Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии парвандаи Қамари Аҳрор ба фардо монд


Додгоҳи Хуҷанд нимарӯзи 21 октябр баъд аз бозпурсии як шоҳид, идомаи баррасии парвандаи маъмурӣ алайҳи рӯзноманигор Қамари Аҳрорро ба фардо гузошт. Пулиси Хуҷанд даъво дорад, Қамари Аҳрор, рӯзноманигори нашрияи “Нигоҳ” ва Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюс” дар толори мусобиқаи байнулмилалии муштзанӣ дар шаҳри Хуҷанд ба амри пулис, ки ба вай наворгирӣ аз масофаи наздик ба саҳна (ринг)-ро иҷозат надод, итоат накардааст. Алайҳи ин рӯноманигор мутобиқи банди 479-и Кодекси мурофиавии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз сӯи пулис мавод таҳия шудааст. Додгоҳ ба барасии ин қазия рӯзи 16-уми октябр оғоз карда буд. Қамари Аҳрор ва вакили дифоаш Файзиннисо Воҳидова даъвои пулисро “сохта” ва маҳдуд кардани ҳуқуқи хабарнигорон меноманд. Қамари Аҳрор дар толори додгоҳ гуфт, вақте вай барои ҳифзи худ ҳарф зад, пулис хашм гирифт, ҳатто ба шаҳодатномаи рӯзноманигории вай назар накард, носазо гуфт, имкон надод амрашро иҷро кунад, зӯран ба идораи пулис бурданд ва алайҳаш мавод тартиб доданд. Ӯ инро нақзи ҳуқуқи худ номид. Дар ҳоле, ки пулис худро ҳамчун журналист муаррифӣ намудани Қамари Аҳрорро радд мекунад, вале ин рӯзноманигор ва вакили дифоаш мегӯянд, фардо ба додгоҳ шоҳидеро хоҳанд овард, ки ба нафъи онҳо шаҳодат хоҳад дод ва нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ аз тарафи Қамар ба пулисро бо чашмони худ дидааст.

XS
SM
MD
LG