Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устод ба шогирд бояд дарс диҳад, на тарс


New book of Arafamo Daminova
New book of Arafamo Daminova

Ҳанӯз ҳам аксари омӯзгорони ҷавони тоҷик андеша доранд, ки шогирд ҳангоми таълим гирифтан бояд аз устод битарсад.

Арафамоҳ Даминова, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки дар чанд мактаби миёна миёни беш аз 40 омӯзгори синфҳои поёнӣ таҳқиқ бурдааст, мегӯяд, ин шеваи кор баръакс боиси паст рафтани таълиму тарбия миёни хонандагон мешавад. Пас аз таҳқиқи се сола ин олими ҷавон ба тозагӣ ду китоб - «Роҳнамо барои омӯзгорони ҷавону навкор» ва «Ташашккул ва таҳаввули маҳорати педагогӣ» - нашр кардааст, ки дар онҳо роҳҳои, ба бовари ӯ, дурусттари таълим бо усулҳои муосир ба омӯзгорони ҷавон тавсия шудааст.


Устод ба шогирд дарс диҳад, на тарс
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00
Линки мустақим


Хонум Даминова мегӯяд, зарбулмасали тоҷикии «Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб», ки дар он дуруштмуомилагӣ бо шогирд тавсия мешавад, кӯҳна шудааст ва бояд ҳоло устодон бештар ширинзабону хушмуомила бошанд. Ин унвонҷӯи ҷавон мушоҳида кардааст, дар синфҳои поёние, ки устоди хушмуомила дорад, беш аз 95 дарсади хонандагон бо ҳавас ба дарс омодагӣ гирифтаанд, вале дар синфе, ки устод муомилаи хуб надорад, танҳо 70 дарсад бо рӯҳафтодагӣ ба дарс омода шудаанд.


Арафамоҳ Даминова
Арафамоҳ Даминова
Арафамоҳ Даминова мегӯяд: «Устодон аз шеваю усулҳои фармонравоӣ даст кашида, аз талабот ва муқарароти педагогикаи иноватсионӣ истифода намоянд. Илм ва таълимот исбот кардааст, ки хонандагон ва мактаббачагони хурдсоле, ки дар ҳолатҳои интизорию ҳаяҷону изтироб ва тарсу ҳарос дар баробари устод қарор доранд, наметавонанд чизи наву тозаеро дар зеҳни худ ҷой намояд.»

Зимни таҳқиқи худ Даминова силсилаи мавзӯҳои илман асоснокро тавасути ба роҳ мондани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ пешниҳод кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, дар асоси онҳо маҳорати педагогии омӯзгорони оянда то андозае баландтар хоҳад гардид.

Аммо омӯзгорон мегӯянд, мушкилтарин кори омӯзгорӣ дарс гуфтан ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ, аз синфи аввал то синфи чорум аст, ки на ҳар нафар аз ӯҳдаи он мебарояд. Дилафрӯз Раҷабзода, омӯзгори яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, дар соли аввали таҳсил ба мактаб кӯдаконе ворид мешаванд, ки бархе дар кӯдакистон таълим гирифтаанд ва бархеи дигар дар хона. Раҷабзода мегӯяд, "воқеан, дар ин ҳолат кор бо онҳо мушкил аст ва дар бисёр ҳолат омӯзгорони ҷавон асабонӣ мешаванд. Бо таълими синфҳои ибтидоӣ ба гуфтаи ин омӯзгор «хишти аввали» таълиму тарбия гузошта мешавад ва иштибоҳи кӯчаки омӯзгор метавонад, «ин хишти аввалро то ба охир каҷ барад».

«Ба фикри ман шахсе дар ин ҳолат метавонад, кор кунад, ки психикаи ҳар як кӯдакро омӯзад. Бо забони онҳо гап задан лозим мешавад ва танҳо бо меҳрубонию хушсуханӣ. Дар ҳақиқат ман тарафдорӣ ҳамин аст, к ибо забони хуш бо кӯадк бояд сӯҳбат кард. аз таҷриба дидаам, ки вақте бо кӯдак хуб сӯҳбат мекунӣ, дарсомӯзияш низ хубтар мешавад,» - меафзояд ӯ.


Ҷумъахон Алимӣ
Ҷумъахон Алимӣ
Ҷумъахон Алимӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки яке аз раҳбарони илмии ин унвонҷӯст, мегӯяд, кори шогирдаш навигариҳо зиёд дорад, ки метавон аз онҳо дар самти таълиму тарбия насли наврас истифода кард. Ӯ гуфт: «На танҳо ин кор ҷанбаи назариявӣ дорад, балки як навъ арзишмандии амалӣ низ дорад. Бархе аз пешниҳодҳоро мумкин аст, дар мактабҳои оливу миёна истифода кард. Мавзӯъ иборат аст, аз муайян ва муқарар кардани роҳу усул ва шеваҳои бартарафсозии мушкилоти омӯзгорони ҷавон, ки ҳоло ба мушоҳида мерасанд.»

Шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб китоби тозанашри унвонҷӯи Донишгоҳи Кӯлоб зери унвони «Таҳаввул ва ташаккули маҳорати педагогӣ», ки ба устодон тарзи дурусти кор бо шогирдро тавсия медиҳад, дар мактабҳои миёнаи шаҳр тақсим кардааст. Китобе, ки ташвиқ мекунад, то устод шогирдро тарс надиҳад.
XS
SM
MD
LG