Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бемории нофаҳмо дар Мӯъминобод аз нав "эбола"-ро вирди забонҳо кард


Хуруҷи бемории роҳҳои нафас аз сари нав 22 сокини ноҳия Мўъминободро мубталои худ гардонид. Ин бемори моҳи октябри соли равон низ 22 нафарро бистарӣ карда буд.

Яке аз пайи дигар бемор шудани 44 сокини ноҳияи Мӯъминобод дар ҷануби Тоҷикистон дар се моҳи охир ва ҳар дафъа рӯ задани шумораи "22" сару садоҳои гуногунеро дар бораи табиати ин беморӣ ба миён овард. Азбаски рӯ задани ин бемории сироятӣ ҳамзамон бо хабари расонаҳои дунё аз уфуни эбола дар кишварҳои африқоӣ иттифоқ афтид, бархе аз сокинон то ба ин ҷо расидани эболаро вирди забонҳо карданд. Аммо мақомоти тандурустии ноҳия мегӯянд, дар Мӯъминобод танҳо як навъи сахттари бемориҳои роҳҳои нафас мушоҳида шуда, аксари гирифторони он ба зудӣ шифо ёфтанд.

Ҳоло сокинони ин ноҳия иддао доранд, ки ин бемори домана ё эбола аст, ки боз аз сари нав хуруҷ карда, якбора 22 нафари дигарро мубталои худ гардонид, ки 16 нафари онҳо аз маҳаллаи «Гулистон»-и маркази ноҳия мебошанд. Дар гузашта, 18 сокини кӯчаи Назрулло Сафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Сарҳад Муродов, сокини кўчаи Назрулло Сафари маркази ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи 19 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бемор шудани 22 сокини ноҳияро тасдиқ кард ва гуфт, ки фарзанди ӯ низ дар моҳи октябр ба ин беморӣ дучор шуда буд. Ба гуфтаи ҷаноби Муродов, то табобати пизишкон дар ноҳия овоза паҳн гардидааст, ки ин афрод ба домана ё бемории номаълуме гирифтор шудаанд.

Ӯ мегӯяд: «Ба ин беморӣ бештари кӯдакон сироят ёфтанд. Писари ман низ ба ҳамин беморӣ гирифтор шуд.Таб мекунад, табаш паст мешавад, боз таб мекунад, ҳамингуна чанд маротиба шуд. Баъд ба духтур муроҷиат кардем, дору доду гуфт, дар хона ду рӯз нигаҳ доред, ду рӯз дар хона нигаҳ доштем, ки табаш поин нарафт ва ба духтур бурдем, духтурон гуфтанд, ки домана шудааст.»

Баъд аз ташхиси кормандони соҳаи тиб, маълум карда мешавад, ки сокинон ба бемории шадиди роҳҳои нафас гирифтор шудаанд, на ба домана ва чӣ монад ба эбола.

Шерафкан Саидов, иҷрокунандаи вазифаи сардухтури бемористони марказии ноҳияи Мӯъминобод, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ аз аввали декабр ба ин сӯ 16 нафар аз сокинони маҳаллаи «Гулистон»-и ноҳия ба бемории шадиди роҳи нафас гирифтор шудаанд. Аммо ӯ овозаҳои ба бемории домана ё эбола сироят шудани 22 сокини ин ноҳияро рад кард. Ӯ гуфт, теъдоде аз сокинони ноҳия бо гирифтории бемории шадиди роҳи нафас дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, ин беморӣ рабте ба доманаву эбола надорад, чун таби беморон зуд, дар муддати 5-6 рӯз поин рафт ва аксари онҳо аллакай ба хонаҳои худ баргаштаанд. Вай афзуд: «Дар ҳоли ҳозир 22 нафар бистарӣ буда, ҳамаи он аз як маҳал нестанд. Танҳо 16 нафари онҳо аз маҳаллаи "Гулистон"-анд. Сабаби аслии ин беморӣ, фасли сармо аст. Ин бемориҳо мисли зуком аст, ки ба зуком монандӣ дорад, лек онро мо зуком гуфта наметавонем. Аммо ин беморӣ на домана ҳасту на эбола.»

Сар аз моҳи октябр дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод 44 нафар ба бемории шаддиди роҳи нафас гирифтор шудааст, ки дар ҳоли ҳозир сокинонро ба ташвиш овардааст. Ин беморӣ бештар сокинони як маҳаллро гирифтор карда, то кунун омилҳои ба чунин беморӣ гирифтор шудани сокинони як маҳаллро пизишкон муайян накардаанд. Пештар дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон овозае пайн шуда буд, ки бемории эбола аз хӯрдани банан ба инсон сироят мекунад. Аммо пизишкон ин суханонро қатъиян рад карданд ва гуфта шуд, ки то ҳанӯз ҳеч гуна нишонаи бемории марговари эбола дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG