Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти ҳукумати шаҳри Қайроққум мегӯянд, ки барои фаъол сохтани корхонаи маъдани Адрасмон сармоягузори нав меҷӯянд.

Мақомоти шаҳри Қайроққум мегӯянд, барқарор сохтани шаҳраки Адрасмон, воқеъ дар 80-километрии шимоли Хуҷанд ва таъмини сокинонаш бо ҷои кор ва пардохти нафақаҳои боимтиёз ба коргарони собиқ танҳо дар сурати эҳёи ягона корхонаи бузурги ин маҳал ба даст меояд.

Тӯли 3 соли охир корхонаи маъдани Адрасмон ба ҳудуди 60 нафақахӯри соҳибимтиёзаш, ки бино бар кор дар шароити ба саломатӣ зараровар барвақттар ба нафақа рафтаанд, наметавонад нафақаҳояшонро пардохт кунад. Зеро ин корхона, ки ҳоло ба ширкати қазоқии “Кони Мансур” тааллуқ дорад, муфлис шудаву зери қарз рафтааст. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, бояд ин маблағро ба нафақахӯрони имтиёзнок, то ба синни умумии нафақа расидани онҳо бояд корхона пардохт кунад.

Матлуба Сатториён, раиси шаҳри Қайроққум рӯзи 12 уми январ дар нишасти хабариаш гуфт, ҳоло бо ризояти соҳибони корхона барои дубора фаъол кардани он сармоягузорон ё харидори нав меҷӯянд. Хонум Сатториён афзуд, соли гузашта сармоягузорони хориҷӣ баъд аз дидану омӯхтани корхона майл доштанд сармоягузорӣ намоянд, вале “буҳрони иқтисодӣ ва паст рафтани нархи маъдан” дар бозори ҷаҳонӣ онҳоро дур кард: Ӯ гуфт: “Аз мушкили корхонаи Адрасмон раҳбарияти кишвар ва вилоят ҳам огоҳ ҳастанд ва розӣ ҳастем, ки ба ҳайси миёнарав байни соҳибмулк ва саҳмгузорон ё харидори нав дар масъалаи пардохти қарзҳои корхона гузаштҳо кунем ва сабукиҳо диҳем.”

Матлуба Сатториён

Матлуба Сатториён

Вале раиси шаҳри Қайроққум дар мавриди пардохти нафақа ба нафақахӯрони имтиёзноки корхонаи маъдани Адрасмон мегӯяд, ки дасти кӯтоҳ доранд: “Мутаассифона, мо наметавонем ёрӣ расонем. Чунки корхонаи маъдани Адрасмон хусусӣ аст ва кафолати додани нафақаҳои имтиёзнокро бар дӯш дорад. Мо дар мавриди пардохти нафақаҳои давлатӣ ҳеҷ мушкиле надорем ва дар вақташ медиҳем. Вале масъалаи пардохти нафақҳои имтиёзнок дар мадди назари раҳбарони ҳукумат вилоят ва шаҳрамон қарор дорад ва роҳҳои ҳаллашро ҷустуҷӯ дорем.”

Шаҳри Қайроққум дорои 29 корхонаи саноатӣ аст ва дар соли 2015 ба маблағи беш аз 1 миллиарду 150 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Бино ба иттилои расмӣ, ба қисми даромади буҷаи Қайроқум соли гузашта беш аз 80 миллион сомонӣ ворид шудааст. Дар ин минтақаи вилояти Суғд моҳонаи коргарони бахши буҷа ва нафақа саривақт пардохт мешавад. Бо ин ҳол пардохт нашудани пули нафақахӯрони боимтиёзи корхонаи маъдани Адрасмон аз мушкилоти аслии ин минтақа боқӣ мондааст.

Моҳи марти соли гузашта ҳудуди 60 нафар нафақахӯрони боимтиёзи корхонаи Адрасмон дар як номаи дастаҷамъӣ аз ҳукмат ва парлумони Тоҷикистон хостанд мушкили онҳоро ҳал кунад. Яке аз онҳо, Обидҷон Мамадҷонов, ки ҳудуди 30 сол дар ин корхона ва ба гуфтаи худаш умдатан дар шахта кор кардааст, мегӯяд, пардохт нашудани ҳудуди 500 сомонӣ нафақааш зиндагии онҳоро бисёр вазнин кардааст: “Баъди ин қадар солҳо кор кардан дар зери замин зиндагиамон сахттар шуд. Касоне, ки саломатиашон мебардорад, барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Аммо саломатии бисёрии дигар хароб аст, дигар кор кардан наметавонанд ва рӯзи сахте доранд.”

Қаблан коргарони корхонаи маъдани Адрасмон, ки умдатан дар конҳои зеризаминӣ кор мекарданд, баъди ҳадди ақал 10 соли кор дар шароити душвор ва зараровар ба саломатӣ ба тариқи имтиёзнок ба нафақа мебаромаданд ва нафақаи онҳо аз хазинаи давлат пардохт мешуд. Вале дар моҳи апрели соли 2012 парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот ба қонуни нафақаи кишвар, пардохти нафақаи имтиёздор ба коргарони корхонаҳоро бар дӯши худи он корхонаҳо гузошт.

Нафақахӯрони имтиёзноки корхонаи Адрасмон дар номаи худ аз мақомот ва вакилони парлумон хоҳиш кардаанд, бо роҳи ислоҳи қонун кафолати додани нафақаи онҳоро мисли пештара бар дӯши ҳукумат гузорад. То ки дар сурати муфлис шудан ё аз байн рафтани корхона, ҳукумат кафолати пардохти нафақа ба коргарони корхонаҳои ба саломатӣ зарарнокро бар дӯш бигирад.

Корхонаи маъдани Адрасмон ба истеҳсоли хокаи сурб ва нуқра ихтисос дорад. Ин корхона дар нимаи дуюми асри гузашта таъсис ёфта, дар канораш шаҳракеро бо ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд омад. Вале пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти ин корхона қатъ шуд.

Соли 2006 ширкати қазоқии "Кони Мансур" корхонаро харид ва бо сармоягузорӣ пас аз 3 сол ба кор даровард. Садҳо нафар коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд. Аммо ин дер напоид. Дар соли 2012 кори корхонаи маъдани Адрасмон, ба гуфтаи мутахассисонаш, ба сабаби поин рафтани нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ тамоман қатъ гардид.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG