Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ё ман, ё занат". Иборае, ки хеле аз хонаводаҳоро аз ҳам мепошад


Бино ба омори расмӣ, соли гузашта дар Суғд 3350 хонавода аз ҳам пошидааст, ки назар ба соле қабл ҳудуди 200 оила зиёд аст.

Оилаҳои аз ҳам пошида аз нигоҳи синну сол ва вазъи иҷтимоӣ гуногунанд, аммо сабабҳои дилсардии зану шавҳарон ва ҷудо шудани онҳо ба ҳам монанд аст.
Як ҷавонзани хуҷандӣ, ки бо хоҳишаш ӯро Насиба ном мебарем, дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, баъди 4 соли зиндагӣ бо шавҳари дӯстдоштааш, бо дахолати модари ӯ аз шавҳараш ҷудо шуд.

Насиба мегӯяд: “Ману шавҳарам аз кӯдакистон бо ҳам будем, баъд ҳамсинф ва дар як факулта донишҷӯ шудем. Мо ҳамдигарро дониставу омӯхта хонадор шудем ва дар хонаи модари шавҳарам зиндагӣ мекардем. Аммо ситораи модари шавҳарам ба ман рост наомад ва сари ҳар кору қадами гузоштаам эрод мегирифт ва ҷанг мекард. Оқибат назди шавҳарам шарт монд, ки “ё ман, ё занат”... Шавҳарам модарашро розӣ карда натавонист... Ман чизу чораамро гирифта, ба хонае, ки раҳматӣ модарам ба ман мерос гузошта буд, кӯчида омадам.”

Насиба афзуд, хушдоманаш ҳатто розӣ нашуд писараш бо арӯси дӯстдоштаи худ дар манзили аз модар мерос гирифтаи Насиба дар бинои бисёртабақа зиндагӣ кунад. Онҳо бо роҳи додгоҳӣ аз ҳам ҷудо шуданд. Насиба ҳоло бо 2 тифлаш танҳо зиндагӣ дорад. Вай хатмкардаи донишгоҳ бо ихтисоси “менеҷер” аст.

Малоҳат, дигар ҷавонзани суғдист, ки баръакси Насиба, баъди тақрибан 20 соли зиндагии якҷоя ва наздик расидани арӯсии духтараш, аз шавҳар талоқ гирифт. Вай мегӯяд, вай дигар натавонист ба майнӯшиву тамоми бори машаққати зиндагиро бар дӯши ҳамсар гузоштани шавҳараш созиш кунад. Ин хонум мегӯяд: “Хайр чи қадар тоқат кардан мумкин? Чанд бор, ки қаҳр карда ба хонаи волидонам мерафтам, шавҳарам қасам хӯрда баргардонида меовард. Табобат сар кардем, то охир тан надод. Арақхӯриаш кам буд, ки вақтҳои охир ба сарам мушт мебардоштагӣ шуд. Дигар тоқатам тоқ шуд, бо ду фарзандам аз ӯ ҷудо шудам.”

Малоҳат як дӯкони хурди хӯрокворӣ дорад, ки ҳама кори онро ҳамроҳи писари навҷавонаш бар дӯш дорад. Мисоли Насиба, ки ҳам ӯву ҳам шавҳараш ихтисосу ҷойҳои кор ва манзили зист доштанд, бозгӯи он аст, ки на танҳо душвориҳои иҷтимоӣ оилаҳои ҷавонро вайрон мекунад. Балки надоштани ихтиёр, назорати шадиду тазъиқи волидайни маъмулан шавҳар низ дар мавридҳое сабаби шикастани ҳаёти якояи ҷавонон мегардад.

Дар Тоҷикистон навхонадорон маъмулан чанд соли аввал дар манзили волидайни шавҳар иқомат мекунанд ва дар ин муддат маъмулан ихтиёри арӯси хонадонро модари шавҳар дар даст мегирад ва сабабҳои ночизе, масалан, бидуни иҷоза рафтани арӯс ба маҳфиле боиси дилсардиву норизоии ҷониби шаҳ ва вайрон кардани оила мегардад.

Омори расмӣ ҳокист, ки аз ҳампошии оила дар Суғд сол то сол рӯ ба афзоиш дорад. Бино ба маълумоти шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар ҳукумати вилояти Суғд, соли 2013 дар ин минтақа 26 ҳазору 345 оила барпо гашта, 3350 ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд ва назар ба соли қабл 185 оила ва ду соли пеш ҳудуди 400 оила бештар аст. Муқаддам Ҳошимова, мудири шӯъбаи сабти мазкур мегӯяд, ҳудуди 70 дар сад зану шавҳароне, ки тавассути ин шуъба аз ҳам ҷудо шудаанд, мегӯяд, бинобар рост наомадани хислати зану шавҳар, сахтгирии шавҳар ва хушунати оилавӣ, ҷанҷолҳои волидайни шавҳар бо арӯс, муҳоҷирати кории дурударози шавҳар ё зан ба зиндагии муштараки худ поён додаанд..

Коршиносон ва таҳлилгарон дар умури оиладорӣ никоҳҳои барвақтӣ, ноомодагии ҷавонон ба хонадорӣ, мушкилоти иҷтимоии рӯзгор ва фарқ дар диду ҷаҳонбинии навхонадоронро низ сабабҳои вайрон шудани оилаи онҳо меноманд. Моҳира Раҳимзода, коршиноси маҳаллӣ дар умури оила мегӯяд: “Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ҷавонони имрӯза дигар ва мустақилтар шудааст. Бисёр навхонадорон як каме озодӣ, ба истилоҳ истиқлоияти оилавӣ мехоҳанд. Мехоҳанд аз канори падару модар ҷудо, дар хонаи худ зиндагӣ кунанд. Ҳарчанд ин ба маъние нест, ки онҳо аз эҳтироми падару модарони якдигар ва хидмати онҳо канораҷӯӣ кунанд. Аммо бисёр хушдоманҳо инро қабул надоранд. Дар фаҳмиши онҳо арӯс касест, ки бояд дар хидмати онҳо бошад ва дар хурдтарин корҳо ҳам аз хати кашидаи онҳо берун по нагузорад. Агар арӯс беиҷозат як қадам гузошт, масалан, ба дидорбинии падару модараш рафт, шӯр барпо ва арӯсро назди фарзанди худ сиёҳ мекунанд. Ба ин сабаб бисёр хонаводаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо мешаванд.”

Мусоҳибам афзуд, шояд, ба ҳамин сабаб ҷавонзаноне, ки зери фишори волидайни шавҳар оилаашон аз ҳам пошидааст, дигар дар ҳаваси зуд барпо кардани оилаи навро аз сар дур меандозанд. Шумораи ин гуна занони танҳо зиёд шудааст, ки ҳама ишқу ҳавасҳои худро ба кору тарбияи фарзандони хурдсоли худ мебахшанд.
XS
SM
MD
LG