Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмонҳои ғайридавлатии Бадахшон хостори тавсиъаи фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, дар ин вилоят шуданд

Дар нишасти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар Хоруғ намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ хостори тавсеаи фаъолияти ташкилотҳои байналмииллалӣ дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) шуданд.

Боймамад Алибахшев, роҳбари Анҷумани соҳибкорони «Миллал-интер» гуфт, дар вилояти Суғд қариб 60 ва дар вилояти Хатлон қариб 40 ташкилоти байналмиллалӣ фаъолият мекунанд, аммо дар ВМКБ ба ғайр аз ташкилоти Оғохон ва GTZ-и Олмон ягон созмони дигари байналмилалӣ ҳузур надорад.
Ӯ мегӯяд: “Воқеъият ҳамин ҳаст, ки дар Бадахшон созмонҳо ғайридавлатӣ бисёр кам тараққӣ мекунанд, зеро дар ин ҷо имкониятҳо бисёр маҳдуданд. Дар ин ҷо ба ғайр аз Бунёди Оғохон ваяк барномаи худрди GTZ дигар ягон созмони байналмилалӣ нест. Аз ин рӯ, созмонҳои ғайридавлатии вилоят барои ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, пайдо кардани гарант ва ҷӯр кардани барномаҳо имконияти зиёд надоранд.Таъсиси намояндагии САҲА дар Хоруғ метавонист барои ҷалби созмонҳои байналмиллаллӣ ба минтақа мусоидат кунад.”




Аммо роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер, ки низ дар ин нишаст ширкат дошт, дар мавриди имкони таъсиси намояндагии дафтари САҲА дар Хоруғ гуфт, ки САҲА омода аст , намояндагиашро дар ин ҷо боз кунад, вале и Дафтарро дар маркази вилоят кушоянд: “Мо пиромуни ин масъала бо вазорати хориҷаи Тоҷикистон доим дар тамосем ва ба ҳамкорӣ омода ҳастем. САҲА омода ҳаст, на фақат ба далели ҳаводиси як сол пеши Хоруғ, балки ба хотири анҷоми барномаҳои муҳиме дар соҳоти тиҷорат , маркази кумакрасонӣ, сайёҳӣ ва иқтисоду рушд, бо мақомоти Бадахшон ҳамкории хубтар дошта бошем. Ва осонтар мебуд, агар командаи мо дар ин ҷо кор мекард.”




Сафири САҲА дар Тоҷикистон гуфт, онҳо мехоҳанд ин мавзӯъро моҳи сентябр зимни мулоқоти намояндаи Украина ба ҳайси раиси давраии САҲА бо раисиҷумҳури Тоҷикистон матраҳ кунанд.

Мақомоти Бадахшон низ қаблан гуфта буданд, ки дар як номаи расмӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба таъсиси намояндагии САҲА дар минтақа мусоидат кунад.

Дар ҳамин ҳол, мушовири президенти Тоҷикистон Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров аз сатҳи ҳамкории созмонҳои ғайридавлатӣ ва давлат дар кишвар изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, бо беҳтар шудани авзоъи иқтисодӣ ва молиявӣ саҳми давлат дар маблағгузорӣ ва иҷрои барномаҳои созмонҳои ғайридавлатӣ бештар хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 3500 ва дар Бадахшон 240 созмони ғайридавлатӣ фаъолият доранд. Ин созмонҳо асосан бо кумакҳои билоивази сандуқҳои байналмилалӣ кор мекунанд.

Созмонҳои ғайридавлатии Бадахшон бо вуҷуди кам будани шумораашон дар рӯзҳои амалиёти низомии як соли пеш дар Хоруғ нишон доданд, ки ниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ метавонанд дар ҷомиа нақши боризе дошта бошанд. Як сол пеш баъди кушта шудани даҳҳо нафар аз ҳарду тараф, оташбас байни нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои худсари мусаллаҳи Хоруғ ва шурӯъи раванди баъдии халъи силоҳ ва афви аъзои гурӯҳҳои худсар пеш аз ҳама бо миёнҷигарии Гурӯҳи 20, ки созмонҳои ғайридавлатӣ таъсис дода буданд, ба даст омад.

Нишасти навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзӯъи «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон » бо дастгирии САҲА дар Хоруғ баргузор шуд. Дар ин нишаст намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва бахшҳои минтақавии аҳзоби сиёсӣ ширкат карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG