Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати вилояти Суғд ва раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муроҷиати ҲНИТ дар мавриди ҳавасмандгардонии 100 донишҷӯи фаъоли ин донишгоҳро рад кардаанд.

Илҳом Ёқубов, раиси бахши ҳизби наҳзати исломии Тоҷиистон дар вилояти Суғд рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз мақомоти ҳукумати вилояти Суғд ва раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номаи дархостии ин ҳизб дар хусуси ҳавасмандгардонии 100 нафар донишҷӯёни фаъоли ин донишгоҳ ҷавоби радд доданд.

"Ин нома бо имзои муовини аввали раиси ҳукумати Суғд Ҷумъабой Сангинов ба қароргоҳи ҳизб расидааст. Дар он гуфта мешавад, ки «бо ишора ба моддаи 3-и қонун “Дар бораи маориф” таъкид кардаанд, ки «дар муассисаҳои таълимӣ «тарғиб», таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст.»

Аммо ҷаноби Ёқубов мегӯяд, ки ҳангоми баррасии моддаи 3-и қонуни маориф ишорае дар бораи «тарғиби ҳизб» нарафтааст. Вале ба ҳар сурат ҳадафи ҲНИТ ҳамкорӣ бо ҳукумати иҷроия ва мақомоти таълимиии вилоят буд, ки аз он ҷилавгирӣ шуд. Ба гуфтаи раҳбари бахши суғдии ҲНИТ, «ҳавасгардонии мо аз либоси гарми зимистона, пояфзол ва китоби «Дин ва сиёсат»-и Муҳиддин Кабирӣ иборат буд.»

Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси ҳукумати вилояти Суғд дар номаи расмии ҷавобии худ таъкид кардааст, ки «беҳтар мебуд ҳизби наҳзати исломӣ кӯмаки худро ба қишрҳои дигари ҷомеъа иро мекард."

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар таърихи 6-уми уми декабри соли равон ба мақомоти иҷроияи ҳукумати вилояти Суғд бо ирсоли як нома хоҳиш кард, ки омодааст 100 нафар донишҷӯи фаъоли Донишгоҳи давлатии Хуҷандро қадрдонӣ кунад ва аз ин рӯ аз ҳукумати вилоят ва раҳбарияти ин донишгоҳ хоҳиши мусоидат карда буд. Аммо имрӯз бахши вилоятии ҲНИТ ҳам аз ҳукумати вилоят ва ҳам аз ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд посухи радд гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG