Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Лоҳутӣ ба Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода


Дар рӯзи ҷашни матбуоти Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе се нафар журналист, Хилватшоҳи Маҳмуд, Самариддин Асозода, Мурод Муродӣ, ва рӯҳонии саршинос Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд.

Ҷоизаҳои Лоҳутӣ дар соли 2010 ба Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон», Самариддин Асозода, сардабири нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон», Мурод Муродӣ, мудири кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ ва Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯҳониёни саршиноси кишвар, барои як қатор барномаҳо дар Радиои Тоҷикистон дода шуданд.

Дар як ҷаласаи бошукӯҳ дар пойтахти Тоҷикистон, ки онро вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ боз кард, ҳамчунин 63 нафари дигар бо унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва тақрибан 30 нафар бо унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Вазири фарҳанги кишвар дар ин ҷаласа аз нақши матбуот дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон ёдовар шуд ва гуфт, маҳз бо заҳмати хабарнигорон мардуми кишвар аз воқеаҳои ҷумҳурӣ ва дунё огоҳ мешаванд. Вале ҷаноби вазир дар бораи мушкилоти матбуоти имрӯз ҳеҷ сухане нагуфт.
XS
SM
MD
LG