Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳамла дар Лондонро маҳкум кард. ВИДЕО, АКС


Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Лондон --пойтахти Бритониёро маҳкум кардааст. Дар ин ҳамла чор нафар кушта шуданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 23 март бо пахши баёнияи расмӣ гуфт, Душанбе ҳамдардии худро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонда, хоҳони шифои комил ба осебдидагон аст.

Пулиси Бритониё рӯзи 23 март гуфт, ки дар робита бо таҳқиқи ҳамлаи террористии дирӯза дар наздикии парлумон дар Лондон 7 нафарро боздошт кардааст.

Дар изҳорот таъкид шудааст, Тоҷикистон "ин амали ғайриинсонии интиҳориро" қатъиян маҳкум карда ва "ба зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеона бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ" дигарбора таъкид намудааст.

Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Дар пайи ҳодисаи террористӣ дар Лондон дар рӯзи 22 март, ки боис ба кушта шудани чор нафар гардид, раҳбарони бархе кишварҳои ҷаҳон ин ҳамларо маҳкум кардаанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар пайи ин ҳамла бо нахустазири Бритониё сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Ба иттилои Кохи Сафед, Доналд Трамп дар ин тамоси телефонӣ ҳамкорӣ ва ҳимояти комили ҳукумати Амрико аз талошҳо барои ба панҷаи адолат супурдани омилони ин ҳамла таъкид кардааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Франсуа Олланд, президенти Фаронса низ бо мардум ва ҳукумати Бритониё ибрози ҳамбастагӣ карда ва гуфтааст, ки "терроризм боиси нигаронии ҳамаи мост ва Фаронса медонад мардуми Бритониё имрӯз чӣ фоҷеаеро диданд". Фаронса тайи чанд соли ахир шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ будааст ва соли гузашта як фард бо мошини боркаш ба издиҳоми мардум дар шаҳри Нитса ҳамла кард ва ҳадди ақал 84 нафарро кушт.

Дар ҳамин замина Ангела Меркел, садри аъзами Олмон низ дар паёме зимни ибрози ҳамдардӣ бо қурбониёни ин ҳодиса таъкид кардааст, ки "аз ҷониби мардум ва ҳукумати Олмон мегӯям: "Мо дар паҳлӯи мардуми Бритониёи кабир дар набард алайҳи терроризм дар ҳама шакле бо азми қотеъ истодаем."

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия низ дар паёме зимни маҳкум кардани ҳамлаи Лондон, бо мардум ва ҳукумати Бритониё ибрози ҳамдардӣ кардааст. Нахуствазирони Канада, Австралия, Ҳолланд дар паёмҳои алоҳида ин ҳамларо маҳкум кардаанд.

Полиси Бритониё рӯзи 23 март гуфт, ки дар робита бо таҳқиқи ҳамлаи террористии дирӯза дар наздикии парлумон дар Лондон 7 нафарро боздошт кардааст. Марк Ровлӣ, раиси полиси зиддитерристӣ гуфт, ки дар қаламрави Лондону Бирмингем ва ҳам ҷойҳои дигар аз рӯи шаш суроға тафтишу ҷустуҷӯ сурат гирифт. Вай гуфт, ки ҷузъиёти дигарро намешавад феълан ошкор кард.

Дар ҳодисаи Лондон рӯзи 22 март марде нахуст бо мошине роҳгузарҳоро пахш карда баъдан як афсари полисро бо корд захмӣ кард. Ровлӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса чор нафар, аз ҷумла худи ҳамлагар кушта шуд. Ба гуфтаи ӯ, вазъи 7 маҷрӯҳи ин ҳодиса сангин арзёбӣ мешавад. Ровлӣ гуфт, ки феълан ба бовари онҳо “ҳамлагар, бо илҳом аз терроризми байналмилалӣ ба танҳоӣ амал мекард”. Вай гуфт, ки дар марҳилаи кунунӣ ҳеҷ хатаре ба амнияти ҷомеа таҳдид намекунад.

Пулис гуфт, ки як ҳамлагар бо либоси сиёҳ дар тан ба ҳавлии қасри Вестминстер – порлумони Бритониё ворид шуда, ба як афсари пулис дар назди даромадгоҳи Маҷлиси авом ва Маҷлиси лордҳо бо корд ҳамла кард. Ҳангоми кӯшиши фирор аз ҷои ҳодиса ӯ аз тири туфанги пулиси дигар кушта шуд.

Навори видео инҷост:

Ҳамла дар назди бинои порлумони Бритониё
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

​Дар ҳамин ҳол, дар рӯи кӯпруке, ки назди порлумон ҷойгир аст, мошине ба сӯи пиёдагардон ҳаракат карда ва дар ниҳоят ба дарвозаи порлумон бархӯрдааст. Дар роҳ ин мошин аз 5 то 12 нафарро захмӣ кард, вале эҳтимол шумораи маҷрӯҳон бештар бошад. Шабакаи BBC гуфт, ки дар лаҳзаи ҳамлаи боло кӯпрук гурӯҳи мактаббачаҳои фаронсавӣ ҳам дар он ҷо буданд ва эҳтимолан бархе аз онҳо ҳам маҷрӯҳ шуданд. Масъулини бемористонҳо гуфтанд, ки баъзе нафарон "заҳмҳои ваҳшатнок" доранд.

Сухангӯи нахуствазир гуфт, ки Тереза Мей​ амн аст. Дар лаҳзаи ҳамла ӯ дар дохили порлумон буд ва дафъатан аз ҷониби амниятиҳо иҳота ва ба дафтари кориаш дар хиёбони Даунинг Стрит интиқол дода шуд. Дар дохили порлумон шумори зиёди нирӯҳои пулис ва амниятиҳо ба чашм мерасанд.​

Аксҳо аз маҳалли ҳодиса:

Дейвид Лидингтон, раиси маҷлиси авоми Бритониё, ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи порлумонии рӯзи 22 март гуфт, ки "ҳамлагари эҳтимолӣ аз ҷониби пулис бо тири туфанг кушта шуд. Ҳоло дар ҷои ҳодиса мошинҳои ёрии таъҷилӣ кор мекунанд". Вай дар идома гуфт, ки дар дохили бинои порлумон ҳам "ҳодисаҳои хушунатомез рух додааст". Вале ӯ гуфт, ки то мушаххас шудани ҷузъиёти ҳодиса, аз шарҳу гуфтани он худдорӣ мекунад.

Ҷаласаи ҷараёндоштаи маҷлис қатъ ва ба аъзои маҷлис гуфта шудааст, ки дар дохили сохтмон бимонанд. Дар дохили парлумон нирӯҳои вижаи Бритониё ва полиси мусаллаҳ ва дар осмон чархболҳои низомӣ вазъро назорат мекунанд.

Ҳамла ба Лондон дар рӯзе рух дод, ки дар Брюссел 32 қурбони силсилатаркишҳои интиҳорӣ дар Брюссел - пойтахти сиёсии Аврупоро ёд карданд. Мақомоти Белгия гуфтанд, ки ду ҳамлаи террористии 22 марти соли 2016-ро шабакаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" анҷом додааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG