Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 АКС: Шарҳи расмии говдуздии ду афсар


Афсарҳои боздоштшуда ҳангоми нишон додани маҳалҳои говдуздиашон дар роҳи Данғара - Сарбанд. Акс аз парвандаи ҷиноӣ.
Афсарҳои боздоштшуда ҳангоми нишон додани маҳалҳои говдуздиашон дар роҳи Данғара - Сарбанд. Акс аз парвандаи ҷиноӣ.

Шарҳи расмии додгоҳи гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон дар мавриди ҳукми афсарони собиқи мақомоти қудратии Тоҷикистон, ки дар дуздии говҳои мардум дар ин вилоят айбдор дониста мешуданд.

Тоҳир Искандарзода, раиси Додгоҳи гарнизони вилояти Хатлон рӯзи 25 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки азбаски қазияи ба говдуздӣ айбдор шудани ду афсари мақомоти интизомии Тоҷикистон ва танҳо бо пардохти ҷарима раҳо ёфтани онҳо дар матбуот ба таври мухталиф мунъакис шуд, ӯ мехоҳад, ба таври расмӣ ҳукмашро дар мавриди ин парванда шарҳ диҳад.

Тоҳир Искандарзода гуфт, афсари собиқи Горди миллӣ, лейтенанти хурд Раҷабалӣ Маҳмудов, ки дар “Қасри миллат” – қароргоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - ба ҳайси посбон кор мекард, ва корманди собиқи идораи сӯхторнишонии ноҳияи Шӯрообод Маҳмадзоҳир Давлатовро барои онки ба гуноҳи худ иқрор карда, зарари ба мардумро расондаашонро барқарор карданд, ба андозаи 250 нишондиҳанда, яъне 10 000 сомонӣ ҷарима баста, аз толори додгоҳ озод карданд.

Тоҳир Искандарзода ҳамчунин гуфт, ки ин ду афсар ба мақомоти амниятии Тоҷикистон рабт надоранд.

Акс аз парвандаи ҷиноӣ
Акс аз парвандаи ҷиноӣ

Ҳукми ин ду афсар рӯзи 22 сентябр эълон шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Раҷабалӣ Маҳмудов 4 сол ва барои Маҳмадзоҳир Давлатов 3 солу 7 моҳи маҳрумият аз озодӣ талаб карда буд. Ҳардуи онҳо бар асоси қисми аввали моддаи 244 -уми Кодекси ҷиноӣ, яъне “дуздӣ ва расонидани зарари моддӣ” айбдор дониста мешуданд.

Тоҳир Искандарзода , раиси додгоҳи гарнизони вилояти Хатлон аммо гуфт, азбаски онҳо аз карда пушаймон буданд ва товони чорвои дуздидаашонро пардохтанд, нисбат ба ин ду нафари муттаҳам ба говдуздӣ танҳо аз ҷазои молӣ, яъне ҷарима кор гирифта шуд ва ҳардуро аз толори додгоҳ ҷавоб доданд.

Ин ду афсар дар дуздидани шумори зиёди говҳои мардум дар роҳи мошингарди Данғара - Сарбанди вилояти Хатлон айбдор мешуданд. Гуфта мешавад, Раҷабалӣ Маҳмудов ҳамроҳи Маҳмадзоҳир Давлатов бо қассобхонаҳои шаҳри Кӯлоб забон як карда, говҳои дуздиро кушта, гӯшти онҳоро ба фурӯш мегузоштаанд.

Акс аз парвандаи ҷиноӣ
Акс аз парвандаи ҷиноӣ

Додгоҳ дар натиҷаи пурсиш ва рӯбарӯкунии шоҳидон ва ҷабридаҳо 4 гови сокинони ноҳияи Сарбандро зинда ба соҳибонашон баргардонида ва пули гови 10 ҷабрдидаи дигарро ба маблағи аз 1500 то 5 ҳазор сомонӣ аз дуздон рӯёндааст. Гуфта мешавад, Раҷабалӣ Маҳмудов дар “Қасри Миллат” ба ҳайси посбон ду рӯз дар миён кор мекард ва дар ин ду рӯзи истироҳаташ говдуздиро дар роҳи Данғара - Сарбанд ба як “хобби” ё машғулияти дигари худ табдил додааст.

Зуҳурбек Шарифов - вакили ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар, ки ду гови ӯро ҳам рабудаанд ва дар ин парванда ҳамчун шоҳид ширкат дошт, дар рузи содир шудани ҳукми додгоҳ бо норозигӣ гуфт, ки ин ду корманди собиқи мақомоти интизомӣ тақрибан тайи як сол ба ҷои таъмини амнияти мардум гову моли даҳҳо сокинони навоҳии вилояти Хатлонро рабудаанд ва бояд ҷазои, ба таъбири оқои Шарифов, “сазовортар” бигиранд.

Тоҳир Искандарзода, раиси додгоҳи низомии Хатлон
Тоҳир Искандарзода, раиси додгоҳи низомии Хатлон

Дар Тоҷикистон, ки нархи гӯшт ва ба ин тартиб, нархи чорво дар солҳои охир башиддат боло рафта ва қимати як гов метавонад ҳатто ба чанд ҳазор доллар бирасад, говдуздӣ як ҷинояти роиҷ шудааст. Аммо омори дақиқе, ки оё ҳар сол дар кишвар чанд мавриди дуздии гову гӯсфанд ва анвоъи дигари чорво сабт мешавад, вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG