Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 хонаводаи тоҷикро аз як рустои Тотористон берун мекунанд


Ҳамоиши сокинони Курманаево

Ҳамоиши сокинони Курманаево

Раиси ҷамъияти тоҷикони Тотористон мегӯяд, барои таҳқиқи қазияи 5 хонаводаи тоҷик ба Курманаево хоҳад рафт.

Ҳикматуллоҳ Гадоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Тотористони Русия ба Озодӣ гуфт, аз қазияи 5 хонаводаи тоҷикони рустои Курманаево тоза хабар ёфтааст ва рӯзҳои наздик барои таҳқиқи асли моҷаро ба он минтақа сафар хоҳад кард. Оқои Гадоев гуфт, дар Тотористон тақрибан 15 000 тоҷик ба сар мебарад, ки асосан дар сохтмон кор мекунанд. Ӯ мегӯяд, тоҷикон дар Тотористон то ҳол ба ягон навъ низоъ - на дар заминаи қавмӣ ва на дар заминаи мазҳабӣ ё ба далоили дигар - рӯбарӯ нашудаанд ва ҳатто дар рӯзҳои моҷарои боздошти ду халабони рус дар Тоҷикистон муносибати мақомот ва мардуми маҳаллӣ нисбат ба тоҷикҳо дар Тотористон хуб буд.


Ахиран гузориш шуд, ки сокинони рустои Курманаево дар марзи Тотористон бо вилояти Саратови Русия аз ин русто рондани 5 хонаводаи тоҷиконро талаб кардаанд. Бино ба гузориши сомонаҳои маҳаллӣ, сокинони деҳа рӯзи 4 май дар як ҳамоиш ҳамсояҳои тоҷики худро ба он айбдор кардаанд, ки «дар колхоз кор намекунанд», «андоз намесупоранд», «зиндагии бою чандзанӣ доранд ва кӯдаки зиёд таваллуд мекунанд», «дар инҷо мехоҳанд як лонаи ваҳҳобия бисозанд» ва амсоли ин.

Аммо сомонаи intertat.ru менависад, ки мақомоти маҳаллӣ нисбат ба решаҳои ин низоъ назари дигар доранд ва бештар сокинони бумиро муқассир медонанд.

Фарида Вафина – раиси ҷамоати Бурметев ба intertat.ru гуфтааст, аз 796 сокини Курманаево танҳо 14 нафараш муҳоҷиронанд, ки ба сурати муваққат сабтином шудаанд. Хонум Вафина гуфтааст, моҷаро вақте бархост, ки омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби русто як хонандаи тоҷики синфи серо ҳангоми бозии хоккей зад ва модари ӯ – Гулноз- масъулини мактабро ба бархӯрди номуносиб нисбат ба фарзанди худ айбдор карда, ҳамроҳи шавҳараш Аҳмад ба додситонӣ шикоят ҳам навишт.






Ба гуфтаи раҳбари ҷамоат, омӯзгорони мактаб ба навбаи худ аҳолии маҳаллиро алайҳи муҳоҷирон шӯронданд ва дар натиҷа кор ба талабҳои болобаланде, чун “Чунин ҳамсояҳоро намехоҳем!” ё “Бигзор аз инҷо бираванд!” кашидааст.
Фарида Вафина мегӯяд, воқеъияти ҳоли муҳоҷирони тоҷик аз ончӣ ки дар ҳамоиши сокинон садо дод, фарқ мекунад. Ӯ мегӯяд, “ ҳеҷ кадом аз мардони тоҷик дар хона намешинад, ҳамааш кор мекунанд. Гӯё маводи мухаддир фурӯхтани онҳо ҳам сафсата аст. “ Ӯ афзуд, "хонаводаи Аҳмад дар воқеъ диндор аст, шароб наменӯшанд ва фарзандони худро сахтгирона тарбия мекунанд, вале то қазияи ахир муносибати мардуми бумӣ бо онҳо хуб буд.”

Ин 5 хонаводаи тоҷик дар мулоқоти аҳли русто бо раиси ноҳияи Нурлат Наил Шарапов, ки ба дунболи моҷарои охир доир шуд, гуфтаанд, ки азбаски аҳли деҳ будани онҳоро намехоҳанд, онҳо кӯчи худро алакай ғундоштаанд ва аз ин ҷо ба маркази ноҳия хоҳанд кӯчид. Фарида Вафина ба сомонаи intertat.ru гуфтааст, ки тоҷикҳо дар ин бора хеле ором ва бидуни кадом озурдагӣ сӯҳбат карданд ва ҳатто ба мардуми маҳаллӣ барои онки як замон ба онҳо сарпаноҳ доданд, ташаккур ҳам гуфтанд.

Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG