҷумла молу мулки марбут ба Вячеслав Володинро 155-200 миллион рубл, муодили 2,4 – 3,1 миллион доллар баҳо кардааст.

Бино ба таҳқиқоти дар соли 2013 анҷомдодаи Навалний, арзиши молумулкаш аз 17,2 миллион рубл маоши умумии Володин дар солҳои 2010-2012 бамаротиб бештар аст.

Гармхонаи Володин
Гармхонаи Володин

Бӯстонсарои Володин дар майдони қариб 19 500 метри мураббаъ доман густурда, баробари 3 майдони футбол аст ва аз ҷумла аз як манзили масоҳаташ 744 метри мураббаъ, майдони нишасти чархбол ва ҳавзе, ки дар он ширмоҳӣ парвариш мекунанд, иборат мебошад.

Ин бӯстонсаро ба кооперативи дачаҳо бо номи “Сосна” шомил мешавад. Дар ин кооператив мансабдорони баландпояе, чун муовини сарвазири Русия Сергей Приходко ва муовини раиси Думаи давлатии Русия Сергей Неверов низ бӯстонсароҳои пуршукӯҳ доштаанд.

Бино ба маълумоти Алексей Навалний, гулҳои бӯстонсарои Володин дар клумбаҳои мармарӣ шинонда шудаанд. Аммо хабарнигори RBC Daily Михаил Рубин менависад, ки ин клумбаҳо чӯбинанд. Володин гуфтааст, «метавонед бо дандон ҳам санҷед, ин мармар нест.»

Володин журналистонро дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта ба бӯстонсарояш бо чархбол овардааст. Ӯ гуфтааст, тарҳи ин бӯстонсароро бар пояи омӯзиши санъати ҳавлисозӣ дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Фаронсаву Чехия, худаш кашидааст. Ба гуфтаи ин мансабдор, сохтмони бӯстонсарои ӯ дар маҷмӯъ 10 сол тӯл кашид.

Володин гуфтааст, ҳоло як чархболро иҷора гирифтааст ва бо кумаки мураббӣ тарзи ронданашро меомӯзад.

Дар Кремл гуфтаанд, молу мулки Вячеслав Володин ягон паҳлуи торик надорад. Дар моҳи феврали соли 2014 Олег Плохой, раҳбари идораи мубориза бо фасоди Русия гуфта буд, Володин сохтмони бӯстонсарояшро аз ҳисоби маблағҳои худи ӯву аҳли хонаводааш маблағгузорӣ карда, аз бонк ҳам ба ин манзур қарз гирифтааст.

Суоли нави Навалний

Алексей Навалний
Алексей Навалний

Алексей Навалний ба дунболи нашри «сафарнома»-ҳои журналистон баъд аз тамошои бӯстонсарои Вячеслав Володин бо «як пиёла чой» дар верандаи бӯстонсарои ин мансабдори баландпояро «хеле дилкаш» сифат кард, вале навишт: «Ин набояд моро як лаҳза ҳам аз суолҳои асосӣ дур барад: Манбаъҳои даромади ӯ барои сохтмон ва нигоҳдории ин қасрҳо аз куҷост?»

Истиқбол аз меҳмонони Володин назар ба саёҳати як сол пеши тарафдорони Навалний ба ҳамин минтақа хеле хуштар буд. Дар моҳи майи соли гузашта пулиси роҳ чандин бор дар роҳ тарафдорони Навалнийро бо баҳонаи «амалиёти зиддитеррористӣ» манъ ва тафтиш кард. Вақте онҳо билохира ба маҳалли бӯстонсароҳои мансабдорони баландпояи Кремл расиданд, пеши роҳашонро гурӯҳи мардони ношинос гирифт ва монеи гаштугузор дар атрофи бӯстонсароҳо ва наворгирӣ дар ин минтақа шуд. Як афсари пулис дар посух ба суоли яке аз тарафдорони Навалний, ки оё дар ин минтақа ин қадар афсари пулис чӣ кор мекунанд?, гуфт, дар ин қаламрав ҳодисаҳои дуздӣ зиёд шудаанд ва онҳо бояд тафтиш кунанд.

XS
SM
MD
LG