Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лукашенка мегӯяд, касе ба Беларус ҳамла мекунад, бо шамшер кушта мешавад


Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка

Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка

Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка эълом дошт, ки кишвараш ҳаргиз бо Русия нахоҳад ҷангид, вале агар чунин низоъ сар занад, “барои ҳар ваҷаби замини худ” хоҳад ҷангид.

Дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ дар Минск, рӯзи 4 август, раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ҳамчунин гуфт, раҳбари мухолифони сиёсӣ, ки ҳабсаш эътирозҳоеро аз Иёлоти Муттаҳида тто Иттиҳоди Аврупо ба бор овард, мумкин аст, пеш аз интихоботи президентии моҳи октябр озод шавад.

Ин мусоҳиба, ки ду расонаи дигари мустақилро низ фаро мегирифт, барои раҳбари беларус, ки зиёда аз ду даҳа ба ин кишвар бо мушти оҳанин раҳбарӣ мекунад, рӯйдоди нодир буд. Сиёсати худхоҳонаи ӯ барояш лақаби “Охирин диктатори Аврупо”-ро овардааст.

Беларус ва дигар давлатҳои Шӯравии пешин аз амали Русия -- аннексияи Қрим дар соли гузашта ва ҳимоят аз ошӯбгарон дар шарқи Украина, ки идома дорад, ба изтроб омадаанд.

Лукашенка, ки муносибатҳояш бо Кремл баъзан тезутунд мешаванд, бо мизбонии чанд даври гуфтушуниди сулҳи Украина худро ба миёнараве байни Маскав ва Ғарб табдил дод.

Сар аз соли гузашта Русия бо истифода аз ҳавопаймо ва киштиҳо дидбонии марзҳои худ ва Баҳри Болтикро афзоиш дод. Ба пурсиши он ки оё сарнавишти Украина метавонад ба Беларус таҳдид кунад, Лукашенка посух дод, ки “Русия ҳаргиз бо Беларус нахоҳад ҷангид”.

“Мумкин аст, пагоҳ ягон кас хоҳад, ки қисме аз Полезияро бурида гирад”, гуфт ӯ, бо ишора ба минтақаи фарохи ҷангалҳо дар байни Беларус, Украина ва Полша. “Метавонед тахмин занед, ки вокуниши ман ва мардуми мо чӣ хоҳад буд? Мо барои ҳар ваҷаби заминҳои худ хоҳем ҷангид.”

“Агар онҳо бо шамшер оянд, аз шамшер кушта хоҳанд шуд,” изофа намуд ӯ.

Ҳамзамон Лукашенка эҳтимоли онро, ки Беларус метавонад, ҳадафи ишғолгарии Русия шавад, ночиз хонд.

Ҳангоми мусоҳиба

Ҳангоми мусоҳиба

“Матбуот пур аз тахминҳои мисли ин аст, ки “Оҳ Худои ман, ҳоло Украина ва баъд мо (Беларус). Ин мутлақо ахлот аст”, гуфт ӯ. “Ягон меъёр, аломат ё дастуре нест, ки Русия истиқлолият ва соҳибихтиёрии моро ҳатто дар андеша зери шубҳа гузорад. Бахсус бо назардошти сиёсате, ики мо содиқона дунбол мекунем – Беларус имрӯз ягона шарики ростин, бообрӯ ва боварбахши Русия аст.”

“ҶАҲОНИ РУСӢ”

Миллатгароёни рус ва ҳам президенти Русия, Владимир Путин дар пасманзари ишғоли Қрим ошкоро аз назарияи “Ҷаҳони русӣ” ё “Русский мир” сӯҳбат мекунанд, ки ба Маскав иҷоза медиҳад, қаламравҳои як замон марбут ба империяи русро дубора ба кишвари худ ҳамроҳ кунанд.

Ин иддао нигарониҳоеро дар бисёре аз кишварҳои Шӯравии собиқ, аз Қазоқистон гирифта то Беларус ба миён овардааст. Аммо Лукашенка ин нуктаро ба масхара мегирад ва онро“сохта” ва “вақ-вақи аҳмақона”-е меномад, ки дар байни мардуми Беларус пуштибонӣ надорад, ҳарчанд бисёриҳоро ошуфтахотир мекунад”.

“Розӣ хоҳед буд, ки ин ҳама бештар булаҷаб садо медиҳад ва одамон онро фаҳмида наметавонанд”, гуфт ӯ. “Ин ғавғо дар Беларус кам ё беш фурӯ нишастааст, чунки мо ҳамеша гуфтаем, ки мардуми Русия ва мо байни худ ягон мушкил надорем, вале оё ин дар Қазоқистн чӣ сару садо дорад?”

“Шумо аз кадом ҷаҳони русӣ ҳарф мезанед?” пурсид Лукашенка ва илова намуд, “пас мо ҳам бояд дар бораи ҷаҳони беларусӣ ё украинӣ ҳарф занем? Ин оё рӯёрӯии байни ҷаҳонҳои мухталиф аст?”

МУХОЛИФОНИ МАҲБУС

Дар давоми 21 соли ҳокимияташ Лукашенка мухолифони сиёсӣ, гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуоти мустақилро бераҳмона саркӯб кардааст.

Дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2010 нерӯҳои амниятӣ чандин раҳбарои мухолифон, аз ин миён номзади мустақил Миколай Статкевичро боздошт карданд. Дертар ӯ ба шаш соли ҳабс дар урдугоҳ маҳкум шуд.

Лукашенка аломат дод, ки мумкин аст, Статкевичро аввалҳои моҳи октябр озод кунад.

“Намехоҳам, суханбозӣ кунам, аммо ин масъала дар дастури кор ҳаст”, гуфт ӯ. “Фақат ман метавонам, дар ин бора тасмим гирам... Агар ӯ озод ҳам шавад, пеш аз интихобот озод хоҳад шуд. Агар озод нашавад, намешавад. Шумо дар ояндаи наздик чизе дар ин бора хоҳед шунид.”

Вай афзуд, агар Статкевич аз маҳбас озод шавад, “бигзоред, паси панҷара монад ва қаҳрамони маҳбас бошад”.

XS
SM
MD
LG