Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе исми 200 барандаи роҳхати ҳаҷ муайян гардид.

Ба назар мерасад, масъулин ин шеваи корро ба хотири ҷилавгирӣ аз иттиҳомоти марбут ба роҳ ёфтани афроди беруна ба рӯйхати ниҳоии зоирон пеша кардаанд. Тибқи хабарҳо, қуръакашии нахустин рӯзи 10 апрел дар сохтмони Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар миёни сокинони ноҳияи Синои Душанбе баргузор шуд. Ин маросимро мақомоти ҳукумати ноҳияи Сино, масъулини Кумитаи корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон ва аъзои комиссиюни ҳаҷ назорат мекарданд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Мавлон Мухторов, муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод.

Хабарнигори оҷонсии “Ховар” мегӯяд, ки 143 нафар зоири 70-80 сола, ки ҳанӯз солҳои пеш исмашонро дар рӯйхатҳо ворид кардаанд, бенавбат ҳақи сафарро ба даст оварданд. Боқимонда 488 нафар барои бурдани 57 роҳхат қуръакашӣ намуданд. Ба қавли М.Мухторов, ин таҷрибаи дуюми интихоби зоирони ҳаҷ ба таври қуръакашӣ дар ноҳияи Синои Душанбе буда, то имрӯз дар нуқоти дигари Тоҷикистон таҷриба нашудааст. Ба иттилои мақомот, ин шеваи таъини исми зоирон "муассиртару шаффофтар" назар ба таҷрибаҳои пешина мебошад. Чунин тасмим бо сабаби хеле баланд будани рақобат барои дастёбӣ ба роҳхати ҳаҷ гирифта шуд. Дар ноҳияи Сино, ба иттилои мақомот, барои ҳар як ҷой ду нафар мубориза бурдаанд.


Сафари ҳаҷ, ки яке аз муҳимтарин рукнҳои дини Ислом ба шумор меравад, шумори ҳарчи бештари сокинони Тоҷикистонро ба он ҷалб мекунад. Вуҷуди квота ва ё шумори дақиқи зоирон, ки аз ҷониби ҳукумати Арабистони Саъудӣ барои ҳар кишвар муайян мешавад, боиси он мешавад, ки баъзе мақомоти масъул барои ҷой кардани номзадҳои мавриди назари худ ба рӯйхатҳо муттаҳам шудаанд. Соли гузашта дар манотиқи Тоҷикистон чанд мақоми нозири сафари ҳаҷ барои гирифтани пора аз зоирон муҷозот шуданд.

Имсол ба иттилои Кумитаи дин, маросими интиқоли зоирон ба ҳаҷ дар таърихи 20 сентябр то 5 октябр ҷараён мегирад ва дар ин фурсат тоҷикистониёи хостори зиёрати хонаи Худо ба Арабистони Саъудӣ интиқол меёбанд. Ҳанӯз маълум нест, ки оё имсол шумори квота барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам қимати сафари ҳаҷ тағйир меёбад, ё на.

Соли гузашта 5,500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи зиёрати "хонаи Худо"-ро ба даст оварданд. Аксари онҳо аз роҳҳои ҳавоӣ ба ҳаҷ фиристода шуданд. Гурӯҳе аз зоирон аз ноҳияи Ҳамадонӣ порсол пои пиёда ҳаҷро анҷом додад.

Кумитаи дини Тоҷикистон имсол инчунин тасмим гирифт, ки роҳбаладони ҳирфаӣ ва забондонро, ки тавонанд гурӯҳи зоиронро дар сафар ҳамроҳӣ кунанд, низ тавассути озмун интихоб намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG