Пайвандҳои дастрасӣ

9 май дар Маскав: А.Лукашенко даст кашид, Э.Раҳмон меравад


Дар ҳоле ки Александр Лукашенко аз иштирок дар реҷаи низомии бахшида ба 70-солагии ҷашни ғалаба дар Маскав даст кашидааст, Русия мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим ҳузур хоҳад дошт.

Вазорати умури хориҷии Русия эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон дар реҷаи низомии бахшида ба ҷашни 70-солагии ғалабаи Шӯравии собиқ ба Олмони нозӣ ё фашистӣ дар Маскав иштирок мекунад. Ин маросим рӯзи 9 май дар майдони сурхи пойтахти Русия баргузор хоҳад шуд.

Ин иттилоъро то кунун мақомоти расмии Тоҷикистон тасдиқ накардаанд ва бисёре аз масъулони ниҳодҳои давлатӣ низ гуфтанд, ба ин суол рӯзи душанбе ҷавоб хоҳанд гуфт. Аммо торнамои расмии вазорати умури хориҷии Русия навиштааст, ин масъала дар суҳбати рӯзи 16 апрели Георгий Карасин -- муовини вазири умури хориҷии ин кишвар бо Имомуддин Сатторов – сафири Тоҷикистон дар Маскав баррасӣ ва ҳал шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Александр Лукашенко -- раисиҷумҳури Беларус эълон кардааст, дар гашти низомӣ бахшида ба 70-солагии хатми ҷанги бузурги ватанӣ ё ҷанги дувуми ҷаҳонӣ иштирок нахоҳад кард, агарчӣ гуфтааст, дар рӯзҳои 7-8 май аз Маскав боздид анҷом медиҳад. Ӯ рӯзи 18 апрел

Александр Лукашенко

Александр Лукашенко

​дар сӯҳбат бо хабарнигорон афзудааст, "9 май дар Минск мешавам. Мо низ бахшида ба ҷашни ғалаба чун Маскав паради низомӣ баргузор мекунем. Мумкин нест, ки сарфармондеҳ дар ин маросим иштирок накунад. Бар асоси қонуни асосӣ ҳеч кас ба ҷуз сарфармондеҳ ҳаққи қабули паради низомиро надорад."

Раҳбари Беларус вале аз мавқеи бисёре аз сиёсатмадорон, ки ба қавли ӯ "муғризона" гуфтаанд, ки ба ҷашни ғалаба ба Маскав нахоҳанд рафт, ҷонибдорӣ накардааст. Ӯ гуфтааст, "иштирок дар маъракаҳои ҳамсон дар кишвари худ метавонад сабаби нарафтан ба Маскав шавад, аммо вақте ин корро муғризона алайҳи Русия мекунанд, кори дуруст нест."

То кунун намояндагони тақрибан 25 кишвари дунё, аз ҷумла Ҳиндустон, Чин, Сербистон ва Куриёи Шимолӣ эълон кардаанд, дар реҷаи низомӣ бахшида ба ҷашни 70-солагии ғалаба дар Маскав иштирок хоҳанд кард. Аммо бисёре аз раҳбарони ҷаҳон аз иштирок дар ин маросими Маскав

Девид Кэмэрон ва Барак Обама

Девид Кэмэрон ва Барак Обама

худдорӣ кардаанд, ки дар қатори аввал Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Дэвид Кэмерон – нахуствазири Бритониё қарор доранд.

Раисиҷумҳури Лаҳистон ё Полша Бронислав Коморовский низ аз иштирок дар ҷашни ғалаба дар Маскав худдорӣ карда ва ин тасмими худро ба хушунатҳо дар шарқи Украина рабт додааст. Милош Земан, раисиҷумҳури Чех, ки аз "дӯстон"-и Русия дониста мешавад ва борҳо барои тарафдорияш аз мавқеи Маскав "гап" шунидааст, низ ахиран эълон карда, ки дар реҷаи низомии Маскав дар майдони сурх иштирок карда наметавонад.

Сухангӯи ӯ Иржи Овчачек гуфтааст, Земан шоми 8 май ба пойтахти Русия меояд, аммо рӯзи 9 май баъд аз посдории хотираи қурбониёни ҷанги дувуми ҷаҳонӣ имкони иштирок дар реҷаи низомиро надорад, чун ба қавли ӯ бо нахуствазири Словакия Роберт Фиц мулоқот анҷом хоҳад дод. Қаблан гуфта мешуд, Земан дар гашти низомии бахшида ба 70-

Милош Земан ҳамроҳи Владимир Путин

Милош Земан ҳамроҳи Владимир Путин

солагии ғалаба дар пойтахти Русия иштирок хоҳад кард ва ин тасмими ӯ бо мухолифатҳои шадид дар кишвараш, ки узви Иттиҳодияи Аврупост, рӯбарӯ шуда буд.

Ҷашни 70-солагии ғалабаи Шӯравӣ бар Олмони нозӣ ё фашистӣ дар ҳоле ба як баҳси ҷаҳонӣ табдил шудааст, ки даҳ соли қабл, яъне шастсолагияш орому бе дарди сар гузашта буд. Он вақт дар шаҳри Маскав, дар майдони сурх, ба ифтихори пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум парад ё реҷаи низомии идона баргузор шуд, ки дар он 4 ҳазор собиқадорони ҷанг, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва 7 ҳазор низомиёни артиши Русия ширкат карданд.

Ҷараёни реҷаи низомии идона дар майдони сурхро сарони беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла раҳбарони вақти Амрикову Фаронса -- Ҷорҷ Буш ва Жак Ширак, собиқ нахуствазири Олмон Герҳард Шрёдер, роҳбарони Чин, Ҳинд, Ҷопон ва 11 ҷумҳури шӯравии собиқ тамошо карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар шумори меҳмонон дар Майдони Сурх буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG