Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Капитани "салафӣ" баъди 6 моҳ озод шуд


Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.

Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб.

Шариф Мираков, капитани милиса, ки ним сол пеш бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни мамнӯъи салафия боздошт шуда буд, 52 000 сомонӣ ҷарима баста шуда, бо ҳамин аз толори додгоҳ озод шудааст.

Саидвалӣ Наврӯзов, яке аз вакилони дифои Шариф Мираков, капитани милиса, ки ним сол пеш бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни мамнӯъи Салафия боздошт шуда буд, рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “додгоҳи Кӯлоб Шариф Мираковро ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 52 ҳазор сомонӣ маҳкум, аммо аз толори додгоҳ раҳояш кард.”

Масъулони додгоҳ мегӯянд, дар нисбати Шариф Мираков қонуни афви ахир татбиқ нашудааст, балки парвандаи вай дар чорчӯби қонун баррасӣ ва чунин ҳукм содир гардидааст.

Шариф Мираков, ки то замони боздошташ дар моҳи майи соли ҷорӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии истгоҳи роҳи оҳани Айнӣ дар канори Душанбе фаъолият мекард, бар пояи банди 189, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ - ангехтани кинаву адовати динӣ - айбдор дониста мешуд.

Вакили дифояш аз ибтидо мегуфт, ки зерҳимояи ӯ дилпурона ба бегуноҳии худ таъкид мекуна ва агар додгоҳ пешниҳоди онҳоро ба назар бигирад, эҳтимоли зиёди раҳоии Мираков вуҷуд дорад.

Аммо мақомоти тафтишотӣ мегуфт, алайҳи Шариф Мираков беш аз даҳ сокини маҳаллӣ нишондод додааст, ки воқеан ӯ ҳангоми сафарҳояш ба Восеъ баҳсҳои носолими диниро миёни мардум ба миён меандохт, ки дар аксар маврид ин гуна баҳсҳо боиси кинаву адоват шудаанд.

Шариф Мираков соли 1974 дар деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе сукунат доштааст. Ин бори аввал аст, ки як корманди милиса бо гумони тарғиби равияи Салафия дар Тоҷикистон боздошт мешавад.

Пайравони ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон тақрибан дар миёгнаҳои солҳои 2000-ум зуҳур карда, бо рӯҳониёни суннатгаро ва ҳам бо намояндагоин ҳизби наҳзати исломӣ рӯи масоили динӣ ба баҳс нишастанд. Бештари мавзӯъҳои баҳси онҳо марбут ба масоили ба истилоҳ кӯчаке, чун баланд гуфтан ё нагуфтани “Омин” дар миёна намоз, қироат кардан ё накардани сураҳои Қуръон тбаъди дбафни майит дар қабристон, гузоштан ё нагузоштани санги мазор ва амсоли ин тамаркуз мекард. Пайравони ин равияи нав бо риши дарозу қайчинозада ва шимҳои то буҷулаки пояшон фарқ мекарданд ва дар масҷидҳо дар гӯшае алоҳида аз дигарон намоз мегузориданд.

Ибтидо гумон мерафт, ки мақомот аз инҳо ба хотири заиф кардани обрӯ ва нақши рӯҳониёни дигарандеш ва мухолифини исломиаш истифода мекунад. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон дар оғози соли 2009 фаъолияти ҷараёни Салафияро ба хотири “халалдор нашудани вазъи амниятӣ” мамнӯъ эълон кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG