Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

То Душанбе хоҳем рафт! Шикояти 160 соҳибкор аз Панҷакент


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як гурӯҳи занони соҳибкори ноҳияи Панҷакент аз мақомоти Панҷакенту Суғд ноумед шуда, мегӯянд, акнун бо талаби адолат ба Душанбе шикоят хоҳанд бурд.

Ин занони соҳибкор, ки бо сабаби сохтмони шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакент дӯконҳояшонро дар канораи ин роҳ тахриб кардаанд, мегӯянд, аз иқдоми ҳукумати ноҳия дар мавриди додани ҷой барои дӯконҳояшон норозӣ ҳастанд ва хостаанд мақомоти ҳукумати вилоят ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд, аммо аз ҳукумати вилоят ба номаи онҳо посух додаанд, ки бо оғози тарҳи сохтмони шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ маблағ барои кӯчондани хонаҳо ва дӯконҳо ҷудо карда шудааст ва дигар мақомот наметавонад кӯмак кунад.

Мастура Хушвақтова, яке аз занони соҳибкор, ки мегӯяд, соҳиби 9 фарзанд аст, рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дӯконҳои онҳоро барои сохтмони роҳ тахриб намуданд ва дар ивази он дар «Тахтабозор» ҷой додаанд, ки ҳеҷ шароити мусоид надорад ва бар замми ин аз онҳо аз 2500 то 3000 сомонӣ талаб доранд.

«Тайи ду моҳи ахир, ки дӯконҳои моро хароб карданӣ буданд, мо кор карда натавонистем, аз куҷо ду-се ҳазор сомонӣ пайдо кунем? Боз масъулони «Тахтабозор» мегӯянд, ки худатон девор кунед, пӯшед, мо маҷбур шудем ба вилоят мактуб нависем,» - мегӯяд Мастура Хушвақтова.

Абдурасул Сафаров, корманди котиботи ҳукумати ноҳияи Панҷакент рӯзи 9-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки «мақомот ҳама кӯшишро ба харҷ дода истодааст, то масъалаи сокинонеро, ки дар ду тарафи роҳи Панҷакент зиндагӣ доранду бояд ба ҷои дигар кӯчонида шаванд, ҳал кунад.»

Вай гуфт, барои онҳое, ки дӯкон доштанд, дар ҷои дигар, дар назди ҳамин роҳ як саҳни калони бозори тахтаро ҷудо кардаанд, ки метавонанд дӯконҳои худро ташкил дода, ба фаъолияти худ идома диҳанд. Вай афзуд, барои онҳое, ки манзили зисташон тахриб мешавад, ҳукумати ноҳия дар як гӯшаи шаҳри Панҷакент 4-сотихӣ замин ҷудо кардааст.

Аммо сокинони норозӣ мегӯянд, ки манзили зисти онҳо бузургтар буду 4- сотихӣ барои онҳо кифоя намекунад, чунки хонаводаҳояшон серфарзанд аст. Ин сокинони Панҷакент барои ҳалли мушкили манзили зисташон ба мақомоти вилоят мактуб кардаанд, аммо мақомоти вилоят посух додаанд, ки дигар имкони кӯмак кардан нест.

Зарина Шодиева, як зани соҳибкор мегӯяд, соҳибони дӯконҳо, ки аксарашон занонанд, беш аз 160 нафаранд. Ӯ мегӯяд, вақте мақомоти Панҷакент ба доди онҳо нарасид, ба мақомоти вилояти Суғд расман шикоят бурданд. Вале аз Хуҷанд ҳам ба онҳо посух додаанд, ки бо оғози кори сохтмони шоҳроҳи Панҷакент- Айнӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда шудааст ва дигар давлат наметавонад ба онҳо аз ин бештар кӯмак кунад. Аммо Зарина Шодиева мегӯяд, онҳо акнун тасмим доранд ба Душанбе шикоят баранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG