Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси нашрия бо бонк


Султан Парманов, сардабири рӯзномаи ноҳиявии "Сарикол"

Султан Парманов, сардабири рӯзномаи ноҳиявии "Сарикол"

Рӯзномаи ноҳиявии «Сарикол»-и Мурғоб ба Додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат карда, хостори баргардондани бинои идораи редаксия аз «Амонатбонк» шуд.

Сардабири рӯзнома Султан Парманов изҳор дошт, ки 15 сол боз рӯзномаро дар манзили шахсиаш омода мекунад ва кормандонаш ба идора ниёз доранд.

Дар ин рӯзнома, ки қаблан танҳо бо забони қирғизӣ нашр мешуд, айни ҳол саҳифаи тоҷикӣ низ таъсис ёфтааст. Аммо чун рӯзнома бино надорад, муаллифони матолиб сардабирро дар кӯча ҷустуҷӯ мекунанд, то онро ба дасташ бисупоранд. Сардабири рӯзнома гуфт: «Мардум дар рӯзнома дар бораи иқтисод, фарҳанги ноҳия, мушкилоти барқ, бекорӣ, муҳоҷират менависанд. Редаксия идора надорад.»

Рӯзнома ҳар моҳ ва бо сифати хуб аввал дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ва айни ҳол дар матбааи Хоруғ чоп мешавад. Оқои Парманов изҳор дошт, аммо бахши ноҳиявии «Амонатбонк» соҳиби бинои нав ва замонавӣ гардид ва кормандони рӯзнома мехоҳанд аз манзили шахсӣ ба бинои як вақтҳо тасарруфшудаи идораашон, ки акнун холӣ шуд, баргарданд.

Аммо ба гуфтаи роҳбари бахши ноҳиявии «Амонатбонк» Тирмичик Қучқоров, бинои рӯзнома тасарруф нашуда, бонк онро харидааст ва акнун бо холӣ шудан метавонад онро аз нав ба редаксия фурӯшад. Вай гуфт, "бинои редаксияро, ки кӯҳна буд, бо нархи 20 ҳазор рубл, вақте бо пули нав ҳисобӣ кардаем, 200 сомонӣ харид кардем."

Вале ба қавли сардабир, акнун бонк бар ивази ин бино пардохти 40 ҳазор сомонӣ талаб мекунад, вале рӯзнома чунин маблағ надорад.

Масъулини бахши ноҳияивии «Амонатбонк» мегӯянд, ки масрафоти нигаҳдории бино аз замони соҳиби он шудан то ба имрӯз на камтар аз 40 ҳазор сомониро ташкил додааст ва онҳо танҳо бо пардохти ин маблағ, бинои холимондаро метавонанд ба мизоҷон фурӯшанд.

Аммо дар ҳоле, ки баррасии баҳс байни рӯзномаи ноҳиявӣ ва «Амонатбонк» бар сари бино ба қазовати суди иқтисодӣ ҳавола шудааст, мақомоти ноҳия мегӯяд, ки талош меварзанд, то бо кӯмаки раёсати марказии «Амонатбонк», биноро ба тавозуни идораи рӯзнома гузаронанд.

Вале то ин вақт чаҳор нафар корманди рӯзнома дар манзили шахсии сардабир чамъ меоянд ва барои нашри навбатии рӯзнома мавод омода мекунанд. Бо ибтикори сардабир ҳамчунин луғати гуфтугӯии тоҷикӣ-қирғизӣ омода ва ба дасти чоп супурда шудаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG