Пайвандҳои дастрасӣ

"Ишқат чу Ватан дар дили ёрон бошад..."


акс аз интернет гирифта шудааст

акс аз интернет гирифта шудааст

Инак 15 сол мешавад, ки ҳар 20 май ихлосмандону ҳаводорони шеъри Лоиқ Шералӣ, зодрӯзи ин шоири маъруфи тоҷикро бо дастагули шеъру таронаҳояш дар сари мазори ӯ таҷлил мекунанд.

Инак 15 сол мешавад, ки ҳар 20 май ихлосмандону ҳаводорони шеъри Лоиқ Шералӣ, зодрӯзи ин шоири маъруфи тоҷикро бо дастагули шеъру таронаҳояш дар сари мазори ӯ таҷлил мекунанд. Агар умр вафо мекард, имрӯз шоир ба синни 74-солагӣ мерасид.

Лоиқ Шералӣ 30 июни соли 2000, дар ҳоле, ки Тоҷикистон акнун аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун мешуд, дар синни 59-солагӣ аз сактаи мағзӣ дар Душанбе даргузашт. Тамоми фоҷеаи панҷсолаи ҷанг аз пеши назари шоир мегузашт ва дӯстону ҳаводоронаш мегӯянд, ки Лоиқро дарду ғами миллат ҳалок кард.

Лоиқ Шералӣ, аз шоирони маъруф ва миллии адабиёти муосири тоҷик буда, дар синни 24-солагӣ бо шеъри «Ба модарам» ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд. Шеъру достонҳои Лоиқ фаротар аз Тоҷикистон, дар давлатҳои форсизабон эътироф ва ба хати форсӣ бозгардон шудаанд. Ӯ аз шоирони раддаи аввали адабиёти муосир аст, ки шеърҳояш баъд аз маргаш низ ӯро зинда нигаҳ медоранд.

Зебунисо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ баъди марги шавҳараш дар яке аз мактабҳои пойтахт бо номи ӯ осорхонае боз карда, ҳама боигарии ҳаёту осори устодро дар инҷо ҷамъоварӣ намудааст. Ӯ ёдгориҳои Лоиқи шоирро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорад ва қиссаи ҳар якеро ба ҳаводору дӯстдорони ӯ ҳикоят мекунад.

Лоиқ ва ҳамсараш Зебунисо Қутбиддинова аз издивоҷи 35-сола 5 фарзанд ва 14 набераву як абера доранд. Ҳеҷ яки онҳо пайрави ин устоди сухан нашуд. Аммо ҳар яке аз устод хотираҳои ширине дорад.

Лоиқро дӯстон ва мухлисонаш “шоири ошиқ” мегуфтанд. Ошиқи зиндагӣ, ошиқи зан. Лоиқ шоирест, ки шояд аз ҳамаи шоирони ҳамсолаш бештар ишқу занро ситоиш кардааст. Аз Лоиқ садҳо шеъру достон ва таронаву катибаҳо ба ёдгор мондааст. Бахше аз шеърҳояшро овозхонҳои шинохта ба пардаи мусиқӣ кашидаанд. Аз Лоиқ ҳамчунин наворҳои видеоӣ ва аудиоӣ боқӣ мондааст, ки бахшеро Шабакаи Ҷаҳонии ББС ва бархеро ҳам шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба навор бардоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG