Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Охирин диктатори Аврупо" бори панҷум президент интихоб шуд


Дар интихоботи президентии Белорус Александр Лукашенко -- раиси ҷумҳури феълии ин кишвар бо касби 83,49 дарсади овозҳо баранда шуд. Ӯ аз соли 1994 боз зимоми қудратро дар Белорус дар даст дорад.

Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 боз дар Белорус ҳукумат мекунад ва "охирин диктатори Аврупо" номида мешавад, дар интихоботи перзидентии 11 октябр дар ин кишвар баранда эълон шуд. Комиссияи марказии интихоботии Белорус рӯзи 12 октбяр гуфт, ки интихоботи президентии он кишвар баргузоршуда эълон ва бо касби 83,49 дарсади овозҳо Лукашенко пирӯз гардидааст. Ин бори панҷум аст, ки Александр Лукашенко раҳбари Белорус интихоб мешавад.

Рақибони Лукашенко дар ин интихобот Татяна Короткевич, раҳабри ниҳоди мадании "Рост бигӯ" (Говори правду), Сергей Гайдукевич, раиси Ҳизби либерал-демократ ва Николай Улахович, раҳбари Ҳизби ватанпарасти Белорус мутаносибан 4,42, 3,32 ва 1,67 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.

Лидия Ермошина, раиси Комиссияи марказии интихоботи Белорус, 12 октбяр гуфт, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 87,2 дарсади интихобкунандагон иштирок карда ва 6,4 дарсади онҳо (дар шаҳри Минск 20,6 дарсад) алайҳи ҳамаи номзадҳои интихоботӣ овоз додаанд. Ба бовари коршиносон, ин як навъ эътирози сокинони Белорус ба интихоботи ғайридемократӣ дар ин кишвар будааст, ки дар радифи Александр Лукашенко рақиби воқеан нерӯманд ва чеҳраи саршинос дар интихобот ширкат надоштааст.

Ин коршиносон интихоботи Белорусро хоси кишварҳои пасошӯравӣ хондаанд, ки раҳбарони онҳо ба муддати тӯлонӣ дар ин кишварҳо ҳукумат мекунанд.

Александр Лукашенкои 61-сола бори аввал соли 1994, дар даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, баранда шуда ва дар соли 1996 аз тариқи ҳамапурсӣ муддати раёсати ҷумҳурии худро то соли 2001 тамдид кард.

Дар соли 2004 аз тариқи баргузории раъйпурсӣ маҳдудият барои касби курсии раиси ҷумҳурӣ барои пайиҳам ду бор лағв шуда ва ба дунболи он Александр Лукашенко дар се интихоботи дигар баранда шуд.

Интихоботи президентии Белорус
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00

XS
SM
MD
LG