Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Қӯрғонтеппа ҳудуди 70 нафарро бо гумони дуздӣ дар шаби сӯхтори бозори "Фаровон" бозпурсӣ кардааст.

Дар пайи сӯхтори бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳудудан 70 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздии амволи соҳибкорон, барои бозпурсӣ ба Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа оварда шуданд. Ба иттилои мақомоти интизомии вилояти Хатлон, алайҳи афроде, ки дар шаби оташсӯзии бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа молу мулки соҳибкоронро ба яғмо бурдаанд, камаш 5 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст. Ин афрод мавриди бозпурсӣ қарор дода шудаанд.


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон таҳқиқи далелҳои сирқати дороиҳои соҳибкорони ҷабрдидаро идома дода, мегӯянд, баъид нест, ки парвандаҳои нави ҷиноятӣ алайҳи омилонаш кушода шаванд.

Бо ин ҳол, Сӯҳроб Қулмаҳмадов, сухангӯи хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон, гуфт, ҳанӯз ҳам сабаби аслии сар задани сӯхтор дар бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа рӯшан нашудааст, аммо ба гумони ғолиб, ин ҳодиса дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ва истифодаи нодуруст аз асбобҳои барқӣ дар яке аз дӯконҳои бозор рух додааст. Ҷаноби Қулмаҳмадов гуфт, ба эҳтимоли зиёд алайҳи маъмурони бозор, ки масъули таъмини бехатарӣ аз сӯхторанд, ва соҳибкоре, ки аз беэҳтиётиаш ин ҳодисаи нохуш сар задааст, низ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шавад.

Хисороти расида аз оташсӯзии 12-соата дар бозори «Фаровон», тибқи арзёбиҳои расмӣ, наздики 830 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аммо манобеъи ғайрирасмӣ ҳаҷми зарарро то чанд миллион сомонӣ тахмин мезананд. Сӯҳроб Қулмаҳмадов гуфт, “сӯхторнишонҳо ба маблағи 3 миллиону 511 ҳазору 350 сомонӣ молу мулки мардумро аз сӯхтор наҷот додаанд.”

Аз сӯи дигар, ин оташсӯзӣ ба саломати тоҷирону савдогарон таъсири ҷиддӣ расонидааст. Ба иттилои яке аз масъулони идораи тандурустии вилояти Хатлон, дар шаби сӯхтори бозори «Фаровон», 8 нафар ба бемористони марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бо нишонаҳои стрессу асабоният, нафасгирӣ аз дуди оташ ва фишори баланд муроҷиат кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Файзиддин Бекмуродов, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ҳарчанд бозори «Фаровон» муассисаи хусусист, шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ба соҳибкорони ҷабрдида кумакҳои маъмурӣ расонад: «Ҳоло беш аз 100 нафар аз кормандони идораи коммуналии шаҳр ва техникаи ин идора ба рафъи оқибатҳои ин ҳодисаи нохуш дар бозори марказӣ сафарбар шудаанд. Ҳамчунин бо дастури раиси шаҳр, тасмим гирифта шуд, соҳибкороне, ки фарзандонашон дар мактабу кӯдакистонҳо таълиму тарбия мегиранд, то чанд муддат аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шаванд. Ҳамчунин ба муддати як соли оянда тоҷирони зарардидаи бозори «Фаровон» аз пардохти маблағи андоз ва иҷорапулӣ озод карда хоҳанд шуд».

Ф. Бекмуродов афзуд, то имрӯз дар феҳрасти афроди зиёндида аз оташсӯзии бозори «Фаровон» 161 нафар сабт шудааст, ки қисмате аз онҳо аз идораи суғуртаи давлатӣ кумакпулии якдафъаина дарёфт хоҳанд кард.

Ёддовар мешавем, ки шоми 24 ба 25-уми апрел дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа оташсӯзӣ рух дод, ки тибқи маълумоти расмӣ, масоҳати сӯхтор 4430 метри мураббаъро ташкил дода, 47 мағоза, 4 ошхона, 6 анбор ва 456 нуқтаи гуногунҳаҷми савдоро ба коми худ фурӯ бурд.

Ин бозор 12 марти соли гузашта низ ба коми оташ рафта буд, ки дар он ҳодиса беш аз 80 дӯкону ғурфа сӯхтаву нобуд шуданд.

Хадамоти оташнишонии Хатлон мегӯяд, ду моҳ қабл маъмурияти бозори «Фаровон»-ро оид ба вуҷуди камбудиҳо дар таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ҳушдор дода буд. «Моҳи феврали ҳамин сол «бинобар вайрон кардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба ду соҳибкори ҳамин бозор бо моддаи 192-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ карда, 20 тоҷири дигари бозори «Фаровон» бо ҳамин иттиҳом ҷарима баста шуданд», - иттилоъ доданд дар Хадамоти оташнишонии Хатлон.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои уламои вилояти Хатлон аз ҷониби иддае аз ҷавонон рабуда шудани молу мулки тоҷирони бозор дар шаби сӯхторро маҳкум карда, онро хилофи фармудаҳои Ислом хондааст.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG